logo

ҳуқуқ

ҲАЛНОМАИ ДУРӮҒИН

• Шамсиддин Файзуллоев, ки бо ҷурми нашъамандӣ маҳкум шудааст, баъди ба озодӣ баромадан, даъвои хона кард.
• Суиистифода аз мансаб ба ҳадде расид, ки судя 26 - 27 ноябри соли 2013 аз пеши худ протоколи маҷлиси судӣ тартиб дод.
• Ман – ҳамҷавобгар Ҳусен Ваҳобов дар беморхона будам ва дар он «сенария» - и маҷлиси судӣ иштирок надоштам.

Дар давоми 75 соли умрам ва собиқаи кории 55 - солаам дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз қонуну қарор ва муносибатҳои ҳуқуқӣ бисёр чизҳоро шунидаву фаҳмида будам, аммо то ба ин ҳад нозуку серпаҳлӯ будани амалҳои ҳуқуқиро дар айёми пирӣ таҳаммул кардам. Ҳақ асту рост, ки шоире гуфта:
Зишту неки зиндагӣ афсона нест,
То ба сар н-ояд, намедонӣ, ки чист.

Банда Ҳусен Ваҳҳобов дар давоми зиндагии тӯлонӣ бо ҳамсарам, ки маъюби гурӯҳи дувум асту солҳо вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод буд, духтараке ёфтем. Барои саломатии ояндаи оилаам, бо тавсияи табибон, маҷбур шудем макони буду бошамонро иваз намоем. Бо ин мақсад манзили истиқоматӣ ва дигар дороии худро фурӯхта, ба пойтахт омадем. Ба воситаи эълонҳои рӯзнома огоҳ шудем, ки манзили истиқоматӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино, ба фурӯш гузошта шудааст. Пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо соҳибмулк Рагибов Шамсулло (собиқ корманди ВКД) барои аз дидани манзили ба фурӯш гузошташуда ба маҳаллаи Испечак омадам. Завҷаи Шамсулло - Рагибова Мамлакат аз рӯи зарурат ба фурӯш мондани хонаро фаҳмонда, афзуд, ки писарашон Файзуллоев Шамсиддин бо содир намудани ҷиноят маҳкум шудааст ва барои баргардондани қарзҳои ӯ ҳар чӣ зудтар маблағ зарур аст. Ман ҳамчун харидори бовиҷдон ба ҳолати баҳсӣ надоштани манзили соҳибмулк Рагибов Шамсулло бовар кардам. Зеро дар вақти хариду фурӯш соҳибмулкон ба ман ҳамчун харидор ва сарнотариуси ноҳияи Сино Х. Шарипов дафтари ҳавлидориро пешниҳод карданд ва маълум шуд, ки ҳама аъзои оила аз қайд бароварда шудаанд. Ҳатто оид ба розигии фарзандашон Файзуллоев Шамсиддин ба нотариуси ноҳияи Сино аризаи хатии ӯро низ пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, 8-уми июли соли 2013 дар доираи қонун ва дастурамали идораи нотариус хонаи 75, кӯчаи Испечак-1-ро мутобиқи моддаи 321-323 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 58 ҳазор доллар харидам. Хонаи мазкур таҳти рақами 3621 ба қайд гирифта шуда, шартномаи хариду фурӯш низ ба имзо расид. Бо духтари ноболиғ ва завҷаи беморам дар ин манзил ба рӯзгори осуда оғоз бахшида, дар як қисмати ҳавлӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозиро низ ба сомон расондем. Аммо дере нагузашта, айши моро талх карданд. Пас аз гузаштани чанд моҳ писархонди оилаи Рагибовҳо Файзуллоев Шамсиддин ва ҳамсари ӯ Сайфурова (Файзуллоева) Парвина бо нияти тамаъ хилофи қонун кор карда, ба суди ноҳияи Сино бо аризаи даъвоӣ муроҷиат карданд. Мувофиқи даъвои онҳо гӯё оилаи Файзуллоевҳо манзили зист надоранд ва писархонди Рагибовҳо Файзуллоев Шамсиддин аз хариду фурӯши хона огоҳ нест. Ҳатто худро то ҳол дар қайди манзили фурӯхташуда нишон дода, бекор кардани шартномаро талаб карданд. Мувофиқи даъвои онҳо кори мани 75 - сола ба суд афтод.
Файзуллоев Шамсиддин, ки бо ҷурми нашъамандӣ маҳкум шудааст, пас аз ба озодӣ баромадан, даъвои хона кард, ҳарчанд ки пули хона барои аз маҳбас озод шудани ӯ масраф шуда буд. Сайфурова Парвина, ки дар никоҳи шаръии Файзуллоев Шамсиддин асту расман ҳамсари ӯ маҳсуб намеёбад, худро бехонаву дар муаррифӣ намуда, бо роҳи нопок соҳиби хона шудан мехоҳад. Ҳол он ки дар Ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакӣ манзиле доранд, дар ҳудуди 0,10 га. Хулоса, судяи суди марҳилаи аввал Раҷабов Луқмон бо маслиҳати пешакии даъвогарон, Сайфурова Парвина ва Файзуллоев Шамсиддин бо ғарази маҳз ва берун аз доираи қонун кори судро ба манфиати онҳо ҳал карданӣ мешавад. Гузашта аз ин, даъвогарон нотариуси ноҳияи Синоро низ дар аризаи худ ба ҳайси ҷавобгар муттаҳам мекунанд. Бо назардошти сабабҳои дар боло зикршудаи даъвогарон судя Раҷабов Луқмон 16 - уми октябри соли 2013 марҳилаи аввали судро бе иштироки ман баррасӣ намудааст. 25 - уми ноябри соли 2013 дар маҷлиси судӣ барои аз хона берун рондани оилаи ман ҳукм баровардааст. Суиистифода аз мансаб ба ҳадде расид, ки судя 26 - 27 ноябри соли 2013 аз пеши худ протоколи маҷлиси судӣ тартиб медиҳад. Дар ин протоколи сохта гӯё ман – ҳамҷавобгар Ваҳобов Ҳусен, ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино, Сафарова Қурбоной ва ҳимоячии Раҷабова Мамлакат (оне, ки хонаро ба ман фурӯхта буду ба подоши дилсӯзӣ ба фарзандхондаш Файзуллоев Шамсиддин дар суд ҷавобгар шуда буд) ва Муборова Зуҳро дар маҷлиси суд иштирок карда, ба ҳама саволҳои ба парванда дахлдошта ҷавоб додаем. Охир, ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино Сафарова Қурбоной аз 5 декабри соли 2013 бояд ба парванда сару кор мегирифт, аммо дар протоколи сохтаи Раҷабов Луқмон номи ӯ ҳам ҳаст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Ман – ҳамҷавобгар Ваҳобов Ҳусен низ аслан дар беморхона будам ва дар он «сенария» - и маҷлиси судӣ иштирок надоштам. Пас аз ин ҳалномаи дурӯғину сохта, ки аслан ба ман рабте надорад, фишори хунам баланд шуд ва бистарӣ ҳам гаштам. Дилам сиёҳ, хотирам парешон ва вуҷудам сард аз он шуд, ки ҳақиқатро бо банди дурӯғ буғӣ мекарданд. Адолат пеши чашмони хирабинам талвосаи ҷон дошт. Дар ин муддат даре намонд, ки накӯфтаву сар нахалонда бошам. Ростӣ, аз суду прокурор дилмонда шуда, ниҳоят ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ навиштам.
21 августи соли 2014 шикояти кассатсиониро қонеъ карданд ва ҳалномаи суди марҳилаи аввал бекор гардида, ба суди зинаи аввал дар ҳайати дигар ирсол шуд. Марҳилаи дувуми судро судя М. Назриев бурда, камбудиҳои суди марҳилаи аввалро ба назар гирифта, маро харидори бовиҷдон ва соҳибмулк эътироф кард. Дар идомаи тафтишот маълум шуд, ки писари Раҷабова Мамлакат Файзуллоев Шамсиддин (даъвогар) шаҳодатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро солҳои сол бо рақами ДБ 000572 истифода бурдааст. Шуъбаи кадрҳои ВКД чаро ба чунин саҳлангорӣ роҳ медиҳад?
Ба ҳар ҳол, ин дафъа оҳи ману фарзанду завҷаи маъюбамро Худо шунид. Тибқи талаботи моддаи 351 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ шудаанд, инчунин нодуруст муайян кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта, асос барои бекор намудани ҳалнома ба тариқи кассатсионӣ гардид.
Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид, аммо вазъи саломатии маро наметавон барқарор кард, шиканҷаи рӯҳии маро наметавон ҷуброн намуд. На даъвогарони ҳарис ва на судяи тамаъҷӯ Луқмон Раҷабов умри бар абас рафтаамро аз паси моҷароҳои судӣ наметавонанд бозпас гардонанд.
 
Ҳусен ВАҲОБОВ,
нафақахӯр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.05.2015    №: 93-94    Мутолиа карданд: 1112

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед