logo

ҳуқуқ

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ ТАҶДИДИ НАЗАР МЕХОҲАД

Юсуф САЛИМОВ,
раиси суди ноҳияи Ёвон,
ҳуқуқшиноси дараҷаи олӣ,
генерал - майори адлия


Дар шароити кунунӣ зарурати воқеии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ моро вазифадор месозад, ки ба хотири рушди ҳамаҷонибаи давлату ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ояндаи наздик қонунҳои амалкунанда, бахусус қонуни мурофиавии ҷиноятиро ба меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонем, то риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба равандҳои демократисозии ҷомеа ва татбиқи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар кишварамон мусоидат намоянд.
Феълан қонуни нави мурофиавии ҷиноятӣ кулли ҷанбаҳои фаъолияти пешбурди мурофиаи ҷиноятиро бо дар назар гирифтани стандартҳои умумиэътирофшуда, бахусус Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, фаро гирифта, комилан ба онҳо мувофиқ гардонда шудааст ва дар баробари он доираи салоҳияти ҳокимияти судиро дар таъмини адолати судӣ нисбатан густариш додааст.
Боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти марбута то марҳалаҳои мухталифи муҳокимаи судӣ ва иҷрои ҳукм, ҳамин кодекс, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад, муайян месозад. Вале ҳар чизи нав, маъмулан аз камбудӣ холӣ нест ва дар баъзе меъёрҳои қонуни мурофиавии амалкунанда мақомоти марбутаи давлатӣ манфиатҳои соҳавиро бе дар назар гирифтани меъёрҳои кафолатдиҳандаи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ беш аз пеш ҷой додаанд, ки зимни қабули қонуни мазкур аз мадди назар дур мондаанд.
Мехостам дар ин матлаб таваҷҷуҳи хонандаро ба меъёрҳое ҷалб кунам, ки дар амалия зимни таъмини адолати судӣ нофаҳмиҳоро дар иртибот ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба миён овардаанд. Чунончи, принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ. Гумон мекунам, ки ҳар яки мо зери истилоҳи ин мафҳум қонунгузор чиро дар назар дорад, возеҳу равшан дарк мекунем. Ба андешаи ман, ин асос, пойдевор ё ин ки манбаъ дуруст бошад, зеро дигар меъёрҳои қоидаҳои мурофиавӣ аз ҳамин меъёрҳо маншаъ мегиранд.
Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3 декабри соли 2009 таҳти рақами 564 ба имзо расида бошад ҳам, то ҳол санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар бо ин меъёрҳо мувофиқ гардонда нашудаанд. Мутаассифона, то ба имрӯз меъёрҳо дар бораи амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратура» ва дигар санадҳо, ки тартиби дигари қоидаҳои мурофиавиро пешбинӣ мекунанд, амал доранд. Аз ин лиҳоз, барои аз байн бурдани мухолифат ва нофаҳмиҳо ҳангоми қабули қонунҳои нав ба мақсад мувофиқ мебуд дар моддаи 9 иловаи зайл ворид карда шавад: «Қонунҳое, ки мухолифи қонуни мазкуранд, татбиқ карда нашаванд ва меъёрҳои қонуни мурофиавӣ бояд мустақиман амал намоянд».
Дар баробари ин, тибқи талаботи моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Аз тарафи дигар, дар моддаи 8 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: - ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Босалоҳиятии судро қонунгузор дар ваколат мебинад, ки ин истилоҳ хусусияти мурофиавӣ дорад. Яъне, қоидаи мансубияти судии парвандаҳо, тобеияти судӣ ва ҳайати қонунии суд бояд риоя карда шаванд. Маро дар ин маврид бештар масоили тобеият ба андеша овардааст. Дар моддаи 259 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омадааст, ки дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади пурра ва холисолона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ онро аз як суд ба суди дигари ҳамто супоридан мумкин аст, танҳо бо иҷозати раиси суди ВМКБ, раисони судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе. Имрӯз дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки тобеияти судӣ аз ҷониби судҳои болоӣ аз тариқи хоҳиши масъулони мақомоти прокуратура муқаррар карда мешаванд. Ин аз нигоҳи қонун то чӣ андоза дуруст аст? Аз ҷониби дигар, мехостам, ба хотири возеҳ ва равшан будани ин масоил, дар қарор бояд «ҳолатҳои алоҳидае», ки дар моддаи 259 кодекси мазкур ин ибора оварда шудааст, кушода дода шавад, то бифаҳмем, ки ин ҳолатҳои алоҳида кадомҳоянд.
Баъдан бо ташаббуси кӣ ризояти раисони суди болоӣ оиди тобеият гирифта мешавад? Дар сурати ҷой доштани ин ҳолатҳо меъёри кафолатдиҳандаи конститутсиониро, яъне моддаи 19 Конститутсия ва моддаи 8 Кодекси мурофиавии ҷиноятиро чӣ хел аз лиҳози тобеият метавон маънидод кард? Оё муқаррар кардани тобеияти судӣ аз ҷониби судҳои болоӣ ба вайрон кардани ҳуқуқҳои конститутсионии судшаванда оварда намерасонад?
Мутобиқи қисми 2 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад. Дар моддаи 11 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омадааст: -ҳеч касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.
Бояд зикр кард, ки асосҳои дастгир кардан, дар ҳабс нигоҳ доштанро қонунгузор муайян кардааст. Вале ин асосҳо хусусияти эҳтимолӣ доранд ва оё дар оянда тасдиқи худро пайдо мекунанд? Аз ин рӯ, дар моддаи мазкур бояд муҳлати дастгир кардан баръало, яъне 72 соат нишон дода шавад. Дар сурати исбот нагардидани он бояд суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳкиқбаранда ё мақомоти таҳқиқ уҳдадор карда шаванд, ки бо гузашти ин муҳлат гумонбаршуда, айбдоршаванда фавран озод карда шавад. Аз ҷониби дигар, дар Кодекси мурофиавии Русия ин муҳлат ба 48 соат расонда шудааст. Гумон мекунам, ки ин муҳлат ба мақсад мувофиқтар буда, масъулияти масъулони мақомотро оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тариқи вақт дучанд менамояд. Мутаассифона, моддаи 92 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир кардани шахсро ба муҳлати 72 соат пешбинӣ намудааст, ки бо гузаштани ин муҳлат шахс бояд фавран озод карда шавад. Вале сархати 3 қисми 5 моддаи 111 ҳамин кодекс ба суд имконият медиҳад, ки ин муҳлатро дар сурати пешниҳоди дархости мақомот боз ба 72 соати дигар тамдид намояд. Ба ақидаи ман, ин тартиб начандон дуруст буда, манфиати соҳавии мақомотро васеъ карда, ҳуқуқҳои шаҳрвандро дар ин бахш маҳдуд месозад. Ҳол он ки барои муқаррар кардани ҳамроҳ будан ё набудани дастгиршуда дар содир кардани ҷиноят 48 соат кофист. Зеро ба ин васила меъёрҳои кафолатдиҳандаи Сарқонун бобати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин эътирофи арзишҳои олӣ, бахусус манфиати инсон таъмин мегардад. Аз ин рӯ, аз қисми 3 моддаи 92 кодекси мазкур ифодаи зерин «ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 Кодекси мазкур» ва сархати 3 қисми 5 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ хориҷ карда шавад.
Бо талошҳои пайгирона аз 1 апрели соли 2010 яке аз намудҳои чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан ба салоҳияти судя ва суд дода шуд, ки он аз талаботи модддаи 9 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф карда, қисми таркибии низоми ҳуқуқии моро ташкил медиҳад, бармеояд.
Феълан, зарурат ё аҳамияти таърихии чунин амали қонунгузор дар чӣ ифода меёбад? Барои чӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин услуби татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз ҷониби прокурор не, маҳз суд ё судя ниёз дорад? Бояд зикр кард, ки мақомоти судӣ ба кушодани ҷиноят масъул набуда, дар фаъолияти худ мустақил ва беғараз мебошанд. Ҳангоми баррасии масоили мазкур ниҳоят эътиёткорона амал хоҳад кард. Кулли давлатҳои дунё ин таҷрибаро пеш гирифта, дар бахши ҳимояи ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Аммо дар таҷрибаи судии мо акси ҳолро мушоҳида кардан мумкин аст. Фикр мекунам, ки мақомоти судии мо ғайрат надоранд, ки ҷавобгариро ба уҳдаи худ гиранд. Судҳои зинаи поёнӣ қарори дахлдор қабул менамоянд, вале зинаҳои болоии он бо фикру мулоҳизаҳои расмӣ ин қарорҳоро аз нигоҳи манфиатдории тафтишот бекор менамоянд. Кор ба дараҷае расидааст, ки судҳо дархостҳои дахлдорро сарсарӣ ва рӯякӣ баррасӣ намуда, аксари онҳоро қонеъ мегардонанд.
Воқеан, интихоби чораи пешгирӣ ин ҳуқуқи муфаттиш буда, ӯро дар ҳамин маврид бобати интихоби ҳатмӣ қонунгузор вазифадор намесозад. Меъёри 102 бо пайванди «агар» вобастагии зич дорад. Дар қонуни мурофиавӣ ба ин масъала моддаҳои 101 - 112 комилан бахшида шуда, дар он маҷмӯи кафолатҳо оид ба риояи ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии шахсият пешбинӣ шудааст. Вале амалияи судӣ бори дигар собит сохт, ки на дар ҳама маврид талаботи меёъри мазкур таъмин мегардад. Ғайриқонунӣ ва беасос татбиқ кардани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ мерасонад. Бояд маълум кард, ки ба тариқи судӣ ба ҳабс гирифтан ин як услуби ба танзим даровардани баҳс миёни мақомоти қудратӣ ҷиҳати маҳдуд кардани дахлнопазирии шахсият ба озодӣ ва шаҳрванд оиди дахолати давлат ба ин ҳуқуқ мебошад. Мусаллам аст, ки дар ин ҳолат суд ҳамчун довари беғараз бояд амал намояд. Мутобиқи маълумоти оморӣ 98 дарсади дархостҳои прокурор бобати ба ҳабс гирифтан аз тарафи судҳо қонеъ гардонда мешавад.
Оё ин нишондод ҷавобгӯи талаботи рӯз аст? Гумон мекунам, не. Аз ин рӯ, судҳои ҷумҳурӣ бояд масъулиятро ба дӯши худ гирифта, бо риояи меъёрҳои қонуни мазкур татбиқи чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан дар ҳар як ҳолати мушаххас асоснок ва қонунӣ таъмин намоянд. Агар бемасъулиятӣ зоҳир намуда, қарорҳои беасос қабул кунанд, ноумедии мардум аз чунин навоварӣ афзун хоҳад шуд. Гузашта аз ин, аз ҷониби судҳо на дар ҳама ҳолат талаботи моддаи 102 кодекси мазкур риоя карда мешавад. Бояд зикр кард, ки қисми 1 моддаи 111- и кодекс татбиқи чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан мутобиқи вазнинии ҷиноят пешбинӣ намудааст, ки он ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ (моддаи 20 Конститутсия) мухолифат мекунад. Зеро татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан танҳо ба хотири таъмин кардани пешбурди тафтишот буда, ба муқаррар намудани гуноҳ бо дар назар гирифтани вазнинии ҷиноят вобастагӣ надорад. Аммо дар аксар ҳолат дар таҷрибаи судӣ маҳз ҳамин омил боиси ба ҳабс гирифтан асос мегардад.
Бояд иқрор шуд, ки ин ҳолат аз Кодекси мурофиавии Русия гирифта шуда буд. Онҳо хатоии худро дар иртибот бо принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дарк карда, аз ин ибора, яъне вазнинии кирдор даст кашиданд. Зеро вазнинии кирдор бо гуноҳ вобастагии зич дорад, интихоби чораи пешгирӣ бошад, ба пешбурди тафтишоти пешакӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар моддаи 111 қисми 1 ҷумлаи дувум хориҷ карда шавад.
 Ҳамзамон, қисмати 3 моддаи мазкур вазифадор месозад, ки тарафҳо дар ҷаласаи судӣ ширкат варзанд. Вале дар баъзе мавридҳо дархости муфаттиш дар ғоибии гумонбаршуда ё айбдоршаванда баррасӣ мегардад, ки ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифат мекунад. Гузашта аз ин, меъёри номбурда бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани тарафҳоро эътироф карда, дар ғоибии онҳо баррасӣ кардани парвандаро ба мақсад мувофиқ мешуморад, ки ба принсипи мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ба моддаи 20 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ мухолифат мекунад. Бояд таъкид кард, ки дар қисми 5 сархати 1 моддаи 111 истилоҳи «интихоб» начандон мувофиқ омадааст, зеро мазмуни аслии интихоб ҷудо карда гирифтани яке аз ҳолатҳо ҳангоми ҷой доштани зиёда аз ду ҳолат мебошад. Мутаассифона, дар мо чунин имконият вуҷуд надорад. Дар қонунгузории Русия ҳамин тартиб оварда шудааст, вале онҳо ба истиснои дархости пешниҳодгардида дигар намуди чораҳои пешгириро дар сурати пайдо гардидани зарурият татбиқ карда метавонанд.
Воқеан, амалияи судӣ муқаррар сохт, ки баъзе ҳаракатҳои тафтишотӣ, аз қабили махфияти суҳбатҳои телефонӣ, маълумот оид ба содироту воридоти зангҳои телефонӣ бе ризоияти суд аз ҷониби мақомоти тафтишот амалӣ карда мешаванд. Дар навбати худ судҳо ин манбаъро ҳамчун далел, тибқи талаботи моддаи 72 кодекси мазкур эътироф менамоянд. Ҳол он ки дар аксарияти парвандаҳои ҷиноятӣ, ки аз ҷониби мақомот пешкаш шудааст, табуляграммаҳои суҳбатҳои воридотию содиротӣ бе риояи қоидаҳои мурофиавӣ талаб карда гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки ба моддаи 14 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот ворид гардида, амали мазкур дар бахши талаб карда гирифтани маълумоти марбута, бахусус табуляграммаҳои суҳбатҳои воридотию содиротӣ танҳо тавассути қарори суд амалӣ шавад.
Дар қисми 2 моддаи 15 кодекс баъди «уҳдадории исботи айб» илова карда шавад: «ва рад намудани ваҷҳҳои ҳимоя, ки ба манфиати гумонбаршуда ва айбдоршаванда пешниҳод гардидаанд». Давомаш мувофиқи матн хонда шавад. Бо ин восита масъулияти айбдоркунанда ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва талаботи моддаи 14 Конститутсия таъмин карда мешавад.
Ба моддаи 20 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ қисми нав илова карда шавад:
-«Функсияи айбдоркунӣ, ҳимоя ва ҳаллу фасли парванда аз ҳамдигар ҷудо буда, ба як мақомот ё ин ки як шахси мансабдор вогузошта намешавад». Бо ин роҳ мустақилияти айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи судӣ пурра таъмин карда мешавад. Воқеан, амалияи судӣ собит сохт, ки прокурор имрӯз дар мурофиаи судӣ мустақил нест. Хулосаи ӯ бо прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ намудааст ё ин ки аз прокуроре, ки дар тобеияти охирин қарор дорад, вобастагии зич дорад. Дар таҷрибаи судӣ ҳолате ҷой надорад, ки прокурор аз айбдорӣ боре ҳам даст кашида бошад. Аз ин рӯ, дар робита ба ин ва риояи талаботи моддаи 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурор, ки аз номи давлат таъқиби ҷиноятиро ба амал мебарорад, на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор аст, ки аз айбномаи беасос даст кашад. Чунин мавқеи прокурор ба принсипи мубоҳиса мухолифат намекард. Ин принсип прокурорро вазифадор намесохт, ки бо ҳар восита ва бархилофи далелҳои ҷойдошта, айбдоркуниро ҷонибдорӣ намояд. Аз ҷониби дигар, дар боби 3 «Асосҳои рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ» нақш ва мавқеи прокурорро бархилофи талаботи моддаи 93 Конститутсия дар меъёрҳои мухталифи кодекси мазкур ҷой додаанд.
Барои таъмини беғаразии прокурор зимни назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, инчунин ҷиҳати бартараф кардани муаммоҳое, ки дар боло зикр карда шуд, прокуратура аз ҷавобгарӣ барои кушодани ҷиноят, сифати тафтишоти пешакӣ ва сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа озод карда шавад. Функсияи тафтишот ва назорат аз болои тафтишот дар симои як шахси мансабдор, ки беғаразии прокурорро зери шубҳа мегузорад, (худаш аз болои худаш назорат мебарад) аз байн бурда шавад. Ба зиммаи прокуратура танҳо назорат гузошта шавад. Гумон мекунам, дар ин маврид холисии прокурор бештар маълум гашта, талабот оиди риояи қонун аз ҷониби тафтишот пурзӯртар хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар моддаи 35 кодекс (салоҳияти суд) яке аз ҳуқуқҳои асосии суд аз мадди назари қонунгузор дур мондааст. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд ҷумлаи зерин илова карда шавад: - шикоят аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 123 кодекси мазкур баррасӣ намояд. Дар баробари ин, барои риояи услуби техникӣ ва сода кардани ин меъёрҳо (150,168), ҳангоми татбиқи он салоҳияти прокурор дар як моддаи дахлдор, яъне моддаи 36 ҳамин кодекс номнавис карда шавад.
Тавре дар боло зикр шуд, дархости прокурорҳо бобати ба ҳабс гирифтан аз ҷониби судҳо 98 дарсад қонеъ гардонда мешавад. Аммо, баъд аз чанде муфаттиш бо розигии прокурор чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтаи судро тағйир дода, ин ашхосро аз ҳабс озод  менамояд. Ба андешаи ман, ин амал аз ҷониби прокурор мантиқан чандон дуруст нест. Бинобар  ин, аз салоҳияти прокурор ин амал хориҷ карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан то ба суд додани айбдоршаванда ё то қабули қарори ниҳоӣ дар ҳолати ибтидоӣ мононда шавад.
Дар  моддаи 38 омадааст, ки сардори воҳиди тафтишот дар доираи ваколати худ метавонад пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз як муфаттиш гирифта ба муфаттиши дигар диҳад. Вале қонун чунин амали сардорро маънидод накардааст, ки зарурати ин амал аз чӣ иборат аст. Гузашта аз ин, дар сархати 5 моддаи 38 омадааст, ки сардор ба прокурор дар бораи бекор кардани қарорҳои беасос қабулкардаи муфаттиш дархост пешниҳод кунад. Дар доираи салоҳияти сардори тафтишот қарор додани ҳуқуқи бекор кардани қарорҳои беасос ва ғайриқонунии муфаттиш ин иштибоҳ мебуд. Баръакс, тавассути ин амал мустақилияти онҳо дар ин радиф таносубан таъмин мегашт.  Аз ҷониби  дигар,  тарафи норозӣ метавонист аз болои ин амали сардор ба прокурори назоратӣ шикоят барад. Баҳри тақвият додани амали мазкур ба мақсад мувофиқ мебуд, ки масъалаи ҳалли раддия бобати беғаразии  муфаттишро сардор ҳаллу фасл намояд. Аз ҷумла, муҳлати тафтишоти пешакиро дароз ва қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятиро тасдиқ кунад. Зеро муфаттиш ҳамчун шахси мурофиавӣ дар қабули қарор бояд мустақил бошад. Дар акси ҳол беғаразии ӯ зери шубҳа гузошта шуда, ин амал аз тариқи услуби куҳна (назорати прокурорӣ) ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба таъхир гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳар чи бештар мустақилияти муфаттишро таъмин намоем. Ба ақидаи ман, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар доираи ваколатҳои муфаттиш,  аз қабили шикоят аз болои қарори прокурор  оид ба бекор кардани қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад. Чунки иштирокчиёни пешбурди тафтишоти пешакӣ ин гуна ҳуқуқро доранд, ба истиснои муфаттиш.
Имрӯз амалия маълум кард, ки муфаттиш иштироки ҳимояро аз лаҳзаҳои дастгиркунии воқеӣ ба хотири манфиати соҳавӣ пурра инкор менамояд. Бо ҳар баҳона ё қотеъона аз лаҳзаҳои аввали дастгиркунӣ ҳимояро дидаю дониста барои иштирок дар парванда роҳ намедиҳад. Барои риояи талаботи моддаҳои 92-94 кодекси мазкур дар моддаи 39 КМҶ ҶТ муфаттиш вазифадор карда шавад, ки аз лаҳзаи воқеан дастгир кардани гумонбаршуда ё пешниҳоди ордер (иҷозатнома) иштироки воқеии ҳимояро бечунучаро таъмин намояд. Гумонбаршуда дар радифи айбдоршаванда бояд «бо ҳимоятгар то пурсиши аввал як ба як, маҳрамона  бе маҳдуд кардани  шумора ва давомнокӣ суҳбат кунад, бахусус аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ». Зеро ин ҳолат нисбат ба айбдоршаванда пешбинӣ шуда бошад ҳам,  нисбат ба гумонбаршуда аз мадди назари қонунгузор дур мондааст. Дар моддаи 46 КМҶ ҶТ ин ҳолат илова карда шавад. Ҳамзамон, дар моддаи 46 қисми 4, сархати 4 ва моддаи 47 қисми 4, сархати 6-и ҳамин кодекс  матни ҷумла дар таҳрири зайл ифода карда шавад: - «бо дасти худ, бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондодашро сабт кунад». Зеро дар амалия муфаттиш ба хотири манфиати соҳавӣ нишондоди гумонбаршуда, айбдоршавандаро аз нигоҳи худ бо истифода аз истилоҳи ҳуқуқӣ ё ин ки техникаи компютерӣ сабт мекунад.
Чаро қонунгузор зимни пурсиши шоҳид дар моддаи 56 КМҶ ин ҳолатро риоя намуда, ҳангоми пурсиш ба сифати гумонбаршуда (м. 46) ва айбдоршаванда (м. 47) ин ҳолатро риоя накардааст?
Дар моддаи 51 КМҶ ҶТ илова карда шавад: - «аз лаҳзаи воқеан дастгир намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё пешниҳоди ордер (иҷозатнома) - и ҳимоятгар». Дар моддаи 53 КМҶ ҶТ дар қисми 2 сархати 7 дар охири ҷумла илова карда шавад:-«нусхабардорӣ кунад». Дар қисми 6 сархати аввал пас аз калимаи «гаштааст, ба истиснои сирри давлатӣ ва муносибатҳои маҳрамона» илова карда шавад. Чунки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри амалӣ кардани талаботи моддаи 5 Конститутсия шаффофияти фаъолияти ин мақомот, ба хотири риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон беш аз пеш зарур аст. Аз ин рӯ, аз меъёрҳои мухталифи кодекси мазкур ин гуна маҳдудиятҳо хориҷ карда шаванд. Дар баробари ин, дар қисми 2 моддаи 60 КМҶ (шахсони холис) илова карда шавад: - кормандони ғайриштатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коромӯзон, кормандони штатӣ ва нафароне, ки зиёда аз ду маротиба дар санаҳои гуногун ба ҳайси шахси холис дар чунин амалиётҳо иштирок кардаанд.
Бояд иқрор шуд, ки боби 9 КМҶ ба далелҳо бахшида шуда, танҳо далелҳои татбиқшавандаро инъикос намудааст. Мутаассифона, дар қисмати далелҳои татбиқнашаванда, хусусият ва номгӯи онҳо меъёри мустақим ҷой надорад. Дар муқоиса бо кодекси мо дар кодекси Федератсияи Русия ин ҳолат возеҳу равшан маълум карда шудааст.  Аҳамияти ин меъёр барои суд, судя ҳангоми баҳодиҳии далелҳои ҷамъовардаи мақомоти тафтишот ниҳоят зарур ва ҳатмӣ мебошад. Ҳамзамон, тарафҳо метавонанд чунин далелҳоро тибқи талаботи моддаи 123 КМҶ ҶТ то марҳалаи судӣ шикоят намоянд. Аз ин рӯ, дар ин боб меъёри нав ҷой дода шавад.
Далелҳои мамнун:
1. Далелҳое, ки бо вайрон кардани талаботи кодекси мазкур ба даст оварда шудаанд, мамнун эътироф мешаванд. Далелҳои мамнун эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва дар пояи айбдорӣ гузошта намешаванд, инчунин ҳангоми исботи ҳолатҳо дар моддаи 85 Кодекс истифода намегарданд.
2. Ба далелҳои мамнун дохил мешаванд:
1) нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда зимни тафтишоти пешакӣ дар ғоибии ҳимоятгар, дар ҳолатҳои даст кашидан аз ҳимоятгар ва тасдиқ накардани гумонбаршуда, айбдоршаванда дар маҷлиси судӣ;
2)  нишондоди ҷабрдида, шоҳид дар пояи фарзияю тахминҳо ва овозаҳо, инчунин нишондоди шоҳид агар манбаи дарёфти онро нишон дода натавонад;
3) дигар далелҳое, ки бо вайрон кардани Кодекси мазкур ба даст оварда шудаанд.
Боби 10 КМҶ ба исбот ё исботкунӣ бахшида шудааст, аммо зери мафҳуми исбот ё исботкунӣ қонунгузор  чиро дар назар дорад, кушода дода нашудааст. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, агар дар боби мазкур меъёри алоҳида оид ба исбот ҷой дода шавад.
«Исбот дар ҷамъ овардан, санҷиш (тафтиш) ва баҳодиҳии далел бо мақсади муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар моддаи 85 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, иборат  мебошад».
Воқеан, қонунгузор дар қисмати баҳодиҳии далелҳо (моддаи 88 КМҶ ҶТ) ҳамаи ҳолатҳоро,  ба истиснои далелҳои мамнун пешбинӣ намудааст. Модоме,  ки баҳодиҳии далелҳо дар худ маънои мансубият, имконпазирӣ  ва саҳеҳ будани далелҳоро дарбар гирад, пас чаро меъёри мазкур дар радифи далелҳои мамнуният бо қисмҳои нав илова карда нашавад? Аз ин рӯ, ба меъёри мазкур қисматҳои нав илова карда шаванд:
4. «Дар ҳолатҳои пешбиникарда (далелҳои мамнун) қисми 2 суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда далелҳои мамнунро эътироф менамоянд.
5. Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо дархости гумонбаршуда, айбдоршаванда ё бо ташаббуси худ ҳуқуқи эътирофи далелҳои мамнунро доранд. Далелҳои мамнун дар пояи фикри айбдоркунӣ ҳамроҳ карда намешаванд.
6.  Суд, судя бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ ҳуқуқи эътирофи далелҳои мамнунро доранд».
Барои таъмини шаффофияти пешбурди тафтишоти пешакӣ, тақвият бахшидани кафолати ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таҳкими мубоҳиса дар марҳалаҳои то судӣ муқаррароти қисми 2 моддаи 241 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши ҳуқуқи айбдоршаванда оид ба шиносшавӣ бо маводи парванда, рӯнавис кардани маълумот  ба андозаи гуногун, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро бо ёрии воситаҳои техникӣ нусхабардорӣ кардан нисбат ба ҷабрдида (м.42), ба даъвогари гражданӣ (м.44), ба гумонбаршуда (м.46), айбдоршаванда (м.47), ҳимоятгар (м.56), ҷавобгари гражданӣ (м.54) пешбинӣ  карда шавад.
Мутобиқи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳукми судӣ», аз соли 1992, далелҳое, ки бархилофи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, чун далел эътироф карда намешаванд. Аз ин рӯ, бисёр хуб мебуд, агар меъёри мазкур дар боби исботи далелҳо дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба таври дақиқ, равшан ва возеҳ дарҷ мегардид. Дар сурати пайдо шудани шубҳа бобати мамнунияти далел бо дархости гумонбар, айбдоршаванда бо мувофиқа бо ҳимоятгар прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда онро ҳамчун далел эътироф намекарданд ва дар пояи фикри айбдоркунӣ қарор намедоданд. Аз тарафи дигар, ин қисмати фаъолияти мақомоти тафтишотӣ таҳти назорати судӣ ва шикоят қарор дода шавад. Гузашта аз ин, таҷрибаи судӣ гувоҳи он аст, ки судяҳо меъёрҳои Кодекси мурофиавиро ҳамаҷониба азбар накардаанд. Дар аксарияти ҳукмҳо  шикоят, дархост, баёнот, аризаҳои гумонбар, айбдоршаванда ба ҳайси далел эътироф карда шуда, дар пояи он гунаҳгории судшаванда муқаррар карда шудаанд. Ҳол он ки ин маълумотҳоро чун нишондод эътироф кардан чандон дуруст нест.
Манбаи далел дар ин ҳолат танҳо ашхосе, ки ба ҳайси гумонбар ё айбдоршаванда ба парванда ҷалб карда шудаанд, тибқи талаботи моддаи 72 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда метавонанд. Пеш аз пурсиш ба гумонбар ё айбдоршаванда ҳуқуқҳои ӯ, ҷиҳати додан ё надодани нишондод бояд фаҳмонда шавад (мм. 46 - 47). Дар сурати розӣ будан тибқи талаботи моддаи 311 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ вай бояд огоҳ карда шавад, ки минбаъд нишондоди ӯ ба сифати далел истифода хоҳад шуд.
Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки истифодаи маводи дар ҷараёни амали оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ба даст оварда, дар маҷлиси судӣ муаммои зиёдеро пеш оварда истодааст. Аз ин лиҳоз, маводи фаврӣ - ҷустуҷӯӣ бояд , пеш аз ҳама, ба талаботи далелҳо ҷавобгӯ бошад. Ҳангоми гирд овардани мавод аксбардорӣ, сабти овоз, наворбардорӣ, маълумотномаҳои гуногун далел шуда наметавонанд. Вале онҳоро ҳамчун асос барои ҷамъ овардани далел истифода кардан мумкин аст ва шахсе, ки дар амалиёти тафтишотӣ ширкат варзидааст, мумкин аст ба сифати шоҳид пурсида шавад.
Масъалаи дигаре, ки дар амалияи судӣ ташвишовар аст, ин талаботи моддаи 89 КМҶ ҶТ- преюдитсия мебошад. Дар мо имрӯз ин меъёрро ҳамчун ҳолате эътироф мекунанд, ки гунаҳгории ин ё он шахсро аз тариқи санадҳои судии қаблӣ муқаррар сохтаанд ва бояд танҳо ҷазо таъйин кард. Нодуруст маънидод кардани меъёри мазкур дар таҷриба ба хатоиҳои зиёде оварда мерасонад. Бинобар ин, санадҳои дар боло зикргардида набояд гунаҳгории шахсеро, ки дар мурофиаи судӣ иштирок накардааст, пешакӣ ҳаллу фасл намояд.
Аз ҷониби дигар, қисмати аввали моддаи номбурда санади судӣ дар намуди ҳукмро пешбинӣ намуда, на танҳо ҳолати муқарраршуда, ҳатто баҳодиҳии ҳуқуқии онро дарбар гирифтааст. Ба андешаи ман, асоси ҳар як санади судӣ қисмати  муайянкарда буда, он чизе ки суд муқаррар сохтааст ва аз нигоҳи он ҳолати номбурда исбот гаштааст. Механизми эътирофи он бо тариқи баҳодиҳии ҳуқуқии далелҳо сурат мегирад. Аз ин рӯ, дар диспозитсияи моддаи мазкур нишон додани ибораи баҳодиҳии ҳуқуқӣ аз ҷиҳати услуб чандон дуруст нест. Ҳамзамон, дар радифи ҳукму ҳалнома бояд қарорҳои маъмурӣ низ зикр гарданд. Мутаассифона, дар ин меъёр нишон дода нашудааст. Чизи дигаре, ки мехостам тавваҷуҳи хонандаро ба он ҷалб кунам, мухолифати қисмати аввал ва дувуми моддаи мазкур мебошад. Дар қисмати дувум (ҳалнома) масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ буда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии судшавандаро ҳал намояд. Дар қисмати аввал (оид ба ҳукми судӣ)  ин ҷумла ҷой надорад ва гумон мекунам, ки ҳатман бояд ҷой дода шавад, зеро ҳангоми татбиқи он нофаҳмӣ ба миён меояд.
Дар қисми 1 моддаи  89 (преюдитсия) дар ҷумлаи аввал баъди ибораи «парвандаи ҷиноятӣ» «ё ин ки дигар қарорҳои эътибори қонунипайдокардаи суди гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ»  илова карда шавад. Пас аз калимаи муқарраркардашуда «ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо» аз қисми 1 хориҷ карда шавад. Зеро гунаҳгории нафари дигарро бо ин восита муқаррар сохтан бар хилофи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебуд. Қисми 2 моддаи номбурда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
2. «Ҳукм ва қарорҳои судии дар қисми 1 пешбинишуда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии нафароне, ки дар баррасии парвандаи қаблӣ иштирок накардаанд, ҳал намояд».
Дар қисми 4 моддаи 94 КМҶ ҶТ ифодаи зерин илова карда шавад:
«баъди калимаи моддаҳо сифри 46» илова карда шавад. Дар давоми ҷумла «то пурсиши гумонбаршуда бо хоҳиши вай бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунад» илова карда шавад.
Аз қисми 1 моддаи 123 КМҶ ҶТ шикоят аз амал (беамалӣ) ва қарори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ҷумлаи охир «аз амал ва қарори прокурор ба прокурори болоӣ ё суд шикоят карда мешавад» хориҷ карда шавад.
Моддаи 124 қисми 1 КМҶ ҶТ дар таҳрири нав ифода карда шавад:
«Қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор дар бораи рад ва қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, инчунин дигар қарор ва амал (беамалӣ) таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии иштирокчиёни пешбурди судӣ зарар мерасонад, ё ин ки дастрасии адолати судиро барои шаҳрванд маҳдуд месозад ба суди ноҳия дар маҳалли пешбурди тафтишот шикоят  оварда мешавад».
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки боби 20 КМҶ (шартҳои умумии тафтишоти пешакӣ) прокурорро, чун мақомоти тафтиши пешакӣ муаррифӣ намуда, пешбурди парвандаҳои мушаххасро, дар ҳолатҳои алоҳида бошад, ҳамагуна парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои қисмҳои 7 ва 8 моддаи 161 КМҶ ба пешбурди худ қабул менамояд. Оё дар чунин маврид Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он талаботи моддаи 93 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар доираи ваколати худ, беғаразона ва холисолона татбиқ карда метавонанд? Гумон мекунам, ки ин меъёрҳо ба талаботи моддаи 93 Конститутсия мухолифат мекунанд.
Оё дар ҳамин ҳолат прокуроре, ки назорати дақиқро амалӣ менамояд, худаш аз болои худаш назорат бурда метавонад? Ё ин ки дар ҳамин маврид прокурор беғаразии худро зери шубҳа намегузорад ва чӣ гуна холисиашро таъмин менамояд?
 Воқеан,  айбдоркунӣ барои исботи гуноҳ равона карда шуда, назорат бошад, аз ин ҳолати воқеӣ дур аст. Ин маҳфумҳо, яъне «назорат» ва «айбдорӣ»  дар симои  як шахси мансабдор - прокурор якдигарро мазмунан пурра инкор мекунанд. Аз тарафи дигар, моддаи 140 КМҶ ҶТ асосҳои оғози парвандаи ҷиноятиро пешбинӣ кардааст, ҳол он ки сархатҳои аввал, яъне 1 - 4 дар хусуси сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ номнавис гаштаанд, танҳо сархати 5 асоси оғози парвандаро муайян сохтааст. Ба назари ман, агар дар номи моддаи номбурда калимаи «сабабҳо ва» илова карда мешуд, мазмунан мувофиқат мекард. Баъдан мухолифати миёни моддаи 147, ки сухан дар бораи айбдоркунии хусусӣ меравад, бо моддаи  24 қисми 2 мувофиқат намекунад. Чунки қисмати аввали моддаи 147  тартиби оғози парвандаи ҷиноятиро бобати айбдоркунии хусусӣ ба зиммаи таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор вогузоштааст, ки дар амалияи пешбурди то судӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овардааст. 
Имрӯз дар Кодекси мурофиавӣ мафҳуми тараф ҷой дода шудааст. Илова бар он тарафҳо мутобиқи моддаи 88 Конститутсия ва моддаи 20 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар пешбурди муҳокимаи судии парвандаҳо дар суди марҳалаи якум, инчунин ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои болоӣ баробаранд.Ин принсипи мазкур ба тарафҳо ҳуқуқи баробарии дар қонунҳои мурофиавӣ пешбинишударо кафолат медиҳад. Аммо бар хилофи меъёрҳои номбурда дар марҳалаи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ тарафҳо таносубан баробар нестанд. Мутобиқи қисми 1 моддаи 369 кодекси мазкур раисикунанда ҳайати суд (се судя), прокурор ва тарҷумонро эълон мекунад. Вале дар ин маврид прокурор ба ҳайси тараф муаррифӣ карда нашудааст. Дар баробари ин, бобати тарафи ҳимоя  ҳарфе  зикр наёфтааст. Аз оғоз тарафҳо дар ҳолати нобаробар қарор доранд. Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 369 омадааст, ки баъди додани баёнот суд хулосаи прокурорро мешунавад ва барои баровардани таъйинот ба хонаи машваратӣ меравад. Оё дар чунин маврид суд ба хулосаи прокурор ниёз дорад? Аз ҷониби дигар, меъёри мазкур прокурорро аз тарафи дигар боло гузоштааст.
Дар ин ҳолат тибқи талаботи қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ иштироки прокурор дар марҳалаи кассатсионӣ ва назоратӣ  ба ҳайси тараф на чун нозир бояд таъмин карда шавад. Зеро бартарии прокурор нисбат ба тарафи мутақобил дар ин ҳолат баръало маълум мегардад, ки ба меъёрҳои мазкур, бахусус моддаи 369 ҳамин кодекс мухолифат мекунад.
Бояд иқрор шуд, ки дар ин марҳалаи назоратӣ тарафҳо боз таносубан баробар нестанд. Аз оғоз онҳо дар ҳолати нобаробар қарор доранд. Масалан дар қисми 7 моддаи 410 омадааст, ки тарафҳо баъд аз баромади маърӯзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори судиро тарк мекунанд. Оё дар чунин маврид суд ба хулосаи прокурор ҳамчун мураббӣ ниёз дорад? Гузашта аз ин, меъёри мазкур прокурорро аз тарафи дигар боло гузоштааст. Дар ин ҳолат талаботи қисми 2 моддаи 88 Конститутсия бо моддаи 410 кодекси мазкур мухолифат менамояд.
Дар моддаи 405 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омадааст:
- «Ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда, таъйинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда, ё таъйинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давоми як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст». Мутаассифона, амалияи судӣ бори дигар собит сохт, ки аксарияти эътирозҳои назоратӣ бе асосҳои ҷиддӣ оварда мешаванд. Гуфтанием, ки ин меъёр низ қисман аз Кодекси мурофиавии Русия гирифта шудааст. Аҷоибаш дар он аст, ки меъёрҳои ба манфиати ҳуқуқу озодиҳои инсон иртиботдошта аз мадди назар дур монда, манфиатҳои прокурор бошад, дар ҳолати мушаххас боло гирифтаанд. Аз ин рӯ, мехостем меъёри мазкур бо қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
- «Ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда, таъйинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда, ё таъйинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ иҷозат дода намешавад, ба истиснои қисми дувуми моддаи мазкур». Қисми аввал ба қисми 2 иваз карда шуда, баъди ҷумлаи дар давоми як сол аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани онҳо ҷумлаи нав илова карда шавад: - «агар ҳангоми пешбурди судӣ вайронкунии ҷиддии (фундаменталии) қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода шуда, ба қонунӣ будани ҳукм, таъйинот ва қарори судӣ таъсир расонад». Моддаи мазкур бо қисми 3 дар таҳрири нав илова карда шавад:
- Ба вайронкунии ҷиддии (фундаменталии) Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки ба қонунӣ будани ҳукм, таъйинот ва қарори судӣ таъсир мерасонад ҳолатҳое фаҳмида мешаванд, ки ҳукм бо ҳайати ғайриқонунии суд бароварда шуда бошад, инчунин маҳрум кардани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятии судӣ дар имконияти татбиқи ҳуқуқҳои кафолатдиҳандаи кодекси мазкур ҳангоми баррасии адолати судӣ дар асоси принсипи мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ё ин ки ба таври ҷиддӣ  маҳдуд кардани ин ҳуқуқҳо, агар чунин маҳрумкунӣ ё маҳдудкунӣ ба қонунӣ будани ҳукм, таъйинот ва қарори судӣ таъсир расонад.
Дар қисми 1 моддаи 409 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омадааст, ки Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, прокурори ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ метавонанд бо мақсади баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор парванда талаб намоянд. Аммо чунин ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаро тарафи муқобил, ҳатто ҳимоятгар надорад. Оё ин меъёр ба моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад?
Аз тарафи дигар тарафҳо аз нигоҳи худ манфиатдоранд, ки ба санади қабулкардаи суд эътироз ё шикояти назоратӣ биёранд. Пас талаб карда гирифтани парванда аз ҷониби яке аз тарафҳои манфиатдор амнияти парвандаи ҷиноятиро дар қисмати ворид кардани тағйирот ба амалҳои тафтишотӣ ё санадҳои ҳамроҳкардашуда ё аз байн бурдани далел ё сохтакории он ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт халалдор намесозад?
Дар қисми 2 моддаи номбурда омадааст, ки прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҷиноятиро доранд (дар шумораи ҷамъ) ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътирозро пешниҳод менамоянд. Маълум аст, ки прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳуқуқи овардани эътирози назоратиро надоранд. Пас талаб карда гирифтани шумораи зиёди парвандаҳои ҷиноятии эътибори қонунипайдокарда чӣ маънӣ дорад? Дар ҷумлаи дувум омадааст:- ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод менамоянд.
Кадом мавридҳои заруриро дар назар дошта бошанд? Оё ба хотири ҳамин мавридҳо ба прокурорҳои болоӣ ҳуқуқи овардани эътирози назоратиро қонунгузор дар қисмати аввали ҳамин модда муайян накардааст? Ё ин ки дар сурати муқаррар кардани иштибоҳ ё хатоие, ки боиси бекор кардани ҳукм мегардад, прокурори поёнӣ бо гузориши худ диққати прокурори болоиро ба ин ҳолат ҷалб карда наметавонад? Аз ҷониби дигар, агар ин амалҳо дар доираи ваколати ин прокурорҳо дохил нашаванд, пас ин қисмати дувуми моддаи мазкур барои онҳо чӣ лозим аст?
Хулоса, ба хотири тантанаи волоияти қонун, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун арзиши олӣ, пешниҳоди мо ин аст, ки духӯрагиҳо ва нофаҳмиҳо миёни меъёрҳои мухталифи қонуни мазкур, инчунин аз байн бурдани манфиатҳои соҳавӣ ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи танқидӣ таҷдиди назар карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2015; 23.05.2015    №: 106, 107    Мутолиа карданд: 595

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед