logo

ҳуқуқ

КИТОБЧАИ ҶАЙБӢ

Нақши он дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон

Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июни соли 2014, таҳти № 372 «Дар бораи Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016» зери назари Маҳмадсаид Саидзода, сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори милитсия, «Китобчаи ҷайбии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» аз чоп баромад.  Ин дастури раҳнамо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии онҳо нақши муассир дорад.
Китобча аз ҷониби Абдухолиқ Абдуллоев ва Муҳаммадносир Абдуллоев дар мувофиқа бо раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, олимони соҳа ва коршиносон таҳия гардида, дар он масъалаҳои мубраме, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳ хеле заруранд, инъикос ёфтаанд. Ба назари коршиносон, яке аз омилҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохуш дар роҳ ва ба садама дучор шудани кӯдакону наврасон огоҳ набудани онҳо аз қоидаҳои асосии ҳаракат дар роҳ мебошад. Зеро оид ба ин мавзӯъ пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ё маводи вижаи чопӣ нашр нашудааст. Маҳз бо такя ба ҳамин омил муаллифони китобчаи ҷайбӣ масъалаҳои асосии вобаста ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода, онро дар шакли як дастур ба хонандагони сершумор пешниҳод намудаанд.
Китобчаи ҷайбӣ дар баробари  хонандагону донишҷӯён, инчунин барои ҳамаи шаҳрвандон ҷиҳати донистану риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд. Хонанда метавонад онро ҳамроҳи худ гирифта, дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс мутолиа намояд, ба рафиқон ва наздикони худ оид ба мавзӯъҳои дар он дарҷгардида маълумот диҳад. Махсусан варақаи суратдори худчасп ва нақшаи роҳи бехатари аз хона то мактаб ва аз мактаб то хона бо нақшу аломатҳои роҳ ба кӯдак таъсири ҷиддии ҷисмиву рӯҳӣ мерасонанд.
Дар китобча баргаи қоидавайронкунӣ ҷой дода шудааст, ки кӯдакро барои риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муваззаф месозад. Вай эҳсос менамояд, ки дар сурати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нозири наврас ё нозири роҳ метавонад дар баргаи қоидавайронкунӣ маълумоти зарурӣ сабт намояд, ки ин ҳолат чӣ дар мактаб ва чӣ дар хона боиси сарзанишу маломат қарор гирифтани хонанда мегардад. Дар саҳифаи баъдӣ баргаи амалҳои нек ҷой гирифтааст, ки дар ҳавасманд намудани кӯдак нақши хеле муҳим мебозад. Ин барга имкон медиҳад, ки хонанда бештар амалҳои нек анҷом диҳад, то мавриди ситоиш ва таҳсини нозири роҳ қарор гирад.
Дар қисмати охири китобча хонанда метавонад дар бораи бадрафторӣ, бадгуфторӣ, қоидавайронкунӣ ва ҳаракатҳои дигаре, ки ин ё он ронанда содир намудааст, маълумот дарҷ намояд, рақами давлатии автомобили ӯро сабт ва ба нозири минтақавӣ пешниҳод кунад.
Д. РӮЗИЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2015    №: 100    Мутолиа карданд: 1363

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед