logo

ҳуқуқ

ОИЛА – РУКНИ ПОЙДОРИ ДАВЛАТ

Мардум аз маърӯзаву гузоришҳо, китобу мақолаҳо, амру фармонҳо, суҳбату мулоқоти пайвастаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоистагӣ дарёфтааст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар тарбия намудани насли солим ва аз ҷиҳати ҷисмониву ақлонӣ сиҳатманд аст. Дар сархати сиёсати фардоофарини Пешвои халқу давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи қоиму устувор нигаҳ доштани генефонди миллат бо шинохту идома бахшидани беҳтарин суннатҳои рӯзгордорӣ, анъанаву маросим, расму русуми созандаву бунёдкорона, ваҳдату тифоқӣ ва ҳамбастагии кулли сокинони Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳои расмии хеш ёдовар гардидаанд, ки мавҷу авҷи ҷаҳонишавӣ дар баробари тарғибу интишори навгониҳои илмиву техникӣ, донишҳои ҷадид, таҷрибаҳои аз назари фикрӣ озмуда, инчунин пайомадҳои ногуворе барои маҳдуд намудан ва аз миён бурдани унсурҳои фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва сиёсии халқу қавмҳои гуногуни оламро низ дар пай дорад.
Аз ин рӯ, бо таъмини фазои орому мусоиди сиёсӣ роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини суботи маънавӣ низ талоши доимӣ дорад. Такя намудани Роҳбари кишвар ба донишу малака ва таҷрибаи зиёиён, муаллимону табибон, ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, пешоҳангони саноату истеҳсолот, хоҷагии халқ, кишоварзони асил, пирони дарси зиндагӣ андӯхта, ҳамчунин тарғиб кардани моҳияти манфиатовари фаъолияти ин қабил шахсон маънии ҳифзи ҷавҳару асолати ҳастии мардуми Тоҷикистон аст. Вусъату ҳамгироии чунин мақсад бозгӯи он аст, ки бояд нисбати тақдири имрӯзу фардои миллат ягон нафар сокини ин сарзамин бетараф набошад. Марҳалаи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дастгирии ташаббусҳои роҳбарияти мамлакат аз тарафи аҳолӣ самараҳои нек дода истодааст.
Соли оила эълон шудани соли 2015 мазмунан идомаи фаъолиятҳои густурдаи Сарвари мамлакат дар хусуси тарғибу татбиқ ва сохтану бунёд ниҳодани оилаву фарзандони солим аст.
Шоистаи зикр аст, доир ба муҳимияти ин масъала 20-уми марти соли 2007, дар мулоқоти худ бо зиёиён Сарвари давлат чунин арзёбӣ намуда буданд: «Аслан, афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад».
Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ дар марҳалаи барои тамоми оламиён ҳассос бар ин назаранд, ки ҷиҳати гузоштани асосҳои бинои ҳастии маънавии мардум оила ва мактаб  ҷойгоҳи махсус доранд.
Бояд ёдовар гардид, ки дар ҷумҳурӣ тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нисбат ба оила ва аъзои он, вазифаҳои падару модар, уҳдадориҳои онҳо барои парвариши фарзандони солим ва соҳибмаълумот таҳия гардидааст.
Дар моддаҳои 33 ва 34 - уми Сарқонуни кишвар масъалаҳои вобаста ба оила, ҳимояти он аз тарафи давлат, ҳуқуқи ташкили оила, инчунин масъулияти волидайну фарзандон ҷой дода шудааст. Асоси ҳуқуқии ин мавзӯъро Сарқонун ҳамаҷониба пешбинӣ менамояд.
Ба назари мо, Соли оила бояд дар робита ба чунин имкониятҳои ҳуқуқиву сиёсӣ дигаргунии куллиеро дар низоми хонадорӣ ва фарҳанги рӯзгордории тоҷикон ба вуҷуд оварад.
Илмҳои тиббу равоншиносӣ дар гузаштаву имрӯз маълум менамоянд, ки таъмини фазои солиму созанда аз ҷониби зану мард метавонад ҳазорон садамаҳои иҷтимоиро пешгирӣ кунад.  Ҳамдигарфаҳмии волидон дар тамоми бархӯрдҳои иҷтимоӣ ҳам барои сиҳатии онҳо ва ҳам барои камолоти фикриву ҷисмонии фарзандонашон хушоянд хоҳад буд. Табиист, ки дар мавриди нигоҳ доштани ҳадди эътидол ва хушиву хушрӯзгорӣ занон нисбати мардон нақши марказиро иҷро мекунанд.
Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми анъанавии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба мақоми шоистаи занон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар чунин таъкид доштанд: «Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Дар канори ин, мардон, яъне падарону бобоёнро низ зарур аст, ки дар таҳкиму устувории бинои оила беҳтарин унсурҳои анъанаҳои оиладории милливу шарқӣ ва дунявиро бо ҳам омезиш диҳанд. Суръати кайҳонии илму технология, тағйир ёфтани иқлими сайёра, зуҳури хатарҳои экологиву табиӣ, пайдоиши падидаҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ, иқтисодиву сиёсӣ дар назди онҳо вазифаҳои нав ба навро мегузорад.
Мутаассифона, мо - табибон гоҳо мешунавем, ки мардон ба гуфтору фармудаҳои носанҷидаи бархе аз рӯҳониёни камсавод дода шуда, монеи муоинаи тиббии занону фарзандон ва эмгузаронии кӯдакон мегарданд. Тарзи нодурусти муносибат боис мегардад, ки чунин одамон ҳолати хуруҷи бемории фарзандонро пинҳон мекунанд ё нодида мегиранд. Дар натиҷа касалиҳои гуногуни сироятӣ ё бемориҳои сироятии мавсимӣ ба зудӣ доман паҳн карда, аз паси хурофотпарастии чанд нафар тамоми ҷомеа азият мекашад.
Ё ба синну соли фарзандон нигоҳ накарда, онҳоро ба меҳнати маҷбурӣ водор мекунанд. Талқини иҷбории зиёд кардани донишҳои динӣ ва канор гузоштани фарзандони аз тарзи ҳаёти солим, бозиву мусобиқаҳо, олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ, мактабҳои санъату мусиқӣ, барномаҳои давлатӣ, намоишҳои телевизионӣ, ҷалб накардани онҳо дар урдугоҳҳо ва дигар василаҳои пешрафти маънавию ҷисмонии онҳо сабаби рӯҳафтодагӣ, ғамзадагӣ, ноуҳдабароӣ, бетарафӣ ва танҳоӣ мегардад.
Таҷрибаҳо собит кардаанд, ки ҷудо кардани фарзанд аз муҳити созгор боиси осебпазирии ӯ мегардад. Ин омил андешаи офаридан, сохтан, омӯхтан ва ихтироъ карданро аз вуҷуди ӯ берун мекунад.
Яке аз принсипҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ доштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Ба андешаи мо, ҳоло баробари шаклҳои гуногуни маърифат маърифати тиббӣ низ амри муҳим аст. Надонистани донишҳои ибтидоии тиббӣ боис мешавад, ки насли наврас ва ҷавон ба гирдбоди таълимоти ғалати каҷбинон афтода, дар интихоби ҳамсар ва замони шурӯи оилаи нав ба камбудиҳои ислоҳнопазир роҳ медиҳад. Пеш аз муқаррароти қонунӣ оила барпо намудан, ба никоҳи маҷбуриву фармоишии хешу таборӣ роҳ додан,  саросема гардидан дар интихоби ҳамсар ва бидуни муоинаи тиббӣ идома додани ҳаёти нав аз омилҳое ҳастанд, ки имрӯз сабаби нопойдории хонадон, бекор шудани никоҳ ва таваллуди фарзандони носолим гардидаанд.
Сокинонро зарур аст, ки ҳамеша аз маслиҳати табибон истифода баранд, қабл аз анҷоми коре бо онҳо машварат намоянд ва имкониятҳои илми тибби муосирро нодида нагиранд.
Дар мулоҳизаҳои ояндабинона ва фардонигаронаи Раҳбари мамлакат дар Паём таъкид ёфт, ки «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Мо - табибони Маркази саломатии №14 – и шаҳри Душанбе ташаббуси неки Сарвари давлатро, ки соли 2015 - ро Соли оила эълон намуданд, бо фараҳмандӣ истиқбол намудем. Умедворем, ки дар ин сол беш аз ҳама табибон масъулияти ҷиддиро бар дӯш гирифта, барои татбиқи фармудаҳои Президенти ҷумҳурӣ кӯшишҳои пайгирона хоҳанд намуд.
 
Барот МИРСАИДОВ,
табиби оилавии Маркази саломатии
№14 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2015    №: 95-96    Мутолиа карданд: 1154

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед