logo

ҳуқуқ

АСПАМРО ДУЗДИДАНД, БА ДОДАМ БИРАСЕД!

Ба идораи рӯзнома ҷавонмарде ворид шуд ва худро Раҷабмаҳмад Ёров, сокини деҳаи Кирёнтеи Ҷамоати деҳоти Сарводаи ноҳияи Айнӣ, муаррифӣ кард.

Назар ба гуфтааш, ӯ даҳмарда буда, моли мардумро дар тобистон дар водии Яғноб ва дар зимистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бонӣ мекардааст.
Ӯ тирамоҳи соли 2012 аспашро ба Ёрмат Тошпӯлодов, сокини деҳаи Тоҷикобод - 2 (собиқ деҳаи Чу-чу)-и ноҳияи Ёвон ба мақсади нигоҳубин кардан медиҳад. Аввали моҳи апрели соли 2013 Ёрмат ба ӯ хабар дод, ки аспаш гум шудааст. Онҳо ҳар ду баъди чанд рӯзи кофтукоб муайян кардаанд, ки онро Аҳмадносир Куганов, сокини деҳаи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, дуздида, азони худ кардааст. Ӯ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон бо ариза муроҷиат карда, ҳамзамон дар куҷо будани аспашро хабар додааст. Ҳамчунин, дар баёноти худ тамоми нишонаҳои аспаш, аз ҷумла сияҳқизил будани ранги он ва каме каҷ будани суми пои росташро навиштааст.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо чанд нафар дар деҳаи Султонобод ҷамъ омаданд. Раиси Ҷамоати деҳоти Султонобод ва нозири минтақавӣ бе иштироки соҳибаш ва Ёрмат аспро аз рӯи нишонаҳои дар баёнот сабтшуда аз назар гузаронданд ва сад дар сад тасдиқ карданд, ки он аспи Раҷабмаҳмад аст. Ҳатто раиси ҷамоат ва ҳамсояҳои Куганов иброз доштанд, ки аспи гумшудаи ӯ пешонааш қашқа (яъне сафед) буд.
Баъди фаҳмидани сурати воқеа, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон амр медиҳад, ки аспро ба соҳибаш баргардонанд. Мутаассифона, касе дар байн даромад, ки ин кор ба таъхир афтод. Бо вуҷуди муроҷиатҳои бешумор кормандони ШВКД-и ноҳия ба арзи ӯ эътино надоданд ва дар ҷавоб иброз доштанд, ки ба суд муроҷиат намояд.
Мавсуф бо ариза ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат менамояд. Аз 1 августи соли  2013  таҳти рақами 12/18-Е-1 аз Б. Исмоилов, сардори ШК ва КХШ РВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия ба чунин мазмун ҷавоб гирифтааст, ки онро айнан меорем. «Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз тарафи нозироти ШК ва КХШ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар асоси аризаи шикоятии Шумо нисбат ба кормандони ШВКД -и ноҳияи Ёвон санҷиши хизматӣ гузаронда шуд. Ариза ва маводи ҷамъкардашуда нисбат ба аризаи Шумо айни ҳол дар прокуратураи вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор дорад. Баъд аз ба итмом расидани омӯзиши мавод аз тарафи прокуратура ва қабул намудани қарори қонунӣ ба таври иловагӣ ба Шумо хабар дода мешавад».
То имрӯз аз гирифтани ҷавоби мазкур беш аз як солу ҳашт моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол қароре ба тасвиб нарасидааст. Ба пурсишҳои телефонӣ аз прокуратураи вилоят чунин посух медиҳанд, ки он гуиё мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 12 июни соли 2013 ариза пешниҳод гардида, то ҳол ҷавобашро нагирифтааст.
- Ман намедонам арзамро ба кӣ гӯям. Охир, дар урфият мегӯянд, ки «моли муъмин хуни муъмин». Ман моли ҳалоли худамро талаб дорам.
Аз рӯи нишонаҳои дар баёнот навишта ҳама тасдиқ карданд, ки он аспи ман аст. Аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хоҳиш менамоям, ки арзамро ба самъи кормандони ШВКД ва прокуратураи ноҳияи Ёвон расонанд, то барои баргардондани аспам мусоидат намоянд,- мегӯяд Раҷабмаҳмад Ёров.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2015    №: 101    Мутолиа карданд: 660

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед