logo

ҳуқуқ

ЗИНДАГӢ ШИРИНУ ҒАНИМАТ АСТ

Агар инсон ҷойи кор, оилаи обод дошта бошад, хушбахтона умр ба сар мебарад. Вале солҳои охир зуҳуроти басо номатлубе тавлид шуда, аҳли ҷомеаро сахт ба ташвиш овардааст, ки ин суиқасд ба ҷони худ, дар байни занон мебошад.
Коршиносон ба ин назаранд, ки инсон аз ду ҷиҳат дар рӯзгор ба танг меояд, ки яке иҷтимоӣ асту дигар маънавӣ. Ва бештар зани танҳо дар зиндагӣ машаққат мекашад, фикри фарзандонро мекунад, зеро ба онҳо хӯрок, либосу пойафзол, дафтару китоб лозим аст. Камбудии моддӣ бархеро маҷбур месозад, ки ба роҳи бад равад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки худкушӣ масъалаи доғи рӯз аст. Худкушӣ ё ба ҷони худ қасд кардан сабабҳои зиёд дорад. Бештари вақт дар ҳаққи шахсе, ки ба худкушӣ даст мезанад, мегӯянд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошт. Рашку ҳасад, ҷанҷоли оилавӣ, зӯроварӣ ва дигар ҳолатҳо ҳам барои ин амали носавоб сабаб шуда метавонанд, ки аксар вақт аз назар дур мемонад. Баъзеҳо мегӯянд, ки сабаби асл касодии рӯзгори оила аст. Аммо ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам, зеро дар ягон замон миллати тоҷик барои нон худкушӣ накардааст. Аммо шахс аз дигаре қарздор бошаду ба ӯ таҳдид намоянд, ин ҳолат сар заданаш мумкин аст. Вале пажӯҳиши психологони муосир нишон медиҳад, ки касони даст ба худкушӣ зада, сарватманд, соҳибмулк ё ин ки соҳибмансаб низ будаанд. Аз рӯи ҳисоботи омор маълум аст, ки мамлакати тараққикардаи Ҷопон дар масъалаи худкушӣ ҷои аввалро мегирад. Ин ҳолат аз ҷиҳати равонӣ ҳам ба амал меояд. Масалан, рӯзе чор - панҷ нафар донишҷӯ дар соҳили дарё китоб мутолиа карда, ба имтиҳон омодагӣ мебинанд. Духтараке аз миёни онҳо вақти фориғ аз хониш ба дарё наздик шуда, қариб буд, ки ғарқ шавад. Ҳамроҳонаш дарҳол ба ёрии ӯ шитофта, аз марг наҷоташ медиҳанд. Баъде, ки духтар бо мушкилиҳои зиёд ба худ меояд, аз ӯ мепурсанд, ки чаро ба ин амал даст зад. Ӯ гуфтааст: «Чор моҳ пеш модарам фавтид ва ҳангоме ки байни шумоён дарс тайёр мекардам, ногаҳон чашмам ба модарам бархӯрд, ки дар даст косаи ҷурғот ба ман «Биё, духтарам, саратро бо ҷурғот бишӯям» гуфт. Ман, ки зори дидори модар будам, ба ҳамон сӯ рафтам. Ҳеҷ чиз, ҳатто об ба назарам маълум нашуд ва нафаҳмида мондам, ки чӣ хел байни дарё рафтаам. Баъде, ки нафасамро об гирифт, фаҳмидам, ки дар даруни об ҳастам. Ҳеҷ нияти қасд ба ҷони худро накардаам ва чунин мақсад ҳам надорам». Ин як ҳолатест, ки мо ба мушоҳида гирифта наметавонем, яъне аз ҷиҳати рӯҳӣ ба амал меояд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода афзуд, ки дар масъалаи шарҳу эзоҳ бисёр эҳтиёт бояд шуд, зеро калимаҳоеро ба монанди «худкушӣ, худсӯзӣ, худовезӣ, ба ҷони худ қасд кардан» - ро зиёд истифода барем, ин амал бештар авҷ мегирад. Зеро онҳое, ки ба ин мафҳум ошно мешаванд, гумон мекунанд, ки ин роҳи осони халосӣ аз мушкилот аст, ба рӯҳашон таъсири манфӣ мерасонад. Масъалаи худкуширо дини мубини ислом дар оятҳои қуръонӣ маҳкум кардааст. Вақте инсон худкушӣ менамояд, аз ин мебарояд, ки вай аз тақдири илоҳӣ норозӣ аст.
Дар Тоҷикистон марказҳои боварӣ ё кор бо занони ба маслиҳат ниёзманд бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мебаранд, вале он кофӣ нест. Директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», равоншинос Рафоат Бобоева мегӯяд, ки бештари занон чунин мепиндоранд, ки дар ҷомеа мавқеи худро надоранд. Аксари онҳо ҳуқуқҳои одии худро намедонанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мо мутобиқи барномаҳои гуногун ба ноҳияҳо сафар карда, бо занҳо вомехӯрем ва дар мавзӯи маърифати оиладорӣ, маҳорати зиндагӣ суҳбатҳо мегузаронем. Баъди вохӯриҳои зиёд бештари занон миннатдорӣ баён карданд, ки акнун ба ҳаёт бо чашми дигар менигаранд. Баъзе духтарон баъди оиладор шудан одоби муошират, эҳтироми калонсолонро риоя намекунанд. Бархе модарон ба оилаҳои ҷавонон дахолат менамоянд, ки боиси ҷанҷолу хархаша мешавад. Яъне одобу ахлоқи коста ба зиндагии оилавӣ таъсири манфӣ мерасонад.    
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта бештар занон ба ҷони худ қасд кардаанд. Дар давоми сол новобаста ба корҳои зиёди тарбиявӣ ҳанӯз ҷиноят дар байни хонандагон аз байн нарафтааст. Ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ хеле афзудааст. Вазъ дар шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ашт, Зафаробод, Истаравшан, Ҷаббор Расулов ташвишовар мебошад. 
 Аз тарафи мақомоти дахлдор корҳои тарбиявӣ дар ин самт идома доранд. Модарони ҳаётдида, пирони ботадбир бо ҷавонони рӯҳафтодаву аз бекорӣ ба маъюсӣ афтода бештар вохӯрда,  роҳҳои интихоби касб, ҳунаромӯзӣ, муносибати некро нишон медиҳанд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо ҷавонон ширинии зиндагиву ғанимат будани онро дарк мекунанд ва дигар ба худкушӣ даст намезананд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2015    №: 95-96    Мутолиа карданд: 689

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед