logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМГАРИ НАРХ Ё КУШАНДАИ ИНСОФ?

Иқтисоди бозорӣ дар хоҷагии халқи кишвар имрӯз як воқеияти бебаҳсест. Он тартибу усул, қоидаву қавонин ва талаботи хоси худро дошта, бештар ба соҳибкорӣ ва кору фаъолияти моликияти хусусӣ такя менамояд. Ҳоло дар самти бахши савдо ва таъмини хӯроки умумию хизматрасонии коммуналӣ соҳибкорони инфиродӣ нақши асосӣ мебозанд. Агар ба рушди ин бахш дар пойтахти кишвар назар андозем, хоҳем дид, ки  соҳибмулкон  дар  ин самт ҳам худ фаъолият  доранд  ва  ҳам  нуқтаҳои савдову хӯроки умумиро ба соҳибкорони дигар ба иҷора медиҳанд. Ҳоло агар гӯем, ки дар бахши хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ ягон мағоза ва ошхонаву қаҳвахона, тарабхонаву нуқтаҳои дигари хизматрасонии давлатӣ боқӣ намондааст, ғалат намекунем. Ба тасдиқи Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, 99 дарсади кормандони соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе соҳибкорони инфиродӣ буда, саҳми савдои давлатӣ 0,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Солҳои охир бо қарори раиси шаҳри Душанбе чандин нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, аз ҷумла бозорҳо, ки ғайриқонунӣ ва бе назардошти меъёрҳои сохтмониву меъморӣ сохта шуда, ба талаботи шаҳрсозӣ ҷавобгӯ набуданд, тахриб ва дар ҷойи онҳо дигар иншоот бунёд гардиданд. Чунин амалҳои ғайриқонунӣ дар ноҳияи Сино низ рух дода буданд. Ва чуноне Муҳаббат Раҳматов, мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳангоми сӯҳбат изҳор намуд, ҳоло ҳам ошхонаҳое ҳастанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Баъзе шахсон нуқтаҳои ғайриқонунӣ сохта, заминро худсарона ғасб менамоянд. Масалан, соҳиби як ошхона дар маҳаллаи 101 – ум ва шахси дигар дар маҳаллаи Гипрозем як ҳиссаи заминро ғасб карда буданд, ки бо амри прокурор заминҳоро ба ҳолати аввала баргардондем. Ба наздикӣ дар гардиши маҳаллаи Политехникум, кӯчаи Раҳмон Набиев 16 нуқтаи савдои ғайриқонунӣ, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши гӯшт, дискҳову маҳсулоти дигари ғизоиро бо амри прокурор бартараф сохтем.
- Имрӯз дар ҳавлии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ нуқтаи савдои ғизоҳои тайёр ва таомҳои дигар фаъолият менамояд. Шумо, ки ин нуқта дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, оё аз оғози фаъолияти он огоҳ ҳастед? Онҳо ягон ҳуҷҷати иҷозаи кору хизматрасонӣ доранд? – пурсидам аз Муҳаббат Раҳматов.
- Дар шаҳри Душанбе гирифтани ҳатто як мураббаъ метр замин дар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ҳеҷ кас аз пеши худ ҳуқуқи замин гирифтану чизе сохтан надорад. Ман шахсан дар бораи ин нуқтаи савдо дарак надорам. Барои ҳамин ҳозир чизе гуфта наметавонам
- Тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ кадом намуди фаъолияти соҳибкорие, ки набошад, хоҳ дар шакли ошхона, хоҳ нуқтаи савдо ё дигар иншооти савдову хизматрасонӣ дар мақомоти дахлдори андоз ба қайд гирифта мешавад ва барои фаъолияти соҳибкорӣ аз сохторҳои ваколатдор иҷозатнома мегиранд, - мегӯяд Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. – Танҳо аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи муқаррарсозии реҷаи кори объектҳои савдо ва хизматрасонии дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда» аз 23 январи соли 2014 № 27 реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ё ноҳияҳои шаҳри Душанбе мувофиқа менамояд. Ва дигар ягон хел қарори махсус лозим нест.
Дар ҳудуди муассисаи давлатӣ ё корхонаи давлатӣ бар хилофи қонунгузорӣ сохтани иншоот ё бинои иловагӣ ғайриқонунӣ аст.
Барои ташкили нуқтаи савдо, аз ҷумла ошхона ё дигар объекти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар навбати аввал бояд соҳибкор худро дар мақомоти андоз аз қайд гузаронда, патент ё шаҳодатнома бигирад. Барои он ки ҷойи фаъолият дошта бошад, метавонад биноро ба шакли иҷора гирифта, корашро оғоз намояд. Агар зарурати корҳои сохтмонӣ пеш ояд, бояд аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳрӣ барои сохтмони ошхона ё тарабхона хулоса гирифта, лоиҳаи онро омода ва аз экспертиза гузаронад. Баъдан аз бозрасии назорати сохтмони шаҳр иҷозати сохтмон гирифта, пас аз анҷоми кори сохтмону аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул шудани бино метавонад, ки ба фаъолият оғоз кунад. Дар ҳолати ҳамин тартиботро риоя накардан ин иншоот ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад ва тибқи тартиби муқарраргардида бояд бартараф гардад.
Бояд гуфт, ки ҳар соҳа мушкилоти хоси худро дорад. Мушкили асосӣ айни замон дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ аз он иборат аст, ки аксарияти соҳибкорони дар ин самт фаъолиятдошта бе риояи баъзе аз  талаботи  қонунгузории ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Бино ё иншооте, ки бо қарори дахлдори раиси шаҳр сохта шудааст, бояд аз рӯи таъйинот истифода шаванд. Вале мутаассифона, аксари соҳибкорони мо онро ба дигар мақсад истифода мебаранд. Онҳо бе лоиҳаву экспертиза, хулосаи меъморию шаҳрсозӣ, қарори дахлдор самти фаъолияти объектро дигар мекунанд. Ҳамзамон дар хонаҳои истиқоматӣ ва аз қафои ошёнаи якуми биноҳои баландошёна дар боз карда мағоза, дорухонаю ошхона мекушоянд, ки инҳо ҳам ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ нестанд. Чунки тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи хонаи истиқоматӣ, истифодаи ҳуҷраи манзили истиқоматӣ бо мақсади табдил додани он ба объекти тиҷоратӣ манъ аст. Бояд дар ин маврид хонаи истиқоматиро аз фонди манзилӣ бароранд. Таъйиноташро тибқи тартиби муқарраргардида иваз карда, ба объекти тиҷоратӣ мувофиқ намуда, хулосаи сохторҳои дахлдорро дастрас кунанд. Дар ҳолати кушодани дар аз тарафи дигари бино он ба конструксияи бино таъсири манфӣ нарасонад. Барои пешгирии ин гуна амалҳо сохторҳои дахлдор бояд чораҳои зарурӣ бинанд. Тибқи қонунгузорӣ барои ашхоси қонуншикан ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шуда, онҳо ҷаримабандӣ мешаванд. Вале, ин корҳо боз такрор меёбанд.
Як мушкили дигар дар риштаи фаъолияти ошхонаву қаҳвахонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ нарху навост. Сокинон аз бесифатии таом, сатҳи муомилаву хизматрасонӣ ва арзиши баланди таомҳо шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки соҳибкорон танҳо дар фикри пур кардани ҷайби худ буда, нархро чи хеле хоҳанд, боло бурда, рӯзгори имрӯзи мардумро ба инобат намегиранд.
Оё ин гуфтаи мизоҷони ошхонаву қаҳвахонаҳо ҳақиқат дорад?
Бале, доштааст. Худ аз ошхонаи «Тахтача» ва қаҳвахонаҳои «Қарияи боло» ва «Чинори куҳан» дидан намуда, иттилоъ гирифтам, ки ҳар соҳибкори ин нуқтаҳоро иҷорагирифта арзиши хӯрокҳоро худ муайян мекардаанд. Аз ҷумла Тали Зарина гуфт, ки соли ҳаштум аст, ки қаҳвахонаи «Қарияи боло» - ро ба иҷора гирифта, нархи хӯрокҳоро (8 намуд) аз 7 то 25 сомонӣ худ муайян менамояд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 400 – 450 сомонӣ савдо карда, маблағи андоз ва обу барқро сари вақт мепардозад. Тарозуашонро ҳам аз санҷиши Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронда, мекӯшанд, ки мизоҷон аз фаъолияташон ризо бошанд. Бо кормандон шартномаи меҳнатӣ баста, онҳо 600 сомонӣ маош мегиранд.
Иҷорагири қаҳвахонаи «Чинори куҳан» Гулрафтор Каттаева иттилоъ дод, ки аз 1 апрели соли 2015 бо соҳибмулк шартнома баста, ҳар моҳ ба ӯ 2 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад. Қаҳвахона 100 ҷойи нишаст дорад. Реҷаи корашон аз соати 9 - и рӯз то 2300 - и шаб муайян гардида, бе рӯзи истироҳат фаъолият мекунанд. Нархи 15 намуд хӯрокро худ муайян кардааст. Дар болои арзиши шӯрбо, боршу қурутоб, лӯлакабобу шашликҳо, ки аз 4 то 7 сомонӣ арзиш доранд, барои фоида 2 сомонӣ ва мастоба 1 сомонӣ, мурғбирён 2,5 сомонӣ ва қайла 3 сомонӣ изофа мемондааст. То ба иҷора гирифтани онҳо дар қаҳвахона як хӯроки мурғбирён 35 сомонӣ, шашлик 12 – 15 сомонӣ ва шӯрбову мастобаву тушбераву карамшӯрбо аз 7 то 12 сомонӣ арзиш доштааст. Нархи хӯрокро нисбат ба пешина хеле паст кардем ва мақсад дорем, ки онро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем, мегӯяд Гулрафтор Каттаева.
Ба ин масъала ҳамчунин Дилшод Қурбонов, сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, рӯшанӣ андохта гуфт: «Масъалаи танзими нарх дар тарабхонаҳо, ошхонаву қаҳвахонаҳо ва дигар субъектҳое, ки ба кору хизматрасонии хӯроки умумӣ сарукор доранд, мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозорист. Яъне, онҳо дар нархгузорӣ ё пешниҳод кардани кору хизматрасониашон озод ҳастанд. Чунки шароит ва иқтисоди бозорӣ ҳаминро талаб мекунад, танҳо рақобат аст, ки дар бозор нархро муайян менамояд. Масалан, таоми ба муштарӣ пешниҳодкардаашонро метавонанд 1 сомонӣ ё 100 сомонӣ нарх гузоранд. Сохторҳои хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ин масъала таъсир расонда наметавонанд. Чунки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонӣ» муайян гардидааст, ки нарх дар бозор озод аст. Хадамоти мо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавӣ ё сохторҳои минтақавии он танҳо нархҳоеро ба мувофиқа мерасонанд, ки онҳо ҳамчун субъекти монополӣ дар бозори мол, кор, хизматрасонӣ ё истеҳсол эътироф шудаанд. Яъне он субъектҳои хоҷагидоре, ки дар феҳристи субъектҳои мо ҳамчун субъекти ҳукмфармо дар бозори мол, кору хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, дар соҳаи нақлиёт, фурӯши сӯзишворӣ ва дигар намудҳои маҳсулот ва кору хизматрасонӣ, ки бештар аз 35 дарсади бозорро дар даст доранд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оварда шудааст, ки иҷрокунандаи кору хизматрасонӣ бояд ба муштарӣ тамоми маълумотро дастрас намояд. Дар тамоми тарабхона, ошхонаву қаҳвахонаҳо, ки ба кору хизматрасонӣ машғуланд, рӯйхати ғизоҳо, аз кадом маҳсулот таркиб ёфтани онҳо, вазн ва нархашон бояд бошад. Ин талаботи Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аст. Агар меъёрҳо риоя нашаванд, ин вайрон кардани қонун ҳисобида мешавад. Соли гузашта тарабхонаҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доштаро мавриди санҷиш қарор дода будем. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки соҳибмулкон аз 50 то 150-200 дарсад дар нархномаҳояшон фоида гузоштаанд. Вале қонунгузорӣ иҷозат намедиҳад, ки ин корро маҳдуд кунем. Рӯз аз рӯз рақобат дар бозор шадидтар шуда истодааст ва дар ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе тавассути системаи бозорӣ танзими нарх ба вуҷуд омадааст. Масалан, баъзан тарабхонадору ошхонадорҳо аз набудани муштарӣ шикоят мекунанд. Дар ин сурат онҳо маҷбур мешаванд ки хизматрасониҳои иловаро пешниҳод намоянд. Аз ҷумла дар баъзе тарабхонаҳо воситаҳои интернетӣ, вайфай мегузоранд, ки муштариён бештар шаванд ё нархашонро пасттар мекунанд. Ба сифати хизматрасонӣ ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Агар ба ин раванд аз назари камбизоатии аҳолӣ нигарем, ба назарам ашхоси ба ин намуди фаъолият сарукор дошта худашон дар бозор нархро ба танзим медароранд.
Дар чанд рӯзи ошноӣ ба фаъолияти ошхонаву қаҳвахонаҳо ва суҳбат бо ашхоси масъули соҳа дар шаҳри Душанбе ба хулосае расидем, ки бахши таъминоти хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ дар он аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест. Масъулин камбудиҳои ҷойдоштаро зикр намуданд ва талош ҳам кардаанд, ки онҳо бартараф шуда, дигар амалҳои ғайриқонунӣ рух надиҳанд. Аммо ҳарчанд онҳо кор мебаранд, боз қонуншиканиҳо такрор мешудаанд. Шаҳбозҳое будаанд, ки болои қонун пой гузошта, ҳиссаи заминеро азхуд ё нуқтаи хизматрасонӣ бунёд карда «фаъолият» мекардаанд. Пас, фаҳмида мешавад, ки мақомоти масъул корҳои назоратиро суст ба роҳ мондаанд. Соҳибони тарабхонаҳо ҳам аз ҳадди инсоф убур карда, нархҳои ғизоҳои худро ба осмон бардоштаанд. Ошхонаҳо ҳам аз онҳо қафо мондан намехоҳанд. Ба буҳрони иқтисодиву камбизоатии мардум ҳам коре надоранд. Мақсад танҳо фоидаи бештар гирифтан аст.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2015    №: 95-96    Мутолиа карданд: 556

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед