logo

маориф

«РОҲБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ»

Ҷавоб ба мақолаи «Роҳбарони бемасъулият», рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 05.02.2015, № 25

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 09.02.2015, № 330 аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат факту рақамҳои дар мақолаи «Роҳбарони бемасъулият» дарҷгардида, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 05. 02. 2015, № 25 ба нашр расида буд, мавриди санҷиш  қарор дода шуд. 
Гурӯҳи корӣ бо мақсади бо асли воқеа шинос гардидан аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш боздид намуда, аз натиҷаи сафари хизматӣ маълумотномаи муфассал пешниҳод намудааст.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014, № 286 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014 - 2015” ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14. 05. 2014, № 967, қарори раиси вилояти Хатлон аз 22. 05. 2014, № 100, қарори раиси ноҳияи Вахш аз 13. 06. 2014, № 405 корҳои зиёд ба анҷом расонда шудааст.
Бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш аз 03. 07. 2014, № 6/17 Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013 - 2014 тасдиқ карда шуда, фармони мудири шуъбаи маориф оид ба таъсиси ситоди фаврӣ бо ҷамъи 80 нафар масъулон аз ҳисоби кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ба имзо расидааст.
Ҳангоми санҷиш масъалаҳои зерин: захираи маводи сӯхт (ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ), шишабандии тирезаҳо, ҳолати санитарии мактаб ва синфхонаҳо, ҳолати физикии мактаб, ҳолатҳои бехатарии зидди сӯхтор ва тарзи ҳуҷҷатгузорӣ пурра баррасӣ шуд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия маводи сӯхт барои мавсими тирамоҳу зимистон захира карда шуда,  нақшаи талабот иҷро шудааст. Он таъкидҳое, ки дар мақола нисбати муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш оварда шудааст, дар баъзе мавридҳо аз асли мақсад зиёд ва баъзан асосноканд, ки ин факту далелҳо дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ноҳия, масъулони молияи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мақола аз ҷумла қайд шудааст, ки маъмурияти мактаби № 21-и ноҳия дар соли 2013 40 ҳазор сомонӣ маблағи барои таъмиру тармим ҷудошударо нагирифтааст. Ҳамчунин, зикр шудааст, ки «Ҷамшед Абдуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, изҳор кард, ки маблағҳо барои сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ сарф шуданд ва барои таъмир пул нарасид…».
Дар ин хусус мудирияти шуъбаи маориф тавзеҳ дод, ки дар ҳақиқат дар соли хониши 2013 - 2014 таъмири қисме аз мактабҳо ба дараҷаи зарурӣ анҷом наёфтааст. Аз ҷониби раёсати молияи ноҳияи Вахш ба ин хотир маблағҳои калоне ҷудо карда шуда буд, аммо 30 дар сади он ҳам истифода нагардидааст. Сабаби инро раҳбарияти шуъбаи маориф дар он мебинад, ки маблағҳо ба корҳои дигар, ғайримақсаднок сарф шудаанд. Дар масъалаи зимистонгузаронӣ ва бо ҳезуму ангишт таъмин гардидани мактабҳо мудири шуъбаи маориф Қудратулло Абдуллоев иброз дошт, ки воқеан ҳам ба муассисаҳои таълимии ноҳия ҳезум ба таври зарурӣ дастрас нашудааст. Сабаб чист? Тибқи шартномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва раёсати молия бо ширкати «Хайриддин» (сарвараш соҳибкор Хайриддин Шарифов) бояд таълимгоҳҳои қаламрав бо ангишт таъмин мешуданд.
То он даме, ки раёсати молия маблағи таъминоти ангиштро пардохт мекард, ба мактабҳо ангишт расонда мешуд. Баъдтар маблағҳои боқимонда ба сабабҳои иҷро нагардидани андоз аз буҷети маҳаллӣ ба ширкати мазкур пардохт нагардида монд. Табиист, ки дигар аз ҷониби ширкати  «Хайриддин» ба муассисаҳои таълимӣ ангишт расонда нашуд. Шуъбаи маорифи ноҳия ҳисоботи иҷроиши нақшаи таъминоти ангиштро дар асоси шартномаи байни ширкати «Хайриддин» ва мактабҳо пешниҳод кардааст. Ҳамлу нақли ангишт ба макотиби ноҳия аз моҳи августи соли 2013 шурӯъ гардида, то сентябри соли 2014 идома ёфт. Аммо аз моҳи сентябр сар карда, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ангишт қатъ гардид. Аз ҷониби собиқ раиси молияи ноҳия ваъдаҳои фаровоне дода шуд. Кор ба дараҷае расид, ки маоши омӯзгорон сари вақт пардохт нагардид. Роҳбарияти собиқи мақомоти иҷроияи ноҳия аз иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда баромада натавонист. Маҳз бо талошу кӯшишҳои раиси нави ноҳия Шарбатулло Азизулло маоши моҳҳои сентябр, октябр ва ноябр ба устодону омӯзгорон пурра пардохта шуд. Новобаста аз вазъияти мавҷуда қисмате аз муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз захираҳои ангишти соли гузашта ва бо мадади бевоситаи соҳибкорон, раисони ҷамоатҳо, падару модарон бо ҳезум таъмин гардиданд. Дар хусуси биноҳои садамавии таълимгоҳҳо ҳангоми мулоқот бо раиси ноҳия маълум гашт, ки мактабҳои №№21,8,22,3 дар вазъи баде қарор доранд. Тибқи нақша бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди макотиби мазкур идома хоҳад ёфт. Метавон гуфт, ки биноҳои иловагӣ дар мактабҳои №№19,70,44,35 то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.
Мутаассифона, рафти санҷиш нишон дод, ки маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва умумии ҷамоатҳои  деҳоти “Машъал”, “Тоҷикобод”, шаҳраки ба номи “Киров” ва муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти “20 - солагии “Истиқлолият” аз бемасъулиятӣ ҳуҷҷатдориро дар мавриди зимистонгузаронӣ мақсаднок ба роҳ намондаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш  масъалаи мазкурро  зери назорати ҷиддӣ қарор надода, барои амалӣ намудани талаботи  иҷрои қарори мазкур чораҳои мушаххас  наандешидаанд. Мебоист, ки масъалаи мазкур доимо дар ситоди ноҳиявӣ  мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода мешуд.
Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ рӯзи охирини санҷиш дар ҳузури роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовини соҳавии раиси ноҳия Ф.Зоҳидова ҷамъомад гузаронда, рафти санҷишро ба тариқи муфассал ба самъи онҳо расонда, масъулони шуъбаи маорифи ноҳияро вазифадор намуд, ки барои ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар самти амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм дар байни директорон ва муовинони онҳо семинарҳои омӯзиширо ба роҳ монанд. Дар  рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ноҳияи Вахш 46 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи асосӣ, 1 литсей ва 1 мактаб-интернат, дар маҷмӯъ 61 муассисаи таълимӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар соли 2014 тибқи меъёрҳои тасдиқшудаи маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар умум бояд ба маблағи 30576394 сомонӣ пешбинӣ мешуд, мутаассифона, аз ҷониби шуъбаи банақшагирии раёсати молияи ноҳияи Вахш маблағҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ба маблағи 30081722 пешбинӣ гардидааст, ки ба маблағи 494672 сомонӣ  аз меъёрҳои тасдиқшуда кам мебошад. Иҷроиши маблағҳои мазкур бошад, 27786598 сомониро ташкил карда, маблағи 2295124 сомонӣ аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия азхуд карда нашудааст, ки ин бо сабаби маблағгузорӣ нашудан аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2014 аз ҷониби муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш барои таъмири ҷорӣ ҳамагӣ 1145241 сомонӣ пешбинӣ гардида, ки аз ҷониби раёсати молияи ноҳияи Вахш барои ин мақсад ба андозаи 554647 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки (аз ин маблағ 313036 сомониаш танҳо барои сохтмони бинои асосии муассисаи таълимии № 21) буда,  боқимонда  590594  сомониаш аз худ карда нашудааст.
Ҳамчунин, ҳисоботи шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш оид ба талаботи муассисаҳои таълимӣ ба ангишт ҳамагӣ барои 978 адад  печҳои аловии дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуда, ба миқдори 620 тонна, ки  арзишашон 400491 сомониро ташкил медиҳад, ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст, ки, мутаассифона, аз ҷониби раёсати молияи ноҳия барои харидани ангишт аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ҳамагӣ 256393 сомонӣ ҷудо шудааст, ки аз ҳаҷми талабот 141231 сомонӣ кам мебошад.
Дар яке аз бандҳои мақолаи “Роҳбарони бемасъулият” оварда шудааст, ки аксарияти мактабҳои ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда нашудаанду баъзеяшон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки ин нокифоягӣ ва ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки камбудиҳои ҷойдошта пурра бартараф карда шуда, муассисаҳои таълимии ноҳия сари вақт бо ҳезуму ангишт таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин масъалаи шишабандии синфхонаҳо комилан ҳалли худро ёфта, мактабҳо бо истифода аз маблағҳои аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷудогардида таъмиру тармим мешаванд. Бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ зери назорати қатъии мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Котиботи матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2015    №: 109    Мутолиа карданд: 1315

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед