logo

ҳуқуқ

БАҲРА АЗ ТАҶРИБА

21 апрели соли 2015 дар «Кохи Ваҳдат» Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ «Соли 2015 –  Соли оила, аҳамияти муоинаи ҳатмии пешакии тиббӣ қабл аз издивоҷ ва пешгирии никоҳи байни хешовандони наздик» - ро баррасӣ намуд. Дар кори ҷаласа мутахассисони варзидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаи кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фикрҳои ҷолиб баён намуданд. Дар матлаби мазкур баъзе фикру ақидаҳоямро бо мақсади дастгирии андешаҳои онҳо баён месозам.
Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли оила эълон шудани соли 2015, албатта, бесабаб нест. Афзоиши пошхӯрии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон дар ҷумҳуриамон боиси нигаронист. Сарвари давлатамон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки «Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 9,5 фоиз зиёд аст». Афзоиши номатлуби ин ҷараён боиси афзудани теъдоди занҳои бешавҳару кӯдакони зиндаятим мегардад.
Пароканда шудани оилаҳои ҷавон якчанд сабаб дорад. Пеш аз ҳама ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ омода нестанд. Падару модарони онҳо, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаю уҳдадориҳои худро дар тарбияи фарзанди  солим пурра иҷро накардаанд. Бештар бетарафии онҳо нисбат ба баҳсҳои оилавии навхонадорон тадриҷан боиси парокандагии оилаи фарзандашон мегардад. Дар чунин ҳолат дахолати саривақтии маслиҳатомезу мусбати волидайн оид ба бартарафсозии мушкилоти оилавии ҷавонон зарур мебошад. Борҳо мушоҳида намудам, ки волидайн агар арӯсро барои фарзандашон ёфта ё интихоб карда бошанд, бештару зиёдтар кӯшиш менамоянд, ки зиндагии онҳо обод бошад. Мушкилоту нофаҳмиҳои ҷавононро дар ҳаёти оилавӣ бо роҳи панду насиҳатгӯӣ ба навхонадорон ҳаллу фасл менамоянду онҳоро ба ифоқа меоранд. Аммо агар арӯсро худи писарашон бе розигии пешакии волидайн интихоб карда бошад, падару модар чунин амали хайрро ба онҳо раво намебинанд.  «Арӯс ё зани худаш интихобкарда» гӯён бетарафиро авло медонанду ҷавонон сарҳисоби зиндагиашонро гум мекунанд.
Никоҳи хешутаборӣ низ аксаран боиси ба дунё омадани кӯдакони маъюбу нуқсондор мегардад. Падару модарон дар мавриди аз нигоҳи тиббӣ мувофиқат кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавии якҷояи фарзандонашон он қадар аҳамият намедиҳанд. Барпокунандагони оилаи навро аз муоинаи пешакии тиббӣ намегузаронанд. Чунин издивоҷкунандагон баъзан бенасл мемонанд, ё ин ки насли ноқисро ба дунё меоранду оянда азоби рӯҳӣ ва зарари иқтисодӣ мебинанд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки аксар вақт дар вайроншавии оилаҳои ҷавон падару модари тарафайн сабаб мегарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзан ҷавонон ба зиндагии мустақилона тайёр набуда, аз тарбияи хуби волидайн ва маърифати оиладорӣ бархӯрдор нестанд.
Чунин фаҳмиши зиндагӣ нати-ҷаҳои манфӣ ба бар меораду аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбияи чунин фарзандон  ниҳоят паст мебошад. Волидайни онҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигарон ба тарбияи ҷавонон диққати зарурӣ надодаанд. Дини мубини Ислом ба тарбияи фарзанди хуб, махсусан занону духтарони худотарсу порсо аҳамияти вижа зоҳир мекунад. Пайғамбарамон Муҳаммад (с.) фармудаанд: «Ҳар ки соҳиби се духтар ё се хоҳар ва ё соҳиби ду духтар ва ё ду хоҳар бошад, эшонро тарбияи солим диҳад ва дар муносибат бо онҳо худотарсиро пеша намояд, биҳишт ӯрост».    
Дар омӯхтани маънавиёти оиладорӣ, волидон, хешу таборон, наздикон, мактабу маориф ва ҳатто ҷомеа ба ҷавонон саҳми муносиб мегузоранд. Корро тавре ташкил кардан даркор аст, ки ҷавонон то ба остонаи хонадоршавӣ расидан, ба ҳаёти оилавӣ омода гарданд.  Ҳурмати якдигар, падару модар, хушдоману падарарӯс ва хешу таборонро ба ҷо оварда тавонанд. Ба волидайн сарборӣ нагардида, каму кости зиндагиашонро бо меҳнати ҳалоли худ  мустақилона ба сомон расонанд.
Ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавонон бинобар бекорию шуғли асосӣ надоштан аз уҳдаи оиладорӣ намебароянд. Дар ин ҳолат нақши падару модарон калон аст, чунки онҳо қудрати фарзандонашонро ба инобат нагирифта, хонадораш мекунанду дигар мададе  ба ин оилаи ҷавон намерасонанд. Дар натиҷа фарзанди онҳо бинобар таъмин карда натавонистани худу аҳли оила аз ҷиҳати иқтисодӣ хонавайрон мешавад.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи маънавиёти миллии мо мавҷудияти мафҳумҳои «ҳарому ҳалол», «маҳраму номаҳрам» мебошад, ки дар қонунгузорӣ ин хислатҳои шарқиёна ба инобат гирифта намешаванд. Масалан, дар Кодекси оила ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми маскунии зани аз шавҳар ҷудошуда дар манзили  шавҳар мавҷуд мебошад. Агар  шавҳар манзили истиқоматӣ надошта бошад, занони аз шавҳар ҷудогаштаро дар хонаи падару модари ӯ маскун месозанду ҷангу ҷидоли аҳли хонадон идома меёбад.
Қонунгузор бояд мафкураи миллии мо расму оин ва маф-ҳумҳои  «маҳраму но-маҳрам» - ро ба инобат гирад. Дар асноди қонунгузориҳои бисёр давлатҳои ҷаҳон маскун намудани занони аз шавҳар ҷудошуда дар манзили падару модари шавҳари собиқ мавҷуд нест. Ин амал танҳо дар Тоҷикистони мо, ки мафҳуми «маҳраму номаҳрам» яке аз ченакҳои асосии ҳаётамон мебошад, роиҷ шудааст.
Вобаста ба ҳамаи ин чанд пешниҳоди мушаххас дорам:
- Ҳангоми оиладоркунии фарзанд падару модар қудрати иқтисодии ӯро ҷиҳати таъминоти  оила  ба инобат гиранд. Аввал ӯро соҳиби касб ё шуғл  намоянду пас аз паи хонадоркуниаш шаванд. Ҳаёти фарзанди шахси дигарро дидаю дониста насӯзонанд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими оиладории марбутаро бо назардошти мафкураю маънавиёти  миллии мо такмил диҳанд. Барои вайроншавии оила, агар зан фарзанд дошта бошад, ба ҷои маскуншавӣ ҷуброни пулию молӣ муқаррар карда шавад, ки зан то ба балоғат расидани фарзандаш зиндагиашро пеш бурда тавонад.
- Аз муоинаю ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон пеш аз хонадоршавӣ ба манфиати бунёди оила ва насли солим мебошад. Хушбахтии оиларо пеш ҳама саломатии ҷуфти хонадоршаванда  таъмин месозад. Минбаъд  масъалаи саломатии аҳли оила боиси хонавайроншавӣ намегардад. 

Сафаралӣ ГУЛОВ,
узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
директори генералии
Ассосиатсияи нақлиёти
автомобилии мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2015    №: 100    Мутолиа карданд: 711

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед