logo

ҳуқуқ

ИТТИҲОДРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон 25 апрел Анҷумани 1 - уми Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИС ҶТ) баргузор гардид. Дар анҷуман 104 вакил аз шаҳру навоҳии мамлакат, инчунин намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотро тайи солҳои  2009 - 2015 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Бино ба гузориши ӯ, Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташкилоти ҷамъиятии собиқадорон дар Вазорати адлияи кишвар 3 декабри соли 2009 бо иқдоми Гурӯҳи ташаббускори собиқадорони ҷанги Афғонистон таъсис ёфта, бобати ҳимояи ҳуқуқ ва вазифаҳои интернатсионалистон корҳои муайянро  анҷом додааст.
Иттиҳод дар ин давра ҳамкориро бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, пойгоҳи низомии 201 - и Федератсияи Русия ва сафоратҳои Русияву Қазоқистон дар Тоҷикистон васеъ ба роҳ мондааст. Дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои глобалӣ, назири терроризм, экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ифротгароии динию иртиҷоӣ таҳдид мекунанд, Иттиҳод дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар баробари пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб, бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи аъзоёнаш, баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, саҳми боз ҳам бештар дошта бошад. Фаъолияти Иттиҳод ва намояндагиҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар дар асоси ғояҳои интернатсионалистӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ амалӣ гардида, чорабиниҳои тарҳрезишуда бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кормандон ва хизматчиёни вазорату идора, корхонаю ташкилот, муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронда мешаванд.
Шавкат Мирзоев тазаккур дод, ки интернатсионалистон дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар меҳвари фаъолият қарор дода, ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз медоранд ва барои амалӣ сохтани нақшаҳои наҷибу созанда дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саъю талош хоҳанд кард. Бино ба иттилои ӯ, имрӯз Иттиҳод намояндагиҳои худро дар 20 шаҳру ноҳия таъсис дода, теъдоди аъзоёнаш зиёда аз 4,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 нафар интернатсионалист 7 майи соли 2010 дар Паради ҳарбӣ саф ороста, аз назди оташи ҷовидони Боғи Ғалаба гузашт намуданд. Чунин иқдом дар ҷашни 20 - солагии Артиши миллӣ, 23 феврали соли 2013, бо ҷалби зиёда аз 150 интернатсионалист дар гузашти Паради ҳарбӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе амалӣ гашт. Ҳамчунин бо дастгирии сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 26 майи соли 2014 интернатсионалистони собиқадори шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Муъминобод 73 нафар дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 20 - солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо медали ҷашнии «20 - солагии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ»  сарфароз гардонда шуданд.
Дар баррасии суханронии Шавкат Мирзоев раиси намояндагии Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа                      С. Давлатов, минтақаи Кӯлоб С. Исмоилов, ноҳияҳои Қумсангир А. Моисеев ва Восеъ Қ. Ғаниев иштирок карданд. Онҳо вакилонро бо натиҷаҳои фаъолияти намояндагиҳо дар минтақаҳо ва ноҳияҳо шинос намуда, саҳми босазои фаъолони Иттиҳодро дар ободонии маҳалҳо, расондани ёрӣ ба оилаҳои интернатсионалистон, мулоқоту вохӯриҳо бо хонандагони макотиб, гузарондани чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба хидмати Ватан зикр сохтанд. Аксари онҳо аз ҳамкориҳои муфиди мақомоти маҳаллӣ бо намояндагиҳои Иттиҳод изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вале маълум гардид, ки дар баъзе мавридҳо мақомоти маҳаллӣ нисбат ба интернатсионалистон хунукназарона рафтор мекунанд.
Дар ҳамоиш барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Иттиҳод  пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд. Аз ҷумла, муовини раиси намояндагии ИИС  ҶТ дар ноҳияи Бохтар Г. Сафаров пешниҳод намуд: дар мактабҳое, ки дастпарварони онҳо ҷанговарони интернатсионалист мебошанд, гӯшаҳои махсус ташкил карда шаванд. Ба назари ӯ, ин ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад. Ба таъкиди Г. Сафаров барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии интернатсионалистон дар дармонгоҳҳо табобати бепул ба роҳ монда шавад, додани қарзҳои бефоиз дар бонкҳо ҷорӣ гардад. М. Қодиров, муовини раиси намояндагии ИИС ҶТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, иброз дошт, ки барои кор бо оилаҳои интернатсионалистони фавтида ва ободонии қабрҳои онҳо аз буҷети маҳаллӣ ва шахсони баландҳиммати ноҳия маблағ ҷудо карда шавад. Мирзо Шукурзода, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки роҷеъ ба ҷанговарони интернатсионалист Китоби хотира таҳия ва нашр гардад, Иттиҳод идораи худро дошта бошад ва барои омӯхтани таҷрибаи фаъолияти иттиҳодҳои интернатсионалистон дар кишварҳои ИДМ имконияти сафарҳои хидмативу омӯзишӣ барои фаъолони Иттиҳод муҳайё гардад. Азим Байзоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз пешниҳоди М. Шукурзода таъкид намуд, ки таҳияи Китоби хотира кори муҳим, аммо хеле душвор аст. Ӯ барои расидан ба ин ҳадаф ташкили базаи маълумоти муфассалро дар шакли электронӣ роҷеъ ба ҳамаи интернатсионалистони кишвар, таъсиси сайти махсуси Иттиҳод ва таъмини дастрасии онро барои иттиҳодҳои кишварҳои собиқи  шӯравӣ пешниҳод намуд. Ба андешаи ӯ, ин корро, пеш аз ҳама, аз гирдоварии маълумот оид ба қурбониён ва фавтидагон оғоз намудан лозим аст. Дар оянда, дар асоси маълумоти бадастомада таҳияи китобҳои хотира ва энсиклопедияҳои тахассусӣ низ имконпазир хоҳад гашт.
Аксари вакилон пешниҳодҳои раиси Иттиҳод Шавкат Мирзоевро дар мавриди муттаҳид намудани созмонҳои гуногуни интернатсионалистони ҷумҳурӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо”, Рӯзи иди касбӣ эълон кардани 15 феврал (рӯзи баромадани ҷузъу томҳои маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон) ҷонибдорӣ намуданд. Барои ҳалли масъалаи аз ҳама муҳим – муттаҳид намудани ҳамаи созмонҳои интернатсионалистони ҷумҳурӣ рӯзноманигори шинохта, узви Иттиҳод Ҷовид Муқим пешниҳод намуд, ки Ассосиатсияи интернатсионалистони собиқадор таъсис дода шавад.
Вакилони Анҷуман ҳамчунин се муроҷиатнома - ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташкилотҳои интернатсионалистии кишварҳои узви ИДМ қабул намуданд. Дар Муроҷиатномаи иштирокчиёни Анҷумани якуми Иттиҳоди интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, ки Иттиҳод, пеш аз ҳама, вазифаи асосии худро дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» мебинад.  Мусоидату ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои давлатию  ҷамъиятӣ, дар зеҳни ҷавонону наврасон бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва маънавиёти суннатии тоҷикон, бо такя ба волотарин дастовардҳои фарҳанги ҷаҳониён, омодагии ҳамешагӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, меҳнати софдилонаю содиқона барои шукуфоии он аз ҳадафҳои асосии ташкилот ба ҳисоб меравад.
Иттиҳод баҳри ваҳдату ягонагии интернатсионалистон саъю кӯшиш намуда, тибқи имконот ҷиҳати дастгирии оилаҳои ҳалокшудагон, маҷрӯҳон ва ниёзмандон ёрии моддӣ расонад ҳам, бе дастгирии моддию маънавии Ҳукумати мамлакат, ки Иттиҳод воқеан ба он ниёз дорад, наметавон мушкилоти ҷойдоштаро бартараф кард. Аз ин лиҳоз, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» бо дар назар гирифтани пешниҳодҳои Иттиҳод (Муроҷиатнома - мактуби кушода аз 06.04.2012  № 135) тағйиру иловаҳо ворид намуда, ба порлумон пешниҳод намояд.
 Бовар дорем, ки аъзои Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯҳбаланд гашта, дар чорабинию маъракаҳои сиёсиву фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ ва ободонии диёри арҷмандамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти боз ҳам бештар хоҳанд кард.
Дар Анҷуман бо овоздиҳии кушода Шавкат Мирзоев аз нав раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2015    №: 91-92    Мутолиа карданд: 548

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед