logo

маориф

ҲАМОИШИ ДАСТОВАРДҲО

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронси даҳуми солонаи илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар тибби амалӣ» баргузор гардид.
Убайдулло Қурбон, ректори донишгоҳ, зимни ифтитоҳи конфронс иброз дошт, ки мақсади ҳамоиш тарбияи мутахассисони баландтаҷрибаи соҳаи тиб, рушди илм, табодули таҷриба ва робитаи босамар байни олимон ва донишҷӯён дар заминаи омӯзишу таҳлили таҷриба ва дастовардҳои ҳамдигар мебошад. Баргузории чунин ҳамоишҳо имкон медиҳад, ки онҳо машғули корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ бошанд.
Саломиддин Юсуфов, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтии сиёсати кадрӣ ва илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зикр кард, ки ҳамасола гузарондани конфронси илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён ба ҳукми анъана даромадааст. Ин гувоҳи он аст, ки дар донишгоҳи мазкур як мактаби илмӣ фаъолият дорад. Боиси хушбахтист, ки тандурустии амалияи кишвар ба ҳамин мактаби илмӣ такя мекунад ва дастовардҳои илми тибби тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Назар ба гуфтаи мавсуф, чанде қабл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намудани Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ректори вақти донишгоҳи мазкур, шодравон академик Исҳоқӣ, гувоҳи арҷгузорӣ ба хидматҳои ин олими шинохта дар соҳаи тиб мебошад.
Александр Гулин, мудири кафедраи тиббӣ ва биологияи Донишгоҳи давлатии педагогии Липетскийи Федератсияи Русия, ки худ зодаи Тоҷикистон ва хатмкардаи ДДТТ аст, иброз дошт, ки донишгоҳ аз лиҳози дастовардҳои илмӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи панҷум буд, зеро корҳои илмӣ - тадқиқотии олимон дар тамоми мамлакат, ҳатто дар хориҷа татбиқ мегардид ва хушбахтона, ин анъана то имрӯз идома дорад. Мавсуф зикр кард, ки чанде қабл бо даъвати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Куба сафари хидматӣ дошт. Зимни баррасии проблемаҳои илмӣ огоҳ гардид, ки Тоҷикистон дар даҳгонаи аввали Ассосиатсияи кишварҳои Амрикои Лотинӣ оид ба комёбиҳо дар соҳаи тандурустӣ, хоса ҷарроҳии рагҳо ва плостикӣ ҷой дорад.
- Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар қораи Амрикои Лотинӣ дар яке аз ҷойҳои намоён қарор дорад,- иброз дошт Александр Гулин.
Сипас ӯ ба Убайдулло Қурбон дипломи профессори фахрии Донишгоҳи давлатии педагогии Липетскийро ботантана супурд.
Дар ҷаласа Абдуманнон Саидов, мудири кафедраи ҷомеашиносии донишгоҳ, оид ба паёмадҳои иҷтимоии издивоҷи хешутаборӣ ва Фаридун Норов, корманди Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо дар бораи истифодаи технологияи муосир ҳангоми нуқсони септикии пӯшидаи дил ва шоҳраг суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз олимону мутахассисони варзидаи донишгоҳ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси ҷаҳонӣ бо пешниҳоди корҳои илмиву амалии хеш маъруф гардидаанд. Таърихи 75 - солаи донишгоҳро метавон ба се 25 - сола тақсим намуд, ки ҳар кадом бо дастоварду муваффақиятҳои намоён дар рушду пешрафти ин мактаби тиббӣ саҳми босазо дорад. Хусусан дар давраи охир, ки ба солҳои соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва марҳалаи эҳё ва рушду нумӯъ дониста мешавад, аз ҷониби олимони донишгоҳ кашфи 198 ихтироъ, 990 пешниҳоди навоварӣ, нашри 107 монография, таҳияи беш аз 17 ҳазор мақола, ҳимояи 57 рисолаи докторӣ ва 385 номзадӣ сурат гирифтааст.
Қобили тазаккур аст, ки маҷмӯаи маводи конфронс 670 матлаби фишурдаро фаро мегирад, ки аз рӯи 8 самти муҳими илми тиб, аз ҷумла терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ, тиббӣ - назариявӣ, стоматология гурӯҳбандӣ шуда, дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба сифати баланд ба нашр расидааст. Дар кори конфронс 250 маърӯзаи илмӣ шунида шуд. Ҳамчунин олимону донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ бо маърӯзаҳои илмӣ  баромад карданд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2015    №: 91-92    Мутолиа карданд: 1048
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед