ҳуқуқ
НАЙРАНГҲОИ САОДАТ ШАРИФЗОДА
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолаи шаҳрвандон Файзулло Файзиев ва Мақсудҷон Болтуев бо номи «Найрангҳои Саодат Шарифзода», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 69 (22 631) аз 3 апрели соли 2015 ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 11 июли соли 2014 даъвои Шарифзода С. нисбат ба Файзиев Ф., Ҳасанов М., мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи идораи амволи шаҳри Хуҷанд ва Идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд дар бораи боэътибор донистани шартномаи иҷора, беэътибор донистани Қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти № 289 аз 16 июни соли 1997 дар бораи қисман ба фурӯш иҷозат додани бинои мағоза ба Ҳасанов М., беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши бино, беэътибор донистани шаҳодатномаи соҳибмулкӣ аз 16 июни соли 1997, Қарор ва шаҳодатнома оид ба қонунигардонии молу мулк таҳти № 3942 аз 26 июни соли 2009, беэътибор донистани шартномаи ҳадя аз 16 августи соли 2011, боэътибор донистани шартномаи иҷораи мағозаи «Ситора» ва эътирофи ҳуқуқи моликии ӯ ба бинои мағоза қисман қонеъ ва даъво дар қисми боэътибор донистани шартномаи иҷора ва эътирофи ҳуқуқи моликият рад карда шудааст.
Аризаи даъвоии Файзиев Ф. нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҳам ҷавобгарии Шарифзода С. оид ба беэътибор донистани амри раиси шаҳри Хуҷанд таҳти № 254 аз 23 октябри соли 1996, бартараф кардани монеа аз тарафи Шарифзода С. оид ба холӣ кардани мағозаи «Ситора», ба тариқи маҷбурӣ баровардани ҷавобгар Шарифзода аз мағоза ва татбиқи муҳлати даъво рад карда шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 30 сентябри соли 2014 ҳалномаи мазкур бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.
Доир ба ваҷҳҳои рӯзнома бояд зикр намуд, ки онҳо дар маҷмӯъ аз норозӣ будан бо санади судӣ шаҳодат медиҳанд ва дар ин маврид тибқи талаботи моддаи 96 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суди болоӣ сурат мегирад.
Оид ба натиҷаи омӯзиш ба муаллифон хабар дода шуд.
Мавлуда ПУЛОДӢ,
муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2015 №: 110 Мутолиа карданд: 1185