logo

ҳуқуқ

ОЗОДИИ СУХАН - ПОЯИ БУНЁДИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 3 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Озодии баёни андеша аз пояҳои асосии ҷомеаи демократӣ маҳсуб ёфта, дар моддаи 19 – и Эъломияи ҳуқуқи башар ҳамчун як бахши бунёдии ҳуқуқи инсон таъкид гардидааст. Озодии баён ва матбуот барои таъмини озодиҳои дигари инсон роҳ мекушояд ва шароит муҳайё мекунад.
Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 ин санаро  Рӯзи байналмилалии озодии матбуот эълом дошт. Ҳадаф аз ин иқдом қабл аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба нуктаҳои асосии ҳуқуқи инсон ва ёдоварӣ аз кормандони касбии воситаҳои ахбори омма аст, ки ҳангоми адои бошарафонаи вазифаи ҳирфаӣ ба ҳалокат расидаанд. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи озодии матбуот созмони байналмилалии Кумитаи ҳифзи журналистон робитаи байни матбуот ва ҳукуматро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашад, ба сарони давлатҳо бо номаҳо муроҷиат намуда, мушкилоти журналистон ва матбуотро ёдрас месозад.
Тақдими Ҷоизаи байналмилалии ЮНЕСКО ба номи Гилйермо Кано барои ҳиссагузорӣ дар фаъолияти матбуоти озод ба журналистони беҳтарини ҷаҳон дар остонаи ҷашни Рӯзи байналмилалии озодии матбуот як нишони арҷгузории ҷомеаи байналмилалӣ ба заҳмати сангини журналистон аст. Соли 1986 журналист Гилйермо Кано ҳангоми адои қарзи ҳирфаии худ аз ҷониби нашъаҷаллобони Колумбия ба ҳалокат расид ва ҷоизаи байналмилалӣ номи ин журналисти бебоку оташинсуханро гирифт. Ҷоиза чун анъана ба журналистони алоҳида, созмон ё муассисае, ки барои ҳимояи озодии сухан ва матбуот, бавижа дар шароити ногувори иртиҷоӣ ва хавфу хатар нақши муҳим гузоштаанд, тақдим мегардад. Маросими имсолаи тақдими ин ҷоиза дар шаҳри Рига гузашт. Ба ҷоизаи байналмилалӣ журналисти зиндонии Сурия Мазен Дарвешро сазовор донистанд.
 Созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, давлатӣ ва иттиҳодияҳои журналистӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорон ба мушкилоти васоити ахбори омма ва кормандони соҳа конфронсу ҳамоиш, маҳфилу маъракаҳои гуногун доир менамоянд. Чун анъана имсол ҳам ба ифтихори ҷашни байналмилалӣ Паёми табрикии Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, садо дод. ЮНЕСКО давлатҳои аъзои созмонро ба мусоидат ҷиҳати озодии  сухан, табодули дониш ва ҳамгироӣ даъват мекунад, бавижа журналистонеро, ки дар кишварҳо ва минтақаҳои даргир фаъолият доранд, пуштибонӣ менамояд. Дар таҳияи Нақшаи амали СММ оид ба таъмини амнияти журналистон, ки аз иқдомҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи амнияти журналистон аст, ЮНЕСКО нақши муҳим дорад. Имрӯз татбиқи  Нақшаи амал бахши муҳими фаъолияти Маҷмаи умумии СММ, Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалист. Ҳадаф аз ин нақша мусоидат дар барқарорсозии  демократия ва рушди босуботи воситаҳои мустақилу озоди ахбори омма мебошад. Барномаи байналмилалии рушди коммуникатсия, ки Нақшаи амал дар доираи он сохта шудааст, беш аз 1700 барномаи рушди ВАО – ро дар 140 кишвар дастгирӣ кардааст. «Вақте амнияти журналистон ҳангоми фаъолият таъмин аст, вақте худсариҳои беҷазомонда аз беху бун барканда мешаванд, вақте ВАО озоду мустақиланд, журналистика рушд меёбад», мутмаин аст мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова.
Созмони байналмилалии «Журналистони бидуни марз»  барои муайян кардани «Индекси ҷаҳонии озодии матбуот» аз соли 2001 инҷониб тадқиқоти солона гузаронда, мавқеи ҳар кишварро оид ба вазъи озодии баён баҳогузорӣ мекунад. Индекс дараҷаи озодии журналистон ва созмону муассисаҳои иттилоотии кишварҳо, талоши ҳукуматдорон ҷиҳати эҳтироми озодии баён, қонуншиканӣ дар мавриди муносибат бо журналист, таҳдиду фишор ба онҳо, таъқиб, сензура, бастан, вобастагии молиявӣ ё сиёсӣ, вазъи ҳуқуқии нашрияҳо, дастрасӣ ба интернет - дар маҷмӯъ 43 ҷиҳати марбут ба матбуот ва журналистро фаро мегирад.
Аъзои созмон якҷо бо шабакаи журналистии созмонҳои байналмилалӣ, кормандони ВАО – и мустақили давлатҳо, ҳуқуқдонҳо, коршиносони бахшҳои иҷтимоӣ, ходимони ҷамъиятӣ ба кишварҳо аз сифр (нишондоди беҳтарин, яъне мавҷуд набудани ягон маҳдудият ё монеа барои кори ВАО) сар карда баҳо мегузоранд ва рейтинги ҳар давлатро муайян менамоянд. Чанд сол боз пайи ҳам Финландия (ҳамчунин Норвегия, Дания, Ҳолланд, Шветсия) дар садри ин феҳраст қарор дорад. Дар байни 180 давлат, ки имсол (2014 – 2015) мавриди тадқиқот қарор гирифт, Тоҷикистон 116 – ум аст. Дар зинаҳои охирини феҳраст Эритрея (180 – ум), Кореяи Шимолӣ (179), Туркманистон (178), Сурия (177) ва давлати бузурги Чин (176) қарор доранд. Мавқеи Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошӯравӣ аз Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, дар миқёси ҷаҳонӣ аз 64 давлат назири Македония, Туркия, Ҳиндустон, АМА, Таиланд, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Сингапур, Баҳрайн, Покистон, Афғонистон, Эрон, Мексика, Ветнам, Чин… болост. Дар ҳамин ҳол вазъи матбуот дар Тоҷикистон аз нигоҳи «Журналистони бидуни марз» хушҳолкунанда нест. Воқеан, дар «Индекси ҷаҳонии озодии матбуот – 2014» низ Тоҷикистон аз кишварҳои пасошӯравӣ нисбат ба Қазоқистон, Украина, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон натиҷаи беҳтар дошт, ҳарчанд ин натиҷа низ мояи нигаронист.
 Сарқонун (Конститутсия) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи матбуот ва васоити дигари ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радио», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва муаллифӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи реклама», кодексҳои ҷиноятию граждании мамлакат, ҳамчунин Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқҳои озодиҳои асосии инсон», «Санади байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Санади байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки дар заминаи «Эъломияи  ҳуқуқи башар» (1948) қабул шудаанд ва дигар санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пойгоҳи ҳуқуқии озодии матбуотро дар Тоҷикистон ташкил ва озодии баёни андеша ва афкорро кафолат медиҳанд.
«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст», омадааст дар моддаи 30 - и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зери мафҳуми «ҳар кас», чуноне дар Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нашриёти «Шарқи озод», с. 2009) дарҷ гардидааст, инсон, қатъи назар аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ, миллӣ ва вазъи иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.
Сол то сол шумораи рӯзномаю маҷалла, радиою телевизион ва нашрияҳои мустақил меафзояд, журналистон ҷасурона масъалаҳои доғи   сиёсӣ ва иҷтимоӣ, беадолатии ҳокимон, бетафовутии роҳбарони бесалоҳият ва дардҳои дигари ҷомеаро манзури ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматдорон менамоянд. Дар аксар мавридҳо масъалаҳое, ки журналистон ба баррасии ҷомеа ва роҳбарон пешниҳод месозанд, боиси қабули қонуну санадҳои зурурӣ мешаванд. ВАО-и Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва ақаллиятҳои миллии мамлакат роҳандозӣ мекунанд, давлат ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба гирифтани иттилоот таъмин менамояд. Идораҳои рӯзномаю маҷалла ва дигар нашрияҳо дар асоси оиннома фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ мебаранд. Дар Тоҷикистон шумораи зиёди ҳафтаномаю маҷалла ва нашриёти дигар ба табъ мерасад ва теъдоди онҳо пайваста дар афзоиш аст. Телевизиони Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷаллаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ («Навруста») ҳамагӣ чанд рӯз пеш манзури тамошобинону хонандагон гардидаанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутмаин аст, ки «бунёди ҷомеаи демократӣ бе озодии сухан ва озодии матбуот имконнопазир аст, зеро фаъолияти озодонаи ВАО яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократист».
 Матбуоти тоҷик дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷа дорад, зеро тақозои аҳли ҷомеа барои таъмини ниёзҳои иҷтимоӣ, рӯҳӣ, сиёсӣ ва мавзӯӣ маҳз аз матбуот ғизо мегирад. Дар мизи мудаввари «Ҳамгироии милитсия ва ҷомеа», ки чанде пеш баргузор шуд, журналистон аз роҳбарони вазорат ҷиҳати ба даст овардани боварии мардум шаффофияти бештарро тавсия доданд. Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, мардум ҳақ дорад донад, ки кормандони ВКД ба чӣ кор машғуланд. Журналистон аз монеаҳои сунъие, ки кормандони вазорат зимни гирифтани иттилоот дар назди ВАО мегузоранд, изҳори нигаронӣ карданд.
Мушкилоти дастрасӣ ба дарёфти иттилоот ва поймоли ҳуқуқи журналистон, хатар дар соҳаи озодии матбуот, вазъи матбуоти мустақил, дурнамои фаъолият, таҳлили роҳи тайшуда, баррасии мушкилоти дигари мавҷуда ва омодагӣ ба иҷрои нақшаҳои нав мавзӯъҳои асосие буданд, ки 2 май дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот мавриди гуфтугузори журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор ёфтанд. Дар доираи конфронс намоиши маҳсули эҷоди журналисту суратгири варзида шодравон Муҳиддин Олимпур доир гардид. Конфронс бо ибтикори муштараки Шӯрои ВАО, АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,  дастгирии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон , Фонди байналмилалии  Олимпур ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоди муосир, афзоишу хавфи терроризм ва ифротгароӣ иҷрои рисолати журналистӣ душвортар мегардад. Аммо дар ҳама ҳол хидмат барои оштию субот, зиндагии босаодат, бузургдошти ҳуқуқи инсон ба зиндагии арзанда, инъикоси воқеият, ростгуфторӣ, мубориза бар зидди нифоқафканӣ, инсонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ ҳамчун вазифаҳои муқаддасу шарафманди журналистон боқӣ мемонанд.

Сайвалии АЗИЗ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2015    №: 91-92    Мутолиа карданд: 1070

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед