logo

маориф

ДАР МАДДИ АВВАЛ: ТАҚВИЯТИ САТҲИ КАСБИЯТ

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии шаҳрвандони бекор ба шуғл аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб дониста шуда,  таъсис додани на камтар аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар соли равон ба миён гузошта шудааст.
Коршиноси соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Савлатшоҳи Ховарӣ роҷеъ ба усулҳои самарабахши тақвият бахшидани сатҳи касбияти хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»  Темур Табаров мусоҳиба анҷом дод.

- Дар Паёми имсола аз худ кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои дорои масъулият ва малакаи касбӣ, соҳиби таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир дар радифи вазифаи муҳимтарини масъулин қарор дода шуд. Муассиса чи иқдомеро пиёда карданист?
- Бегуфтугӯ, омода кардани кадрҳои коргарӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ имкони бештар дорад.  Аз ин ҷост, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ - методӣ ва мониторинги сифати таълим ба номгӯйи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Марказ бо мақсади тақвияти омодагии касбии шаҳрвандон бо роҳи васеъ намудани доираи омӯзиши фанҳои тахассусии муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳия ва пешниҳоди маводи таълимӣ - методии ҷавобгӯйи меъёрҳои муқарраргардидаи муосир ва ширкати фаъолона дар раванди таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар боло бурдани сатҳу сифати маърифати касбии хонандагони муассисаҳои мазкур ҳиссагузор мебошад.

- Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» аз моҳи апрели соли 2014  фаъолият менамояд. Албатта, ин давраи ниҳоят кӯтоҳест. Корҳои анҷомдодаи муассиса…
- Дар давраи сипаригардида мо тавонистем оиннома, низомнома ва ҳайати шӯрои методӣ, барномаи идоракунии сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ба тасвиб расонем.
Лоиҳаи барномаи рушди  инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон барои солҳои 2015 - 2017 таҳия шуда, айни замон дар баррасии раёсатҳои марбутаи вазорат қарор дорад.   
Масъалаҳои ҷамъбасткунии соли хониши 2014 - 2015 ва муайянсозии вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар машваратҳои августии соли равон баррасӣ хоҳанд шуд.
Марказ дар  44 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии вилоятҳои Хатлон (13 адад),  Суғд (18 адад),  шаҳри Душанбе (7 адад) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (6 адад) мониторинги сифати таълим гузаронид.

- Аз нигоҳи Шумо, оё натиҷаҳои мониторинги доиргардида қаноатмандкунандаанд?
- Мониторинги сифати таълими хонандагон нишон дод, ки вазъи донишандӯзӣ ва касбомӯзии онҳо ба талаботи рӯз чандон ҷавобгӯ набуда, беҳбудиро тақозо менамояд. Сабаб дар он аст, ки стандартҳо ва барномаҳои таълимии тахассусии ҷавобгӯйи талаботи имрӯза солҳои охир таҳия ва пешниҳоди муассисаҳо гардонида нашудаанд. Муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолии соҳибкасб ва тахассуснок эҳтиёҷ доранд.  Заминаҳои моддӣ - техникӣ ба тармиму таҷдид ниёз доранд. Адабиёти таълимӣ, аз ҷумла тахассусӣ, дастурҳои методӣ, аёнияти таълимии муосир кифоят намекунанд. Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои дарсии назариявӣ ва таълими истеҳсолӣ, ки таҳкурсии касбомӯзӣ мебошанд, қотеъона истифодабарии усулҳои наву инноватсиониро тақозо мекунад.
Ҳиссаи дарсҳои интерактивӣ дар ҷараёни таълим назаррас намебошад. Табиист, ки ҳамаи ин ба сатҳу сифати донишандӯзӣ ва касбомӯзии хонандагон таъсир мерасонад.
Аз ин рӯ, таҳияи стандартҳо ва барномаҳои таълимии тахассусӣ,  такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, ҷиҳозонидани  синфхонаҳои тахассусӣ ва устохонаҳои таълими истеҳсолӣ, бо маводи таълимии замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам маҳсуб дониста шудаанд.

- Марказ дар бахши навсозии нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ чӣ коре анҷом дод?
- Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти касбӣ-техникӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ низоми нави таҳсил муқаррар гардид. Аз ин ҷост, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони марказ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳияи нақшаҳои таълимии дусола ва воридшавӣ ба низоми нави таҳсилот буд.  Бо ҷалби мутахассисони соҳа нақшаҳои таълимӣ аз рӯи 84 касб ва ихтисосҳои амалкунанда таҳия  шуда, аз ҷониби вазирони меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд.
Инчунин, ҷиҳати омӯзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия нақшаи барномаи таълимии якмоҳа (144 соат) таҳия ва тасдиқ гардида, дастраси муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон карда шуд.
Бо ҷалби мутахассисони соҳа стандарти давлатии тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳои  3-500155 «Дӯзанда», 3-500155.04 «Либосдӯз», 3-500155.06 «Буранда», барномаҳои таълимӣ барои тайёр кардани коргарон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3-015101 «Монтёри барқ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти барқӣ», 3-460102.01 «Кандакорӣ дар чӯб», 190151.01 «Гаҷкори  ҷузъҳои  меъморӣ», 3-500155 «Дӯзанда», 3-500155.04 «Либосдӯз», 3-500155.01 «Гулдӯзи маҳсулоти бофандагӣ (алоча) чарчинворӣ», 3.400252.01 «Системаи компютерӣ ва технологияи интернетӣ» нақшаю барномаи таълимии аз рӯи ихтисоси «Мошинисти борбардор-муҳлати таҳсил 3-моҳ» ва Дастурамали методӣ - саволҳои тестӣ - санҷишӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ тасдиқ гардида, барои истифода дастраси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гардонида шуданд.
Дар айни замон мутахассисони марказ нақшаю барномаҳои таълимии кӯтоҳмуддати 1 - 3 - моҳа аз рӯйи 50 касбу ихтисосҳоро, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» пешниҳод гардиданд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд. 
Ҳамчунин “Китоби фармоишҳои ҳайати хонандагон” ва  “Китоби ном ба номи хонандагон” таҳия ёфта, барои нашр ба матбаа супорида шуданд.

- Маълум аст, ки дар ҷодаи ташкили раванди таълими самарабахш  ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ нақши муассир дорад.
- Марказ бо лоиҳаи «Дастгирии раванди ислоҳоти системаи таҳсилооти касбӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон» - и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон GIZ (GOPA) ҳамкории мунтазам дорад. Дар ҳамдастӣ бо мутахассисони лоиҳа моҳҳои октябр ва ноябри соли 2014 дар литсейҳои пилотӣ 18 мониторинги сифати таълими назариявӣ ва истеҳсолӣ гузаронида шуда, ба омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ кумаки методӣ расонида шуд. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисону ташхисгарони лоиҳаи номбурда нақша ва барномаҳои таълимии модулии касбҳои «Ошпаз» ва «Санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ» ва модули таълимии «Асосҳои сарфаҷӯии неруи барқ ва самаранокии он» таҳия  ва ба тасвиб расонида шуданд.
Бо мақсади рушди муассиса ва заминаи таълимию методӣ,  таълимию истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ва бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии кумакрасон, аз ҷумла Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Бонки рушди Осиё, Хазинаи аврупоии таҳсилот вохӯрӣ, семинар - тренингҳо баргузор шуданд.
Бо дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти вазорат ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти пурсамар марказ ба лоиҳаи «Устувор кардани иштироки бахши хусусӣ дар таҳсилоти касбӣ - техникӣ» - и Бонки рушди Осиё ворид карда шуд. 

- Саҳми марказ дар таҳияи маводи таълимӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ чӣ гуна аст?
Мутахассисони марказ китобҳои тахассусии «Сохт ва хизматрасонии техникии автомобил», «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», дастурҳои методии «Сохтори дарс (машғулият) - и таълими истеҳсолӣ» барои устоҳои таълими истеҳсолӣ, «Дастурамали методӣ - саволҳои тестӣ - санҷишӣ аз фанни асосҳои ҳуқуқ» ва «Дастурамал оид ба таҳияи коркарди методӣ» таҳия намуданд ва маводи мазкур омодаи нашр аст. Айни замон тарҷумаи китобҳои тахассусии «Амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос», «Асосҳои механикаи техникӣ» ва «Технологияи компютерӣ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ» идома дорад.
Тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ теъдоди зарурии маҷаллаҳои таълими назариявӣ ва истеҳсолӣ, маҷаллаҳои таълими назариявӣ ва амалӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддат, рӯзномаҳои таҷрибаомӯзии хонандагон таҳия ва нашр гардида, ба муассисаҳо дастрас гардонида шуд.
Дар баробари ин, аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархост нуҳ ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводи методӣ ба тавозуни марказ гузаронида шуданд ва   мутобиқи талабот  ба муассисаҳои таълимӣ дастрас шуда истодаанд.

- Омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ оё аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд?
- Бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони марказ ва литсейҳои касбии техникии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Тоҷикобод  оид ба масъалаи гузаронидани мониторинги сифати таълим ва таҳияи тестҳо аз фанҳои тахассусӣ барои баҳодиҳии сифати таълим бо дастгирии лоиҳаи «Дастгирии раванди ислоҳоти системаи таҳсилооти касбӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон» - и  Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон GIZ (GOPA) ва ҷалби коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуданд. Дар рӯзҳои наздиктарин сайти марказ мавриди истифода қарор дода мешавад.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2015    №: 91-92    Мутолиа карданд: 985

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед