logo

ҳуқуқ

МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ

Алишер МАВЛОНЗОДА,
судяи суди ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши оила дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд  аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардан ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва фарзандон дар назди якдигар ва дар назди қонун як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Гузашта аз ин, дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимоя ва рушди оила, раванди таълиму тарбияи шоистаи фарзандон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо дар назар гирифтани пешрафти босуръати техника ва технологияи муосир ва ақиб намондан аз дастовардҳои даврони ҷаҳонишавӣ, ҳамасола маблағҳои назарраси буҷети давлат ба соҳаи илму маориф равона мешаванд.
Бо сабаби муҳимияти масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва нақши муассири оила дар ҷомеа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр карданд: «… ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар Соли оила эълон карда шавад». Ҳамзамон, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда, 9000-тои он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013 - ум 9,5 фоиз зиёд аст. Ба таъкиди Президент, сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии ин масъала, дар сатҳи матлуб иҷро накардани вазифаҳои падару модарон ва аз таълиму тарбияи дурусту шоиста дур мондани фарзандон мебошад. Агар падару модар ва фарзанд талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро пурра иҷро мекарданд, он гоҳ чунин вазъияти номатлуб зуҳур намекард.
Вазифаҳои падару модар, фарзандон, васиён, омӯзгору мураббиён, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои махсусгардондашуда ва дигар ниҳодҳои марбута дар қонунҳои мазкур мушаххасан нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 15, боби 5 оид ба ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд, чунин омадааст:
1. Дар ҳолати иҷро накардан ва ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.
3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд.
Оила ин як институти иҷтимоӣ, ниҳоди таркибии ҷомеа маънидод шуда, дар муҳити он кӯдак нашъунамо меёбад. Оила дорои сифатҳои зерин аст:
1. Аҳди байни мард ва зан.
2. Бо майлу рағбати худ барои ташкили зиндагии мустақилона камари ҳиммат бастан.
3. Бо майли худ ба зимма гирифтани масъулияти таваллуд, таъмин ва таълиму тарбияи фарзанд.
Шарҳи оила дар боби 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли зайл омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад».
Оила ниҳоди муқаддаси иҷтимоӣ буда, аз пайдоиши инсоният идомадиҳанда ва рушддиҳандаи ҷомеа мебошад.
Зербинои сохтори миллӣ ва давлатӣ дар ҳамин муассисаи хурд устувор мегардад. Одоб, ахлоқ, фарҳангу диндорӣ ва тарбияи иҷтимоӣ аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад. Инсон иззату эҳтиром ва муносибатро нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбат ба кӯдакон, рафтори самимона нисбат ба дӯстон, эҳтиром нисбат ба падару модар ва дигаронро дар муҳити оила меомӯзад. Аммо, онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳои хуби инсонӣ маҳрум мемонанд ва «ноқис» тарбия меёбанд, боиси сар задани нохушиҳо дар оила ва ҷамъият мегарданд. Аз ин рӯ, барои тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, мавҷудияти оилаи солим ва устувору муназзам зарур аст. Ҳар қадар, ки оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар шоиста ба воя мерасад ва ба хушнудии падару модар саҳмгузор ва ба пешрафти миллату давлат мусоидат менамояд.

Омилҳои устувории оила
1. Падару модар бояд ҳуқуқи якдигарро поймол накунанд, вазифаҳои худро ба иҷро расонанд, нисбат ба якдигар ошкорбаён бошанд ва бо ҳамдигар муносибати хуб ба роҳ монанд. Рафтору кирдори муносиби падару модар нисбат ба ҳамдигар барои фарзандон мисли дурри бебаҳоест, ки дар хазинаи маълумот ва зеҳну ҳофизаи онҳо ҷой мегирад ва замоне мерасад, ки фарзанд онро аз хазина бароварда, ба кор мебарад. Аммо агар падару модар нисбат ба ҳамдигар муносибати дурушту бемурувват дошта бошанд, ин доғи сиёҳ ба пастфитратии фарзандон сабаб хоҳад гашт.
2. Аҳли оила бояд сардори оиларо ҳамчун маъвогоҳ қабул намуда, дар атрофи ӯ муттаҳид ва дастурашро бемайлон иҷро кунанд.
3. Сардори оила бояд нисбат ба тамоми аҳли оила, бахусус кӯдакон бо лутфу меҳрубонӣ муносибат карда, хизмати онҳоро ба ҷо орад. Он гоҳ шахсият ва эҳтироми ӯ дар назди аҳли оила азизтар намоён мегардад ва масъулияти идориаш осонтар мешавад.
4. Сардори оила  бояд мувофиқи урфу одат ва ба қадри имкон барои аҳли хонадон туҳфаю инъом бихарад ва дар ҳоли харида натавонистан сабабашро ба онҳо шарҳ диҳад. Дар акси ҳол, нороҳатие, ки дар замири аҳли хонадон ба миён меояд, ба мушкилии оилавӣ оварда мерасонад.
5. Вақте сардори оила дар иҷрои баъзе корҳо ба ҳамсар ва фарзандонаш кумак мекунад, ба ин васила ӯ, аз як тараф эҳтироми худро дар оила нигоҳ медорад, аз тарафи дигар барои фарзандонаш, ки дар оянда оила бунёд мекунанд, намунаи ибрат мешавад.
6. Аъзои оила бояд бо ҳамдигар меҳрубон бошанд, якдигарро эҳтиром намоянд. Чунин тарзи рафтори онҳо ба кӯдак таъсир мегузорад ва ӯ дар муносибат бо атрофиён ин меъёрро риоя мекунад.
7. Ҳурмату иззате, ки падару модар нисбат ба падару модари худ менамоянд, барои кӯдакон бузургтарин дарси тарбия маҳсуб мешавад.
Хуб мебуд, агар дар оилаи худ барои пиронсолон ҷойи осудаи фароғат фароҳам оварем, то ки бобою бибӣ набераҳои худро дӯстдорию меҳрубонӣ карда тавонанд ва лозим аст, ки худи мо хизмати онҳоро ба ҷо орем. Аз як тараф бобоёну бибиён ба нигоҳубин  ниёз доранд, аз тарафи дигар наберагон аз муошират бо онҳо таҷрибаи зиндагӣ касб мекунанд.
Чунончи, дар боби 3, моддаи 10 - и қонуни мазкур омадааст, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар аз инҳо иборат аст:
- фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд;
- дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Боиси таассуф аст, ки дар ҷомеа баъзе фарзандон нисбат ба падару модарони худ беэътиноӣ ва носипосӣ карда, онҳоро ба хонаи пиронсолону бекасон равона мегардонанд. Дар таҷрибаи низоми судӣ ин гуна амалҳо мушоҳида мешаванд, ки на ба талаботи қонун, ба талаботи дини мубини Ислом ва ба ахлоқи ҳамидаи аҷдоди шарафмандамон созгор нестанд.

Таъкиди чанд нукта дар муҳити оила
Вақтҳои хобу хез ва хӯрок хӯрдан бояд ба низом дароварда шаванд;
Вақтҳои хондан, кор кардан, истироҳат ва ба тарбияи кӯдакон машғул шудан бояд муайян карда шаванд.
Барои кӯдак дар вақтҳои дилхушӣ бо дӯстонаш ва дар мактабу кӯча бояд вақт ҷудо гардад.
Роҳи аз ҳама босамар ва муваффақ дар тарбияи фарзанд меҳру муҳаббат ва қоидаву низом мебошад. Падару модароне, ки бо ин роҳ тарбияи фарзандро ба роҳ мондаанд, осудаву фараҳманд мешаванд ва ҷомеа низ аз онҳо осоиш хоҳад ёфт.
Аз муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.

Вақте кӯдак ба хатоӣ роҳ медиҳад, онро нодида бояд гирифт. Хатои кӯдакро дар байни одамон ба рӯяш гуфтан дуруст нест. Чунки ин ҳолат ӯро бешарм мекунад ва аз тарбия рӯ мегардонад. Беҳтар аст, ки дар назди одамон хато будани он амалеро, ки кӯдак содир кардааст, ҳалимона фаҳмонед. Агар ин усул натиҷаи дилхоҳ надиҳад, пас фарзандро дар алоҳидагӣ ба наздатон хонда, талқин кунед, ки аз ӯ чунин амалҳоро чашмдор набудед ва нисбаташ андешаҳои нек доред.
Мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи далерӣ ва ҷасурӣ тарбия намоем, то онҳо дар расондани паёми ҳақиқат ба ҷомеа худро масъул донанд ва дар пайи ислоҳи камбудиҳо бошанд. Дар он сурат, кӯдак дигар интизор намешавад, ки кай дигарон ба ӯ роҳи ислоҳи кореро нишон медиҳанд. Вақте кӯдакро дар рӯҳияи далерӣ тарбия карданӣ мешавем, ба ду нукта бояд аҳамият диҳем:
1. Мисолҳое, ки оварда мешаванд, бояд аз таърихи худи мо ва гузаштагони барӯмандамон бошанд.
2. Дар вақти нақл кардани ҳодисаҳо набояд ба муболиғаи аз ҳад зиёд роҳ дод ва ҳақиқатро ба афсона мубаддал сохт. Дар акси ҳол, ҳамаи воқеоти талқинкардаи мо дар зеҳни кӯдак боқӣ нахоҳад монд.
Ҳангоми тарбия набояд аз калимоти қабеҳ ва ноҷо истифода кард. Ба дашном, нафринхонӣ ва таҳқир, ки ҳаргиз хосияти тарбиявӣ надоранд, набояд роҳ дод. Вагарна кӯдак нисбат ба хурдсолони дигар ҳамон тарзи сухангӯиро раво мебинад.
Вақте кӯдак ба воя мерасад, ӯро аз рӯи мувозинати дӯстдорӣ ва тарс тарбия бояд кард. Аслан, мавзӯи «хавфу риҷо» дар ҳаёти ҳар инсон унсури зарурӣ ба шумор меравад. Вақте мувозинати ин ду навъи эҳсос вайрон шуда, яке афзун мешавад, он таъсири худро дар ҳаёти рӯҳии инсон нишон медиҳад. Воқеан, умеди неъмат ва андешаи уқубат бояд паҳлу ба паҳлу бошанд. Онҳое, ки соҳиби тавфиқ ва фазилат ҳастанд, бояд ба умеди мукофот бошанд ва онҳое, ки атрофиёнро тарсу озор медиҳанд, бо ҷазо таҳдид карда шаванд.
Дар мавзӯи тарбия муҳим аст, ки падар ва модар бо ҳам созиш дошта бошанд. Агар дар оила чунин як созиш набошад, яке аз волидон кори дуюмиро инкор кунад, дувумӣ сухани аввалиро такзиб пиндорад, онҳо эҳтироми фарзандро аз даст медиҳанд. Барои он ки фарзанд тарбияи дуруст гирад, фароҳам сохтани муҳити хубу муносиб шарт аст.
Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боби 2, моддаи 9 чунин омадааст:
- ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;
- ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;
- фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;
- риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;
- ба фарзанди дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;
- аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб - интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;
- дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;
- ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;
- таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;
- дигар уҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
- талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд:
Кӯдакон мувофиқи муҳите ташаккул меёбанд, ки дар он нашъунамо ёфтаанд ва онҳо фарзанди ҳамон муҳит ба шумор мераванд. Дар таълиму тарбияи фарзанд унсурҳои асосӣ инҳоянд: якум оила, дувум мактаб, сеюм муҳити дӯстону рафиқон ва чаҳорум рафиқоне, ки ӯ ҳамроҳашон дарс тайёр мекунад. Фарзанде, ки дар муҳити носолим нашъунамо меёбад, бо эҳтимолияти ғолиб рӯзе ба роҳи бад меравад. Ба ин хотир, шумо бояд аз оилаи худ сар карда, манзилҳоеро, ки дар он ҷо фарзандатон ба воя мерасад, таҳти назорат қарор дода, шароити лозимиро фароҳам оваред, зеро илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст. Зимни тарбия ба масъалаҳои зерин аҳамият бояд дод:
а) Аз давраи аввали ташаккули кӯдак аз батни модар сар карда, ризқи ӯро бо луқмаи поку ҳалол таъмин намудан аҳамияти калон дорад;
б) Баъди ба дунё омадани кӯдак хеле зарур аст, ки ӯро дар баробари ғизои ҳалол хӯрондан ва нигоҳубин кардан, аз чашму назарҳои бад муҳофизат кард;
в) Гуфтору кирдор ва рафтори мо бояд ҳамеша барои фарзандон намунаи ибрат бошад.
Агар хоҳем, ки онҳо баномусу шарафманд ва ҳассосу боиффат бошанд, чунин муносибатро бояд дар оилаи худ барқарор намоем ва нахустин касе, ки ба онҳо намуна мешавад, худи мо ҳастем. Аз ин рӯ, гуфтору кирдор ва рафтору ҳиссиёти мо дар хона аз унсурҳои муҳими тарбияи фарзанд ба шумор мераванд ва ин унсурҳо бояд дуруст истифода шаванд.
Фарзандонро дар рӯҳияи қадршиносӣ тарбия кардан зарур аст. Мо бояд некӣ кардан ва ба қадри некӣ расиданро ба фарзандони худ омӯзем, то ки онҳо қадршинос шаванд;
г) Кӯдак набояд аз зарби чӯб, итобу сарзаниш тарсад, балки ӯ бояд аз он андеша кунад, ки мабодо меҳру шафқати падару модарро аз даст надиҳад... Агар абрӯ дарҳам кашидани падар ва ё маҳзун гардидани чеҳраи гарми модар кӯдакро ба худ меоварда бошад, пас иҷрои ин кор лозим аст;
д) Бисёр муҳим аст, ки дар оила касе соҳибэътибор бошад. Агар дар хона нафари обрӯманде набошад, оила дар масъалаҳои идорӣ ба буҳрон дучор мешавад. Сардор дар оила бояд як нафар бошад. Ин тарзи зиндагӣ хеле муҳим аст.
Мард дар оила ба хотири баъзе мавзӯъҳои муайян масъули интизоми умумии хона аст. Дар бисёр масъалаҳо аввал ӯ ҷавобгар аст. Кӯдакон низ ба ҳастии чунин нафари масъуле дар хона эҳтиёҷ доранд. Агар кӯдак масъулиятшиносиро дар оила омӯзад, ӯ дар ҳаёт ба саргардониву бепарвоӣ гирифтор намешавад;
е) Бо ҳамаи фарзандон муносибати якранг доштан лозим аст. Воқеан, каме бепарвоӣ дар ин мавзӯъ метавонад таъсири суханони волидайнро дар назди фарзандон коҳиш диҳад.
Яке аз фарзандонро аз фарзандони дигар бештар дӯст доштан ҳисси рашки дигаронро бедор мекунад ва агар муомилаи падару модар бо фарзандон якранг набошад, ғайриихтиёр дар шуури бародарони дигар нисбат ба ӯ ҳисси нафрат пайдо мешавад.
Шумо аксаран гумон мекунед, ки кӯдаконатон аз фиребгарӣ, дуруғгӯӣ ва рафторҳои ноҷои шумо бехабаранд? Ҳаргиз! Ҳар ҳодисае, ки онҳо бо чашми сар мебинанд, дар дафтари хотираи онҳо сабт мегардад;
ё) Кӯдак бояд он чиро донад, ки донистанаш зарур аст, аммо ҳар чизе ки донистанаш зарур нест, набояд донад. Ӯ вобаста ба синну сол бояд аз мавзӯъҳои зарурӣ, ки барои қалбу рӯҳи ӯ фоида дорад, бохабар гардад ва ҳамчунин бояд аз арзишҳои миллӣ бархӯрдор бошад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2015    №: 102    Мутолиа карданд: 1710

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед