logo

ҳуқуқ

ПАЙРАВИИ КӮР - КӮРОНА

Ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ гаравидани ҷавонони тоҷик имрӯз масъалаи мубрамест, ки боиси нигаронӣ гардидааст. Ин масъала ҳоло дар доираҳои гуногун матраҳ мешавад.

Вобаста ба масъалаи мавриди назар дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд. Прокурори шаҳр Авазҷон Назарзода роҷеъ ба ифротгароии динӣ ва паёмадҳои хатаровари он сухан гуфта, изҳор дошт, ки бархе ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент низ аз ноогоҳию гумроҳӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои иртиҷоӣ афтодаанд. Бештари ин ҷавонон сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм мебошанд.
Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди шароит ва имконоте, ки баҳри омӯзиш ва шинохти дурусти дини мубини Ислом муҳайё гардидааст, боз ҳам иддае аз ҷавонони мо ба сафи ифротгароён пайваста, рехтани хуни бародарони мусулмони худро «ҷиҳод» мепиндоранд.
Ба андешаи Авазҷон Назарзода, сабаби аслии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ноогоҳии динии онҳост. Пайравии кӯр - кӯрона ва надоштани чашми дақиқнигар боис шуда, ки онҳо гумроҳ шаванд. Номбурда, инчунин надоштани шароити молӣ, заъфи таълиму тарбия дар мактаб, болоравии нуфузи рӯҳониёни риёкор, чораҳои зарурӣ наандешидани кормандони соҳаи маориф, дуруст тарғиб накардани ғояҳо ва моҳияти таълимоти дини мубини Ислом ва дигар омилҳоро заминаи гумроҳии ҷавонон арзёбӣ кард.
Муовини раиси шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ иттилоъ дод, ки барои маҳкум кардани ифротгароии динӣ ва гирифтани пеши роҳи он дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳамеша чорабиниҳои муҳим гузаронда мешаванд. Дар ин росто, бо фармони раиси шаҳр, аз 11 августи соли 2014, таҳти №63 Шӯрои мафкуравӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он зиёиён, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон ва намояндагони фаъоли ҷомеа шомил мебошанд. Шӯрои мазкур дар самти пешгирии заҳролудшавии мафкураи ҷавонон фаъ-олияти густурда дорад ва пайваста дар маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот чорабиниҳои судманд баргузор мекунад.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси шаҳри Панҷакент ба кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, имомхатибони масҷидҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати гирифтани пеши роҳи андешаҳои иртиҷоӣ, вусъат додани таълиму тарбия ва тарғиби асосҳо ва моҳияти дини мубини Ислом супоришҳои мушаххас дод.

Толиби ЛУҚМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2015    №: 103    Мутолиа карданд: 607

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед