logo

ҳуқуқ

МЕДАЛ АЗ МАСКАВ

Додоҷон Рӯзиев, сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият», яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳавзаи матбуоти кишвар, дар арафаи 70 - солагии Ғалаба ҳамчун родмарди интернатсионалист аз ҷониби Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Барои иҷрои вазифаи хидматии берун аз марзи Ватан» сарфароз гардид.
Номбурда солҳои 1979 - 1984 дар Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият бурда, бо медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» (соли 1982), «Ҷанговари интернатсионалист» (соли 1988), Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва медали ҷашнии «70 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» (соли 1988) қадр  шудааст.
Медали «Барои иҷрои вазифаи хидматии берун аз марзи Ватан» - ро, ки бо имзои фармондеҳи вақти Артиши 40 - уми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, генерали армия В.Ф. Ермаков, ки аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия расид, Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури  ҳампешагону ҳамқаламон ба Додоҷон Рӯзиев тақдим намуд.
Додоҷон Рӯзиев, дар зарфи фаъолияти беш аз 30 - солаи худ дар идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамеша чун рӯзноманигори асил, тарғибгари арзишҳои милливу ватандорӣ мавриди эҳтиром аст. Номбурда дар баробари нашру таҳияи матолиби пурарзиш, ҳамчунин дар камолоти даҳҳо шогирдон ва рӯзноманигорони тоҷик саҳм гирифтааст. Ин аст, ки мактаби бунёдии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар баробари дигар шахсиятҳои фарҳехта бо номи ӯ пайванди мустақим дорад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2015    №: 97-98    Мутолиа карданд: 564

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед