logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ВА НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ҶАҲОНИ МУОСИР

27 май дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳокимияти давлатии иҷроия, қонунгузор, судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳаи ҳуқуқ зимни як конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» масоили гуногуни ҳуқуқиро ба риштаи баҳс кашиданд.

Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сухани муқаддимавии худ ҳадафи аслии баргузории нишаст ва зарурати баррасии мавзӯоти матраҳшударо шарҳ дод.
Сипас дар ҷараёни нишаст, масоили қаробат, аз ҷумла ҳамоҳангсозӣ ва якҷояшавӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқ дар қонунгузорӣ, таҳлили муқоисавӣ - ҳуқуқии низомҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, назири ҳуқуқи конститутсионӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, оилавӣ, андоз, гумрукӣ, соҳибкорӣ дар муқоиса ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, табиати ҳуқуқӣ ва моҳияти низоми он, низоми ҳуқуқии романию олмонӣ, умумӣ, исломӣ, одатӣ, тавсифи умумии дигар низомҳои муосири ҳуқуқ, тафовути ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ низ дар меҳвари баҳси коршиносони соҳа қарор гирифт.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳуқуқу озодиҳои инсон дар конститутсияҳои бисёр кишварҳои ҷаҳон афзалияти хос касб кард. Ин амри тасодуфӣ набуд, зеро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ муайянкунандаи тамоми самтҳои ҷомеа ва давлат мебошад. Номбурда Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар радифи қонунҳои асосие қарор дод, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олии ҳуқуқӣ эътироф карда, боби дуюми он ба ин масъала бахшида шудааст.
Ба андешаи Зариф Ализода, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат арзишест, ки ба низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон аз муқаррароти дигари констиутсионие мебошад, ки аз тамоми соҳаҳои ҳуқуқ тақозо мекунад, то дахлнопазирии ҳуқуқҳои табиии инсонро таъмин созанд. Дар ҳамин ҳол, маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ пешбинӣ гардида, ин амр дар ҳуқуқи конститутсиониву байналмилалӣ низ нишон дода шудааст. Аммо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон сурат хоҳад гирифт, - афзуд Зариф Ализода.
- Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат беш аз 350 қонун ба тасвиб расид, ки дар меҳвари онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон қарор гирифта, ба рушди ҷомеа нигаронда шудааст. Дар ҳамин давра зиёда аз 30 кодекс қабул гардид, ки дар миёни онҳо «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи чашмрас дорад. Ин матлабро Барно Саивализода, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён намуда, қонунгузорӣ дар бахши ҳуқуқи ҷиноятиро сипари давлату давлатдорӣ, осудагии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд унвон кард.
Дар конфронс ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои «Низомҳои ҳуқуқӣ: наздикшавӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мавқеи криминалогия дар низоми илми ҳуқуқии Тоҷикистон», «Мавқеъ ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар арсаи байналмилалӣ», «Роҳҳои такмили муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир», «Ҷойгоҳи ҳуқуқи комплексӣ дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2015    №: 113    Мутолиа карданд: 623

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед