logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ: ШАШСОЛАГИИ ЯК ИМЗОИ ДУРӮҒИН

Дар шумораи рақами 31 аз 13 феврали соли 2014 мақолаи муаллифи ин сатрҳо таҳти унвони «Тӯри анкабут ё чаро қурби як иштибоҳи Ширинҷонова аз қарори Суди конститутсионӣ баландтар аст» чоп шуда, он бо чунин сатрҳо оғоз ёфта буд:

«Ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз номи шаҳрванд, намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Қ. Ақназаров номае ворид шуд, ки дар он гуфта мешавад, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2009 то ба ҳол, яъне дар муддати 4 солу 9 моҳ қарори Суди конститутсионии Тоҷикистонро дар мавриди барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» иҷро намекунад.
Идораи рӯзнома 5 ноябри соли 2013 барои равшанӣ андохтан ба қазияи мазкур ба унвони Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон нома фиристод ва 31 декабри ҳамин сол ба он посух гирифт. Аз посухи ба рӯзнома воридгашта маълум нашуд, ки чаро Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон мушаххасан қарори Суди конститутсиониро дар масъалаи мазкур иҷро накардааст».
Дар мақолаи «Тӯри анкабут» мо ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон дидаву дониста нодида гирифтани мушкили Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» ҳушдор дода будем ва масъала ба миён гузошта будем, ки ин ҳаками олии мамлакат ба ҷойи он ки ҳақро ба ҳақдор расонад, баръакс худ ҳуқуқи як ширкати калонро дар муддати 7 соли дароз поймол мекунад ва бо таъйинотҳои мубҳаму печдарпечи худ сари даъвогаронро гаранг намуда, офтоби ҳақиқатро бо имзои дурӯғини судя Ширинҷонова Мародбегим пӯшондааст.
Мо дар матлаби мазкур ба хотири тӯлонӣ нашудани сухан таърихи ба тӯри анкабути Суди олии иқтисодӣ печидани ширкати «Айренген-ЛТД»-ро аз нав такрор намекунем. Ин таърихча дар мақолаи «Тӯри анкабут» («Ҷумҳурият», №31, 13 феврали соли 2014, сайти электронии «Ҷумҳурият», http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=12976) муфассал маълумот дода шудааст.
Танҳо ба таври хулоса таъкид менамоем, ки  ҳарчанд ҳангоми фурӯши ҶШСК «Пахтаи Пролетар» Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  27 майи соли 2000, № 137 ба роҳбарӣ гирифта шуда бошад ҳам, он ба тартиби умумӣ ба фурӯш бароварда шудааст. (Тибқи низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997, № 513 тасдиқ гардидааст), ки асоснок мебошад». Дар ин масъала Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҳам равшану возеҳ иброз доштааст, ки «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998, № 418 нисбат ба он татбиқ намегардад». Вале Суди олии иқтисодӣ мавқеи Сарвазир ва Дастгоҳи иҷроияи Президентро ҳам нодида гирифта, бо ҳалномаву мактубҳои чигили худ ширкати «Айренген-ЛТД»-ро маҷбур мекунад, ки дар муддати 11 сол барои барқарор кардани адолат беҳуда сарсону саргардон шавад.  Ширкат аз 28 августи соли 2003 то охири соли 2013 42 маротиба ба ин додгоҳи олии адолати иқтисодӣ муроҷиат карда бошад ҳам, масъалаи мазкур бо ҳар гуна сабабҳои норавшан баррасӣ намешавад. Масалан, 2 марти соли 2009 «Айренген-ЛТД» ба марҳалаи назоратии СОИ бо аризаи назоратӣ аз болои қарори марҳалаи кассатсионӣ аз 2 сентябри соли 2008 шикояти назоратӣ меоварад. Судя М. Ширинҷонова бо таъйиноти худ аз 27 марти соли 2009 ин аризаро бо сабаби гӯё гузаштани муҳлати пешниҳоди он бемавқеъ ҳисоб карда, онро бармегардонад. Баъд аз ин кадом аризаеро, ки ширкати «Айренген-ЛТД» ба СОИ пешниҳод намояд, додгоҳ бо истинод ба ҳамин таъйиноти Ширинҷонова ба ширкат посух медиҳад, ки муроҷиаткунанда муҳлати мурофиаро гузарондааст.
Мақолаи «Тӯри анкабут» ҳам яхи хомӯшии Суди олии иқтисодиро шикаста натавонист. Ин мақоми баландпояи ҳокимият дастикам бояд ба хотири иҷро намудани Фармони Президент «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (№622, аз 7 феврали соли 2009) ба идораи рӯзнома посух ироа мекард. Вале аз чопи мақола 1 солу 2 моҳ гузашта бошад ҳам, аз Суди олии иқтисодӣ сару садое ба гӯш намерасад. Дар ин муддат чанд нафар «бофандагони тӯри анкабут», аз ҷумла иҷрокунандаи нақши асосии ин намоишнома судя Мародбегим Ширинҷонова аз сари вазифа рафтанд, аммо чунин менамояд, ки аз бетафовутӣ ба тақдири ширкати «Айренген-ЛТД» виҷдони касе дар ин даргоҳ азоб намекашад. Аз посухи судя А. Ҳ. Бобохонов ба муроҷиати охирини намояндаи «Айренген-ЛТД», ки санаи 8 апрели соли 2015 навишта шудааст, чунин бармеояд, ки Суди олии иқтисодӣ мавқеи беадолатони худро нисбат ба имзои бевиҷдононаи судяи собиқ М. Ширинҷонова ба миқдори ним дараҷа ҳам тағйир надодааст. Зеро дар ин таъйинот низ бо ҳамон нағмаву усули куҳна судя Бобохонов дидаву дониста, ҳақиқатро инкор намуда, навиштааст, ки «вайроншавии ҳуқуқи овардани шикоят нисбати санадҳои судии қабулкарда, аз ҷониби суди мазкур бамавқеъ бартараф карда шудааст». Ин чунин маъно дорад, ки судя Бобохонов ҳам дурӯғи аз ҷониби Суди конститутсионӣ исботгардидаи Ширинҷоноваро дар бораи он ки ширкати «Айренген-ЛТД» аризаи даъвоиашро аз муҳлати муайяншуда 2 рӯз дертар ба СОИ пешниҳод кардааст, ҷонибдорӣ менамояд ва ба даъвогар гуфтанист, ки Суди олии иқтисодӣ на қарори Суди конститутсиониро иҷро мекунад, на аризаҳои минбаъдаи даъвогарро ба инобат мегирад. Ин чунин маъно дорад, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар дар ояндаи наздик ҳам 200 ҳазор доллари ИМА-и молики собиқи ин коргоҳ Румянсев Александр Викторовичро барнамегардонад ва зӯри ягон мақоми танобкаш ҳам ба ҳалли ин қазия намерасад. Ширкат соли 2003-юм ба ин ҳол гирифтор шуд ва агар 200 ҳазор доллар дар муддати 11 сол дастикам 5 дарсадӣ суд оварда бошад ҳам, ба 1 миллион доллар даромади соф табдил ёфтааст. Шояд ҳоло аз 1 миллион доллари муфт 200 ҳазорашро ба соҳиби аслии он баргардондан кори чандон душворе ҳам набошад. Ва шояд Суди олии иқтисодӣ ҳам мавқеи ноодилонаи худро нисбат ба қазияи мазкур бозбинӣ кунад, чун тибқи тағйиру иловаҳои ахири порлумони мамлакат ба Қонун «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд судяҳои суди иқтисодӣ низ барои вайрон кардани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки даъвогар, яъне намояндаи ваколатдори ширкати «Айренген-ЛТД» ҳам то комёб шудан дар ин муноқиша мубориза бурданист ва Идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам посухи расмии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор аст.  

А. МИРЗОҶАЛОЛОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2015    №: 91-92    Мутолиа карданд: 1016

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед