logo

ҳуқуқ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ СММ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3- и шаҳри Норак маросими ба кор оғоз намудани Маркази салоҳдид дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид «Ғизои мактаббачагон» баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Фатҳиддин Исмонов, роҳбари маркази Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Николас Оберлин, директори Пажӯҳишгоҳи озуқаи Русия Владимир Черников, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов, ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади таъмини хонандагони мактаб бо хӯроки серғизо ва бад - ин васила ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба омӯзиш роҳандозӣ гардида, сиёсати давлатро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ роҳандозӣ менамояд. Он аз соли 1993 дар Тоҷикистон амалӣ шуда, алҳол 360 000 мактаббачаи синфҳои поёнии минтақаҳои деҳоти кишварро фаро мегирад. Дар натиҷаи амали барнома давомоти муҳасилин нисбатан беҳ гардид. Таҳқиқот нишон дод, ки хӯроки хуб таваҷҷуҳи хонандагонро ба дарсҳо меафзояд ва ба ташаккули ҷисмониву равонии онҳо мусоидат менамояд.
Тамоми маҳсулоте, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ба мактабҳо дастрас менамояд, бо маъдану витаминҳои фоиданок ғанӣ буда, ҷиҳати пешгирии норасоии микроаносирҳо дар организм муфид арзёбӣ мешаванд. Таркиби таомҳо аз ғалладона, равғани растанӣ, намаки йоднок ва сабзавот иборат аст. Арзиши хӯрок барои як хонанда дар як рӯз 19 сент (~ 1.2 сомонӣ) - и амрикоиро ташкил медиҳад. Минбаъд кӯдакон дар ду баст хӯроки гарму ғизонок истеъмол мекунанд. Ин аз як сӯ баҳри ҷалби наврасон ба хониш ва аз ҷониби дигар дар сарфаи хароҷоти оилаҳои ниёзманд дар харидани маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо Пажӯҳишгоҳи озуқаи Русия лоиҳаи санҷишӣ (пилотӣ) - ро дар макотиби миёна амалӣ менамояд. Дар ин асно пажӯҳишгоҳ ба мақсади ташаккули фаҳмиши ғизои солим дар зеҳни кӯдакон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 – ро бо таҷҳизоти инноватсионии ошхонаӣ ва усулҳои навтарини омодасозии таом таъмин намуд.
Николас Оберлин иброз дошт, ки дар ин самт Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Пажӯҳишгоҳи озуқаи Русия, инчунин ассосиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон ҳамкорӣ менамояд. Моҳи феврали соли ҷорӣ барнома ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии ғизо барои хонандагон ёрии молӣ расонд. Дар назар аст, ки оянда дар асоси стратегияи миллӣ нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия шуда, минбаъд мактабҳо ба таъминоти давлатӣ гузаранд.
 Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2015    №: 112    Мутолиа карданд: 580

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед