logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳои
воридшуда Парвиз САЙИДАЛИЗОДА,
судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, ҷавоб мегӯяд

- Ман ва ҳамсарам ба чунин хулоса омадем, ки тифлакеро аз хонаи кӯдакон гирифта, ба фарзандӣ қабул намоем. Вале, мо намедонем, ки барои фарзандхондро ба расмият даровардан чӣ ҳуҷҷат лозим аст. Хоҳиш менамоем, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозед.
 Шаҳло АШӮРОВА,
сокини шаҳри Душанбе

- Тибқи талаботи кодексҳои оила ва мурофиавии гражданӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахсон метавонанд, ки бо ариза ба суди маҳалли истиқомати худ ё ба суди маҳалли зисти кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда, муроҷиат намоянд.
 То аризаи фарзандхониро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зисти шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакро дорад, ҳаматарафа санҷида, хулосаашонро дар хусуси имконияти фарзандхонӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Дар натиҷаи баррасии ариза, агар ҳолатҳои манфӣ ба манфиати кӯдак ошкор нагарданд, аризаи шаҳрванд дар бораи ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдак қонеъ ва дар ин хусус санади судӣ қабул мегардад.
Ҳалномаи судӣ ҳуҷҷати ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдак ба ҳисоб рафта, дар асоси он ба номи кӯдак шаҳодатномаи дахлдор аз тарафи бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.


- Дар корхонаи хишт хиштрез шуда кор мекунам. Чор моҳ боз маошамро нагирифтаам. Мувофиқи қонун чӣ кор бояд кунам, ба кадом идора муроҷиат намоям?
Рустам ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сокини ноҳияи Бохтар

- Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки муносибатҳои меҳнатиро байни корфармо ва корманд Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Тибқи талаботи қонунгузории меҳнат корфармо уҳдадор аст, ки ҳар ниммоҳа камтар аз як маротиба музди меҳнатро пардохт намояд.
Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохта шавад, ӯ вазифадор аст ба  андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи илова диҳад.
Корфармое, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат гунаҳкор аст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида  мешавад. Корманд метавонад, ки дар хусуси рӯёндани музди меҳнат  ба суд муроҷиат намояд ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ӯ аз пардохти боҷи давлатӣ озод аст.


- Ман ба рафиқам ба миқдори 5000 доллари ИМА бо 10 фоизи моҳона қарз додам. Қарзи додаи маро забонхати рафиқам тасдиқ мекунад. Оё ман метавонам дар асоси забонхат барои баргардондани қарз ба суд муроҷиат намоям?
ТОҲИР РАҶАБОВ,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ

- Бале, метавонед. Зеро забонхат дар бораи гирифтани қарз як намуди аҳд ба ҳисоб рафта, муносибати ҳуқуқии қарздиҳандаву қарзгирандаро муайян мекунад ва ба он ҳамчун далел дар муҳокимаи судӣ баҳо дода мешавад.
Ҳангоми дар бораи рӯёндани қарз ба суд муроҷиат намудан, ҳатман бо риояи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мутаносибии асъори хориҷӣ ба асъори миллӣ бо назардошти қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар аризаи даъвоӣ нишон дода шавад. Андозаи боҷи давлатие, ки барои баррасии аризаи даъвоӣ муқаррар шудааст, бо назардошти асъори миллӣ муайян карда мешавад.


- Мо панҷ бародар меросхӯри падар ҳастем. Аммо яке аз бародаронамон бе розигии дигарон мероси падарро пинҳонӣ қабул кардааст. Оё мо ҳиссаи мероси падарамонро талаб карда метавонем ?
Илҳом ҚУРБОНОВ,
сокини ноҳияи Ёвон

- Дар қисми 3 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон фасли алоҳида оид ба ҳуқуқи мерос муқаррар карда шудааст ва қонунгузории гражданӣ қабули меросро бо ду тартиб муайян менамояд:
1. Қабули мерос дар асоси васиятнома
2. Қабули мерос мутобиқи қонун
Агар меросгузор ба яке аз бародарон ба молу мулки меросӣ васиятнома надода бошад, дар он сурат мероси падарӣ бо тартиби қабули мерос аз рӯи қонун қабул карда мешавад. Тибқи талаботи моддаи 1166 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳиссаи баробар фарзандони меросгузор метавонанд мероси падарашонро қабул намоянд.
Дар сурати ҷой доштани баҳс байни меросхӯрон онҳо бо аризаи даъвоӣ дар бораи тақсим намудани молу мулки меросӣ ба суд муроҷиат карда метавонанд.


- Ман соли 2012 бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудам ва бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», соли 2014, ба озодӣ баромадам. Бо татбиқи қонуни авф доғи судии ман бардошта мешавад?
 Ҷалол ТОҶИБОЕВ,
сокини шаҳри Душанбе

- Мувофиқи талаботи қисми 2, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», аз 29 октябри соли 2014, таҳти № 1130 татбиқи қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
Дар моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое муқаррар шудааст, ки дар кадом маврид шахс доғи судӣ  надошта ҳисоб мешавад ва доғи судӣ дар кадом муҳлат барҳам мехӯрад.
Муҳлати барҳамхӯрии доғи судӣ аз вазнинии содиршавии ҷиноят вобаста аст.

  
- Бо автомошини тамғаи «Хундай Старекс» ба мусофиркашонӣ машғул мебошам, аммо иҷозатнома надорам. Кормандони Хадамоти назорати нақлиётӣ  барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шуданам, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳуҷҷати ронандагиамро бо протокол ба суд равон намуданд.
Мехостам фаҳмам, ки барои бе иҷозатнома фаъолият намудан қонун чӣ гуна ҷазо пешбинӣ намудааст?
Саидҷон АҲМАДОВ,
сокини ноҳияи Варзоб

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки аз соли 2004 амал мекунад, барои машғул шудан ба фаъолияти мусофиркашонӣ доштани иҷозатномаро муқаррар намудааст.
Дар моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, ҷазоҳои зерин муқаррар карда шудааст:
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъйин карда мешавад.
 

- Соли 2010 ба шавҳар баромадам. Аз зиндагии якҷоя соҳиби 2 фарзанд шудем. Ақди никоҳи расмӣ надоштем. Ӯ соли 2014 вафот кард. Айни замон фарзандонам шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва ман мехоҳам, ки бо номи марҳум шавҳарам ба фарзандонам шаҳодатномаи таваллуд гирам. Ин корро чӣ тавр анҷом диҳам?
Маҳина САИДОВА,
сокини ноҳияи Панҷ
 
- Шумо ба суди маҳалли зистатон муроҷиат намоед. Зеро дар моддаи 51 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад.  
Ҳамчун далел дар муҳокимаи судӣ нишондоди падару модар ё  ин ки бародарони марҳум дар хусуси падари кӯдакон будани шахси вафоткарда, дар баробари дигар далелҳо ба инобат гирифта мешавад.


- Ба идораи нотариалии давлатӣ барои барасмиятдарории шартномаи харидуфурӯши бино муроҷиат намудам. Аз тарафи нотариуси давлатӣ дар хусуси муроҷиати ман қарор дар бораи рад намудани анҷом додани амалиёти нотариалӣ қабул шуд. Ман чӣ тавр метавонам, ки ҳуқуқҳоямро ҳифз намоям?
Фирӯз ШАРИФОВ,
сокини ноҳияи Шаҳринав

- Тавре дар моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» муқаррар шудааст, шахси манфиатдоре, ки амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ё рад шудани баҷооварии амалиёти нотариалиро нодуруст меҳисобад, ҳуқуқ дорад ба суди маҳалли ҷойгиршавии идораи нотариалии давлатӣ шикоят намояд.
Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадаанд ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд.


- Ҳамсарам ба суд бо даъво дар бораи бекор намудани ақди никоҳ муроҷиат намудааст. Ман намехоҳам, ки ақди никоҳи мо бекор карда шавад. Дар суд имконияти ба созиш омадани мо вуҷуд дорад?
Насиба ҚУРБОНОВА,
сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Дар асоси талаботи қисми 1, моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар суд барои оштӣ додани онҳо тадбир меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар то шаш моҳ муҳлат диҳад.
Инчунин, дар муҳокимаи судӣ судя бо риояи принсипҳои мурофиавӣ кӯшиш менамояд, ки то ҳади имкон ихтилофи оилавӣ барҳам хӯрад.

Шуъбаи ҳуқуқи
 рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2015    №: 90    Мутолиа карданд: 1046

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед