logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Луиш Амаду

16 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амадуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоиву Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои бисёрҷониба, ки дар доираи Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегиранд,  изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор дошт, ки «муносибот бо Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои умумии кишварҳои Аврупо оид ба Афғонистон бисёр муҳиманд, зеро  нақши он дар мусоидат ба нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ ва ҳам ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азияткашида фавқулодда муҳим аст».
Луиш Амаду ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи ӯ дар ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон арзи сипос намуд.
Оид ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия таъкид гардид, ки онҳо дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд, вале имкону захираҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо зиёданд.
Вуҷуди захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва сарватҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва техникаю технологияҳои пешқадаму имконоти васеи сармоягузорӣ дар  Португалия заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ маънидод гардид.
Мусоҳибон ҳамфикрӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳар ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ бояд бо имкону захираҳои ҳамдигар хуб ошно шаванд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ ва имконоти рушди ҳамкории минтақавӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 483

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед