logo

ҳуқуқ

ПУЛИ БЕДАРДИМИЁН МЕХОҲАНД

Мардуми диёрамон бо меҳнати софдилона ва арақи ҷабин нон ёфта, кӯшиш мекунанд ба коми фарзандонашон луқмаи ҳалол гузоранд. Яке омӯзгор, дигаре деҳқон, савумӣ фаррошӣ мекунаду зери кор монданро аз зери ор мондан авло медонад. Мутаассифона, дар ҷомеа шахсоне ҳам пайдо мешаванд, ки бо қаллобиву бевиҷдонӣ аз ҳисоби ранҷи дигарон ва буҷети давлат рӯз мегузаронанд. Худро бемор, корношоям ва ҳатто маъюб нишон дода, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мехоҳанд соҳиби пули бедардимиён гарданд.
Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, ҳангоми гузарондани санҷишҳо дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ 6 ҳолати ғайриқонунии таъйин ва пардохти нафақа ба шаҳрвандон ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд.
Масалан, шаҳрванд Ойша Маҳмудова соли 2001 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт маълумотномаи Комиссияи экспертии тиббии меҳнатии ҷумҳуриявиро қалбакӣ сохта, онро ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷаи ин сохтакорӣ О. Маҳмудова аз соли 2002 то соли 2012 - ум 33 592 сомонӣ пули нафақаро ғайриқонунӣ гирифтааст.
Ё шаҳрванд Зулфия Мухамедҷанова соли 2007 ба Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза доир ба таъйин намудани нафақа аз рӯи синну сол пешниҳод мекунад. Дар натиҷа ӯ аз соли 2007 то соли 2012 бо роҳи фиреб 10 200 сомонӣ пули нафақаи давлатиро ғайриқонунӣ азхуд намудааст.
Ташвишовар он аст, ки дар ҷомеаи мо фиребу қаллобии кормандони давлатӣ низ бисёр мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, соли 2008 собиқ мутахассиси пешбари Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ Замира Салимова бар хилофи талаботи моддаи 88 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба номи шаҳрванд Элза Куркевич дафтарчаи нафақавӣ тартиб дода, бо ба эътибор нагирифтани синну соли нафақагир аз соли 2008 ба ӯ 149 сомонӣ нафақапулӣ таъйин кардааст.
Замира Салимова бо фармони собиқ раиси ноҳияи Фирдавсӣ аз соли 2009 аз вазифа озод карда шуда буд. Аммо ӯ кирдорҳои ғайриқонунии худро идома дода, бо ҳаммаслакии корманди раёсат нафақапулии Э. Куркевичро аз соли 2009 ба маблағи 300 сомонӣ ва аз соли 2010 ба маблағи 400 сомонӣ бо роҳи сохтакорӣ зиёд намудааст. Бо сабаби ин қаллобӣ Э. Куркевич аз соли 2008 то соли 2013 - ум 17 408 сомониро азхуд намудааст.
Соли 2013 нисбат ба шаҳрванд Алиқул Утаганов бо аломатҳои моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои «б, г» ва 340 қисми 2, банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Номбурда шурӯъ аз соли 2001 то соли 2013 ба воситаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 67 940 сомонӣ пули нафақаро ғайриқонунӣ гирифтааст.
Боз ҳам ду шаҳрванди дигар, Усмонхон Яҳёев ва Олга Музаффарова ба чунин сохтакорӣ роҳ дода, аз ҷумла У. Яҳёев дар муддати дувоздаҳ сол (2001 - 2013) бо 38 231 сомониву 72 дирам маблағи нафақа ҷайби худро пур мекунад.
Дар қазияи Олга Музаффарова боз ҳам «қаҳрамон» - и пешинаи мо, собиқ мутахассиси пешбари Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ Замира Салимова «нақши асосӣ» мебозад. Маҳз ӯ маълумотномаи Комиссияи экспертии тиббии меҳнатии шаҳрванд О. Музаффароваро таҳти рақами 016603 аз соли 2000 – ум қалбакӣ сохта, ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод намудааст. Аз ин қонуншиканиҳои пай дар пайи З. Салимова пайдост, ки ӯ аз қаллобиҳои дар боло зикршуда манфиат мебинад. Вагарна ҳеҷ гоҳ ба чунин «корҳои хайр» даст намезад.
Албатта, ҷиноятпешагон мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҷазоҳои худро гирифтанд. Аз ҷумла, парвандаи Ойша Маҳмудова ба суд ирсол гардид ва бо ҳукми суд гунаҳкор дониста шуд. Мувофиқи ҳукми суд ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз азодӣ ба муҳлати се сол ва адо кардани ҷазо дар коллонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ, бидуни маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб ва фаъолиятҳои муайян таъйин гардид. Ҳамзамон маблағи зарар ба андозаи 33 204 сомонию 48 дирам аз ҳисоби маҳкумгардида О. Маҳмудова ба фоидаи давлат рӯёнда шуд.
Парвандаи ҷиноятии Зулфия Мухамедҷанова мувофиқи қонун, бинобар тағйир ёфтани вазъият қатъ гардида, зарар ба миқдори 10 200 сомонӣ аз ҷониби ӯ барқарор гардид. Ҳамчунин аз маҳкумшудагон Алиқул Утаганов ҷарима ба андозаи 8000 сомонӣ ва маблағи зарар ба андозаи 67 940 сомонӣ, Усмонхон Яҳёев ҷарима ба андозаи 8000 сомонӣ, маблағи зарар 38 231 сомонӣ ба манфиати давлат ҷуброн шуд ва ҷамъи маблағҳои нафақаи ошкоршуда дар давоми солҳои 2012 – 2014 – ум 260 073 сомонию 19 дирамро ташкил дод.
Дар охир ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари мақомоти прокуратура ҷинояткорон дер ё зуд ҷазои худро гирифтанд. Ҳадафи навиштани матлаб ин буд, ки касони манфиатҷӯ ва қаллоб пардаи ҳирс аз чашмашон бардоранд ва бояд донанд, ки пули гирифтаи онҳо ризқу насибаи ятимон, пирони барҷомонда, собиқадорони ҷанг ва мардуми маъюбу эҳтиёҷманд аст.

М. РАСУЛЗОДА,
ёвари прокурори ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе,
мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2015    №: 100    Мутолиа карданд: 604

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед