logo

фарҳанг

ҶУЛЙЕТТА ВА САД ҚИССАИ ДИГАР…

Мусоҳиба бо устод Хайрӣ Назарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

«Гарчанд аз 12 - солагиам рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекардам, танҳо баъди дар театри ба номи Лоҳутӣ иҷро намудани нақши Ҷулйетта ба худ бовар кардам, хешро ҳамчун ҳунарпеша шинохтам».
Ин гуфтаҳои устод Хайрӣ Назарова мавзӯи асосии мусоҳибаи моро муайян карданд. Бо ҳам қарор додем оид ба ин симоофарӣ дар фоҷиаи драманависи асри 16-и англис Уилям Шекспир «Ромео ва Ҷулйетта» суҳбати муфассале дошта бошем. Зеро ки 62 сол пеш, маҳз иҷрои ҳамин нақш дар зиндагии эшон таҳаввулоте ба амал овард, роҳи эҷодии минбаъдаи ҳунарпешаи 23 - соларо муайян намуд.
Дар мусоҳиба аз симоҳои дигари офаридаи ин ситораи театри тоҷик дар намоишҳои «Отелло», «Шоҳ Лир», «Ҳамлет» – шоҳасарҳои классикии ҷаҳонӣ, ки низ ба қалами Шекспир тааллуқ доранд, ёдовар мешавем. Устодону ҳамбозиҳо, лаҳзаҳои муассири зиндагии ҳунарпешаи барои ҳамаи мо азизро, ки имсол ба синни мубораки 85 мерасанд, ба хотир меоварем.

- Устоди азиз, 23 феврали соли 1953 дар саҳнаи Театри давлатии академию драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷиаи «Ромео ва Ҷулйетта» дар таҳияи нав ва Ҷулйеттаи дигар – актрисаи 23 - сола Хайрӣ Назарова бомуваффақият намоиш дода шуд. Ин воқеа аз тарафи мунаққидон, алоқамандони санъати бозигарӣ, ҳунарпешаҳо, Ҳукумати вақти Тоҷикистон чун рӯйдоди бузурги фарҳангӣ, дастоварди арзишманди театр ва ҷилои дигарбораи ҳунари актёрону саррежиссёри он Ефим Исоевич Мителман арзёбӣ гардид. Шуморо баъди ин нахустнамоиш дар кишвар ҳамчу ҳунарпешаи ҳирфаӣ шинохтанд. Аммо то расидан ба ин рӯзи нишот якуним соли пурзаҳмат лозим шуд…
- На якуним, балки ёздаҳ сол лозим будааст. Зеро ки ман аз соли 1942 дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекардам. Дар якчанд спектакле, ки устоди аввалинам, коргардони ин театр Абдулло Ҷӯраев рӯи саҳна оварда буданд, нақшҳои асосиро мебозидам, яъне андак таҷрибаи нақшофариро доштам.
Соли 1951 барои кор ба театри ба номи Лоҳутӣ даъват шудам. Гап сари он ки Ефим Исоевич – саркоргардони ин театр соли 1947 спектакли «Ромео ва Ҷулйетта»-ро бо иштироки София-апа Тӯйбоева ва Алиназар Хоҷаев дар нақшҳои асосӣ, ба саҳна гузошта буданд. Синни София-апа, ки симои Ҷулйеттаро хеле олӣ меофариданд, барои иҷрои ин нақш калон мешавад ва устод соли 1951 ҳунарпешаеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки он касро иваз карда тавонад.
Мани он замон 21-сола, резапайкар, намедонистам, ки дар театри ба номи Лоҳутӣ маро маҳз барои иҷрои нақши Ҷулйетта омода карданианд.

- Албатта, устод Мителман шояд баъди суҳбат бо Шумо ба хулоса омадаанд, ки нуҳ соли кор дар шароити на он қадар созгори театри Қӯрғонтеппа, сафарҳои ҳунарии зиёде аз ноҳия ба ноҳия ин ҳунарпешаи ҷавонро сахтҷон намудаанд, аз меҳнат наметарсад, кори сангини симоофариро таҳаммул мекунад…
- Ба ман бовар карданд. Аслан устод таҷрибаи корро бо актёри театри музофот доштанд. Далел он аст, ки ҳунарнамоии Алиназар Хоҷаевро низ соли 1946, рӯзҳои сафари ҳунарии театри Хоруғ дар Сталинобод дида, ӯро ба театри ба номи Лоҳутӣ даъват намудаанд. Заҳматҳои яксолаи устоду Алиназар Хоҷаев буданд, ки ин ҳунарпеша барои иҷрои нақши Ромео омода шуд ва соли 1947 аввалин бор бо София-апа Тӯйбоева, баъд бо ман низ ин нақшро олӣ офарид.
Фоҷиаи Уилям Шекспир қиссаи ишқи ду ҷавонест аз шаҳри Веронаи Итолиё, ки қурбони кину душмании хонаводаҳояшон мегарданд. Баъди марги онҳо ин ду хонавода ба худ меоянд. Мефаҳманд, ки ҳамаи кинаварзию душманиҳо назди ин фоҷиаи ба сарашон омада – марги фарзандонашон ҳеҷ будааст. Ба хотири рӯҳи фарзандонашон байни худ сулҳ мебанданд ва аҳд мекунанд, ки дигар аз кину адоватҳои куҳна ёдовар намешаванд.
Соли 1952, вақте моҳи август ҳамаи кормандон ба мураххасӣ рафтанд, Ефим Исоевич аз баҳри истироҳат баромада, бо ману Алиназар Хоҷаев ба машқ шурӯъ намуданд. Ҳар рӯз то даҳ соат кор мекардем, аммо баъзан ба натиҷае намерасидем. Устод аз ин рӯҳафтода намешуданд, рӯҳи моро мебардоштанд. Ҳар як ҳаракат, ҳар як эпизод - поравоқеаҳо, ҳар саҳнаро соатҳо, рӯзҳо гаштаю баргашта, то табиӣ баромадани бозӣ бо ман машқ мекарданд. Симои Ҷулйетта ба душворӣ офарида мешуд, хеле азоб мекашидем. Аммо Ефим Исоевич ҳамоно серталаб буданд.
Ҳамин тавр, дар давоми шаш моҳи омодашавии спектакл Ефим Исоевич маро бо хуни ҷигар ба Ҷулйетта табдил доданд.

- Дар саҳна ба ҷойи худ дар нақши қаҳрамони асосӣ дидани нафари дигар ба ҳар ҳол барои ҳунарпеша дарднок аст. Хусусан, агар ӯ бо ин нақш дар саҳна дурахшидаву машҳур гашта бошад. Аммо тавре аз гуфтаҳои устод Низом Нурҷонов бармеояд, София - апа – иҷрокунандаи аввали ин нақш ба Шумо дар омодашавии спектакл кумак мерасонидаанд. Муносибатҳои ду Ҷулйетта аз аввал ҳамин тавр хуб, орому ҳамвор буданд? Дар София-апа нисбати Шумо рашки эҷодӣ пайдо нашуд?
- Фикр мекунам, дар аввал каме қаҳрашон омад. Азбаски имконияти молии театр камтар буд, барои ман либоси нав надӯхта, пероҳани Ҷулйеттаро бароям мувофиқ карданд. София-апа мебинанд, ки куртаашонро бурида истодаанд, хеле ғамгин мешаванд. Устод Мителман, ин марди хеле батадбиру дурандеш, бо суханони нарм ба он кас мегӯянд, ки Софияҷон, медонӣ, синни ту, барои ин нақш андак калон шудааст, ман мехоҳам ту дар хотири тамошобин ҳамон Ҷулйеттае бимонӣ, ки будӣ. Ман ба ту нақши дояро аз ин спектакл медиҳам. Ту, актрисаи таҷрибадор, ба Хайрӣ барои офаридани симои Ҷулйетта ёрӣ расон.
Ман аз София-апа хеле миннатдорам. Бо вуҷуди он ки нақши худашон–доя ҳам дар ин спектакл мураккаб буду иҷрояш хеле заҳмат мехост, дар иҷрои нақши Ҷулйетта ба ман самимона кумак карданд. Ин актрисаи бузурги театри тоҷик бароям намунаи ҳунару истеъдод, меҳнатқаринию худфидоӣ дар саҳна буданд. Умуман, дар фаҳмиши роҳу равиши кори театри академӣ солҳои аввали корам ҳунарпешаҳои барҷаста – устодонам София-апа Тӯйбоева, Тӯтӣ-апа Ғаффорова, Гулчеҳра-апа Бақоева, Муҳаммадҷон-ака Қосимов, Ҳоҷиқул-ака Раҳматуллоев, ҳамбозиам Алиназар Хоҷаев ёрии худро аз ман дареғ надоштанд. Аз онҳо хеле ҳунари актёрӣ омӯхтам.

- Нахустнамоиши ҳар спектакл барои коргардонаш, ҳунарпешаҳое, ки дар он нақш меофаранд, рассомон, хулоса, барои ҳайати эҷодие, ки ин асари саҳнавиро дастаҷамъона офаридааст, ҳам имтиҳон аст, ҳам ид. Он замон ҳайати эҷодӣ бо сарбаландӣ аз ин санҷиш гузашт… Биёед, рӯзи фараҳангез ва бароятон таърихии 23 феврали соли 1953 - ро боз ба ёд орем.
- Он рӯз бо сарбаландӣ аз санҷиш гузаштем. Дар нахустнамоиш Ефим Исоевич костюми навашонро пӯшида буданд. Он кас ба ҳамаи нахустнамоишҳои спектаклҳояшон ҳатман бо либоси навашон меомаданд. Табъи идона доштанд ва ҳар яки мо, бозигаронро бо суханони хуб рӯҳ мебахшиданд. Азбаски он замон техникаи саҳна комил набуду саҳнаороӣ вақт мегирифт, спектакл аз соати 7-и бегоҳ то 12-и шаб идома ёфт.
Саҳнаҳои спектаклро рассоми театрамон Михаил Никитич Шипулин хеле аҷоиб, аз ҷумла идеяҳои Ефим Исоевичро низ истифода бурда, ороиш дода буд. Саҳнаи майдон – биноҳои асри 16, хонаҳои ашрофони шаҳри Веронаи Итолиёи он замон, саҳнаи базм дар хонаи Капулетти, саҳнаи боғ, саҳнае, ки Алиназару ман – Ромео ва Ҷулйетта бозиро шурӯъ мекунем, ҳоло ҳам дар пеши назарам. Дар девор гулҳо овезонанд, дар паси парда Михаил Аллаев зери оҳанги пианино романс мехонад, суханони Алиназар садо медиҳанд…
Ҳамаи тамошобинон, баъзеҳо, азбаски ҷой набуд, он шаб дар толор рост истода, спектаклро то охир тамошо карданд. Қарсакҳои зиёд баъди анҷоми ҳар парда гувоҳ буданд, ки намоиш тамошобинро ба шӯру ҳаяҷон овардааст. Баъди анҷоми спектакл Ефим Исоевич бо хурсандӣ аз пешониам бӯсида гуфтанд: «Офарин,  Хайрӣ!». Ҳамин бас буд, ки худро хушбахттарин инсон эҳсос кунам.

- Ҳунарнамоии оншаба ва баъдии Шуморо дар нақши Ҷулйетта доктори илми санъатшиносӣ, устод Низом Нурҷонов, медонед, дар китобашон «Хайрӣ Назарова» чунин ифода намудаанд: «…Ҷулйетта дар иҷрои Хайрӣ Назарова духтари содадилу поксиришт, хушсурату шармгин буд, ки оҳиста - оҳиста ба зани ҷавон табдил меёбад, бахташро дифоъ менамояд. …Рости гап, ҳунарпешаи ҷавон афзоиши нохушию бадбахтиҳо ва маънаван болиғ гардидани қаҳрамонашро пурра баён карда натавонист, дар саҳнаҳои охир ҳаракатҳояш андак маҳдуд буданд. Аммо ӯ тамошогаронро бо амали самимӣ ва озодона мафтун намуд. Бозии актрисаро лиризм фаро гирифта буд. Он норасоиҳои намоишҳои аввал, ки аз сабаби бетаҷрибагӣ ва нахустин бор дар нақши мураккаб ба ҳаяҷон омаданаш рӯй доданд, оҳиста–оҳиста бартараф гардиданд. Ӯ тадриҷан ҳунари мағз андар мағзи образ даромаданро аз худ намуд».
Ба гуфтаҳояшон розӣ ҳастед?
- Албатта. Устод ҳақанд. Иҷрои ҳар нақш аз спектакл то спектакл сайқал меёбад. Баъзан дар рафти спектакл ҳодисаҳои ғайричашмдоште ҳам ба вуқӯъ меоянд, ки ҳунарпеша дар ин ҳолатҳо набояд худро гум кунад. Аз вазъият баромада тавонад. Воқеаеро, ки тобистони соли 1953 дар саҳнаи театри Бухоро рӯй дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Онро дар китобам «Дар олами андеша ва рӯъё» овардаам.
Тасаввур кунед. Шоми Бухоро. Дар театри тобистонаи шаҳр тамошобинон саҳнаи охирини спектакли «Ромео ва Ҷулйетта»-ро тамошо мекунанд. Ман – Ҷулйетта дар тобуте ки аз ҳар тараф бо прожекторҳо рӯшан карда шудааст, хобидаам. Нохост аз ноқилҳои барқӣ шарора мепараду атрофро дуд фаро мегирад. Шояд ҳозир маро ҳам барқ занаду бимирам. Вале гуфтам: «Ҳарчӣ шавад ҳам, аз ҷой намехезам. Шояд дар тақдири ман мурдан дар саҳна аст». Осебро зуд бартараф карданд, спектакл вайрон нашуд, бомуваффақият анҷом ёфт.
Ефим Исоевич дар паси парда истода ин ҳолатро бо изтироб назорат мекардаанд. Гуфтанд, қариб дилам мекафид, Хайрӣ. Шукр, зиндаю саломатӣ. Ман медонистам, ки ту аз ҷой бархоста саҳнаро тарк намекунӣ, ту сахтҷонӣ, қаҳрамонӣ, Хайрӣ.

- Воқеан ҳам ин қаҳрамонӣ аст, устод.
Намоиши «Ромео ва Ҷулйетта соли 1964 аз нав нишон дода шуд. Шарики Шумо ин дафъа Маҳмудҷон Воҳидов буданд. Яъне нақши Ҷулйеттаро Шумо бо ду Ромео – Алиназар Хоҷаев ва Маҳмудҷон Воҳидов бозидаед. Кадоме аз онҳо, аз назари Шумо, ин нақшро беҳтар иҷро намуданд?
- Албатта, Алиназар Хоҷаев. «Ромео ва Ҷулйетта» 28 саҳна дорад. Ману Алиназар қариб дар ҳамаи ҳамин 28 саҳна «меафтидему мехестем», медавидему нақш бозӣ мекардем. Баъзе саҳнаҳои ин спектаклро, ки дар он Алиназар бе ман нақш мебозид, дар рафти намоиш ба ошёнаи сеюм баромада аз балкон тамошо мекардам. Ӯ бо тамоми ҳастиаш симо меофарид, бовар кунед, худро қурбони саҳна мекард! Ман аз бозиаш лаззат мебурдам. Алиназар ҷавони базеб буд, нутқи тозаву бурро, садои зебо дошт.
Баъдтар Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, ки саркоргардони театр таъйин шуданд, иҷрои нақши Ромеоро ба уҳдаи Маҳмудҷон Воҳидов гузоштанд. Ӯ аз соли 1961 бо гурӯҳи хатмкардагони ГИТИС ба аҳли театр пайваста буд. Сабаб бемории Алиназар шуд. Бо вучуди он, Алиназар аз ин тасмими Ҳоҷиқул-ака сахт ранҷид. «Ман ҳоло зиндаам ва худам ин нақшро иҷро карда метавонам»,-мегуфт. Ин чизҳо ба ҳунарпеша сахт мерасанд. Ба фикрам, дар ҳамин ҷо Ҳоҷиқул-ака хато карданд. Маҳмудҷон, бешубҳа, ҳунарпешаи бузург буд, аммо Ромеоро Алиназар аз Маҳмудҷон хеле беҳтар бозӣ мекард. Вақти бозии Маҳмудҷон эҳсос мешуд, ки симои қаҳрамон дар сояи шахсияти ӯ мондааст. Бозиаш ашрофона буд. Симои Ромео бошад, содагии ҷавонӣ, ифодаи эҳсоси сахти ошиқӣ, ҳар лаҳза омода будан барои қаҳрамониву қурбонӣ ба хотири маҳбубаро талаб мекард.
Замони бо Маҳмудҷон ҳамбозӣ буданам, синни ман аз ӯ боло буд. Чунин фарқ ҳам, албатта, як сабаби дигари «пайваст нашудани» Маҳмудҷон ба Ҷулйетта гардид.
Солҳои баъд дар «Рӯдакӣ», «Бежан ва Манижа», «Ҳуррият», «Антигона» бо Маҳмудҷон боз ҳамбозӣ будем, нақшҳои асосиро иҷро мекардем. Ӯ дар иҷрои нақшҳои ин спектаклҳо ҳунарпешаи нотакрор будани худро намоиш дод.
Афсӯс, ҳар дуи ин актёри маъруф дар айни шукуфоии истеъдоду ҳунарашон аз дунё рафтанд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиназар Хоҷаев дар синни 49 вафот кард. Дар синни 38 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов фоҷиавӣ ҳалок шуд. Ин талафоти бузурги театр ва тамошобинон – алоқамандони санъати бозигарӣ буд…
Ҳамбозиҳои дигари ман дар спектакли «Ромео ва Ҷулйетта» устодони забардаст София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева, Тӯтӣ Ғаффорова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Муҳам-мадҷон Халилов, Шамсӣ Ҷӯраев, Наим Ғиёсов, Гурминҷ Завқибеков, Аслӣ Бурҳонов, Шамсӣ Қиёмов, Ато Муҳаммадҷонов, Ғозӣ Ниёзов, Ҳошим Гадоев, Борис Наматиев, Абдулхайр Қосимов буданд, ки нақшҳои қахрамонони ин спектаклро дар солҳои гуногун иҷро намуданд. Дар ҳақиқат, онҳо – як ансамбли пурқувват ин асари классикаи Ғарбро бо устодии бемисл, ҳар яке бо ҳунари волои худ намоиш дода тавонистанд.
Устод Мителман ва симои Ҷулйетта роҳи маро ба саҳнаи калон боз карданд. Баъди иҷрои ин нақш чӣ будани санъати ҳақиқӣ, талаботи сахти онро аз ҳунарпеша фаҳмидам. Тавре дар аввали суҳбат ба Шумо гуфта будам, хешро ҳамчу ҳунарпеша шинохтам, ба худ бовар кардам. Устодонам ба ман бовар намуданд.

- «Ромео ва Ҷулйетта» ғайр аз Бухоро дар дигар шаҳрҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ё хориҷи кишвар ҳам намоиш дода шуда буд?
- Соли 1955 «Ромео ва Ҷулйетта»-ро дар театри худамон барои меҳмонони хориҷӣ намоиш додем. Онҳо аз ҷой баланд шуда ба ҳунарнамоии актёрон қарсак мезаданд. Ҷонсон ном шахсе аз Англия дар дафтари хотираи театр навишта буд, ки дар спектакл зиндагии аврупоиёни асри 16 хеле боварибахш тасвир шудааст, мақсади ҳамдиёраш Шекспир хуб баён ёфтааст. Аз он ки ин ҳамаро гурӯҳи ҳунармандон бо роҳбарии режиссёр тавонистаанд хуб дарк намуда, дар як гӯшаи дигари дунё, ки аз Аврупо дур аст, спектакли олиеро рӯи саҳна биоваранд, дар ҳайрат аст.
Вақте соли 1957 ба Маскав, ба Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон мерафтем, Ефим Исоевич аз ману Алиназар хоҳиш намуданд, ки либосҳои нақшии Ромео ва Ҷулйеттаро бо худ гирем. Дар Маскав, дар зали Ҷамъияти театрии умумииттифоқӣ бе ороиши саҳна бо Алиназар саҳнаи «Балкон»-ро бозӣ кардем. Беш аз 500 нафар тамошобинон – театршиносону ҳунарпешаҳо, устодони театрҳои Маскав баъди тамошои ин пора «Офарин!»–«Браво!» мегуфтанду ба ҳунарнамоии мо қарсак мезаданд. Баъд аз устод фаҳмидем, ки чандин ҳунарпешаҳои маъруфи театрҳои Маскаву санъатшиносон маро яке аз беҳтарин Ҷулйеттаҳои Иттифоқ донистаанд. Ин, албатта, хидмати устод Мителман буд, ки аз Алиназару Хайрӣ Ромео ва Ҷулйетта офарида тавонистанд. Устод он вақт бо афсӯс гуфтанд: «Барои даҳа бояд ин спектаклро ҳам меовардем! Кош медонистам, ки бозии шумоён аз тарафи мутахассисони маскавӣ ин қадар баҳои баланд мегирад»!
Он солҳо акси ману Алиназар дар вақти иҷрои як саҳна дар муқоваи аввали журнали «Советский Союз» чоп шуд. Баъди чопи сурат хонандагон мактубборонамон карданд! Менавиштанд, ки бо мо барин ҷавонон – ҳунарпешаҳои Иттифоқи Советӣ ифтихор доранд.
Соли 1968 бо роҳбарии устод Сотим Улуғзода ба Кобул сафари ҳунарӣ доштем. Дар он ҷо, аз ҷумла «Ромео ва Ҷулйетта»-ро намоиш додем. Дар Афғонистон низ тамошобинон на танҳо ин спектакл, балки ҳамаи намоишҳои овардаамонро хеле хуб қабул карданд.
…Нақши Ҷулйеттаро дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ 17 сол бозидам. Ва рӯзе расид, ки синни ман ҳам барои иҷрои ин нақш калон шуд. Ҳоҷиқул-ака Мукаррама Камоловаро (рӯҳаш шод бод!) барои иҷрои ин нақш омода карданд. Акнун Ромео ва Ҷулйетта Маҳмудҷон ва Мукаррама буданд.

- Соли 1957 дар асари «Шоҳ Лир» - и Шекспир нақши духтари хурдии шоҳ – Корделияро бозидед…
- Оре, «Шоҳ Лир» -ро устод Мителман ба саҳна гузоштанд. Симои Лирро ҳанарпешаи забардаст Муҳаммадҷон Қосимов офариданд. Ин спектакл соли 1957 дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Театри хурди Маскав бо муваффақияти калон намоиш дода  шуд.
Баъди бозгашт аз сафари Маскав маро бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат мукофотониданд. Ҳамон сол унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистонро бароям лоиқ донистанд.
Соли 1963 дар намоиши бори сеюм аз  нав ба саҳна гузоштаи театрамон «Отелло» нақши Дездемона – ҳамсари Отеллоро иҷро кардам. Таҳиягари ин спектакл Муҳаммадҷон Қосимов буданд. Нақши Отеллоро ҳам худашон иҷро намуданд.
Соли 1979 коргардон Николай Кузмич Детсик «Ҳамлет»-и Шекспирро рӯи саҳна овард. Нақши Ҳамлетро дар ин спектакл ҳунарпешаи маъруф Ҳошим Гадоев иҷро кард. Ман симои Гертруда– модари шоҳзода Ҳамлетро офаридам. Вақти бозӣ эҳсос мекардам, ки ин  симои манфӣ «азони ман» нест. Он ба ман «начаспид». Аз назари худам ба иҷрои ин нақш, тавре ки мехостам, муваффақ нашудам. Аммо бояд бигӯям, ки иҷрои ин чаҳор нақш дар чаҳор асари Шекспир, ки хеле  мураккаб буданд, бароям, ба гуфти устод Нурҷонов «таҷрибаи калони ҳаёти саҳнавӣ, мактаби хуби ҳунари бозигарӣ» гаштанд.

- «Ромео ва Ҷулйетта», инчунин ду асари дигари Вилям Шекспир «Отелло» ва «Шоҳ Лир»-ро  устод Абулқосим Лоҳутӣ хеле зебо, фасеҳ бевосита аз забони асл – англисӣ бо ёрии хонумашон Силсилабону тарҷума кардаанд. Тарҷумаи «Ҳамлет» ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
- «Ҳамлет»-ро устод Сотим Улуғзода тарҷума кардаанд. Фикр мекунам, аз забони русӣ бошад. Забони ин асар ҳам хубу фасеҳ аст.  

- Зиндагӣ дар саҳна осон нест, аммо ҳаёти воқеии ҳунарпеша низ чун зиндагии ҳар одами хокӣ иборат аз сиёҳу сафед, шодиву ғам, барору бебарорӣ, ноумедиву умедҳо, мақсадҳои ҳосилнашудаву ҳосилшуда аст.
Лаҳзаҳои муассиреро аз зиндагии хеш, агар хоҳиш дошта бошед, ба ёд меовардед…
- Дар кӯдакиву наврасӣ рӯзҳои сахт-ро паси сар кардам. Ҳамчун кулак ҳабс шудани падарам, мусодираи хонаву амволамон, баъди ин беманзилу ҷойе дар маҳаллаи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи модару се бародарам ҳайрон монданамон, аз соли 1935, аз панҷсолагиам зиндагӣ дар водии Вахш бо волидаам, ки аввал ҳунарпешаи овозхон ва баъд дӯзандаи театри Қӯрғонтеппа буданду барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд, ҷудоӣ аз бародарон, хешу табор, оғози кор дар саҳна аз дувоздаҳсолагӣ, вафоти падар, издивоҷи дубораи модар, ҳалокати падарандарам дар ҷанг, сафарҳо ҳамроҳи театри Қӯрғонтеппа ба шаҳру ноҳияҳо, ки хеле мушкилиҳо доштанд – ҳамаро аз сар гузаронидам.
Хушбахттарин рӯзҳои зиндагиам дар Қӯрғонтеппа шунидани хабари ба охир расидани ҷанг, соли 1946, дар 16-солагиам мукофотонида шудан бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941– 45», издивоҷ бо ҳампешаам, таваллуд шудани ду духтарам буданд.
Баъди 27 соли зиндагии якҷоя аз ҳамсарам ҷудо шудам. Рашкҳои беасосу мунозираҳои зиёди оилавӣ ба ин сабаб гардид. Дар издивоҷи дубораам зиндагии ором доштам. Бо шавҳарам беш аз 30 сол зистем. Он кас соли 2010, дар синни 88 аз дунё гузаштанд.
Духтаронам, шукр, хонадору фарзанддор, наберадоранд.
Соли 1965 вафоти Ефим Исоевич Мителман, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки мисли падар дӯсташон медоштам, бароям зарбаи сахт шуд. Устодам бо сабаби бемории вазнин – сактаи дил ва фалаҷи мағзи сар аз дунё гузаштанд. Сабаби ин беморӣ хатои роҳбарони вақти фарҳанги кишвар буд, ки он касро аз театри мо ба Театри драмавии русии ба номи Маяковский гузаронданд. Ин ҳолат устодро бемор кард ва оқибат ба марг расонд. Гарчанд бо талабҳои ҳунарпешаҳо баъди 4 сол Ефим Исоевичро ба театри мо баргардонданд, саломатиашон пурра барқарор нашуд ва баъди чанде, дар синни 54 аз дунё гузаштанд.
Зарбаҳои дигар низ мерасиданд, ки вобастаи фаъолиятам дар театр буданд.
Ман натавонистам маълумоти олии актёрӣ гирам, донишу маҳорати худро дар мактаби олии театрии Маскав такмил диҳам. Соле буд, ки  аз Вазорати фарҳанг маро ба он ҷо фиристоданӣ шуданд, аммо барои таҳсил аз ҷиҳати моддӣ шароит надоштам. Он вақт устод Мителман гуфтанд: «Хайрӣ, дар ҳамин саҳна бо устодон дар панҷ  спектакл симо офарӣ,  ҳисоб кун, ки як донишкадаро хатм кардаӣ. Истеъдодро Худо медиҳад, на диплом. Фақат бояд аз заҳмат натарсӣ. Адабиёте,  ки барои такмили донишат дар бораи ҳунари бозигарӣ лозим аст, ман бароят муҳайё мекунам, мехонӣ». Ин гуфтаҳои устод он вақт маро таскин бахшиданд…
Ман ҳунарпешаи хушбахтам. На ба ҳамаи актрисаҳои театрҳои дунё бозидани беш аз сад нақш – сад қиссаи зиндагии инсони давру замони гуногун, миллати гуногун насиб шудааст. 56-тои ин нақшҳо асосӣ ва марказӣ буданд.
Ҳанӯз соли 1964 Ҳукумати Тоҷикистон маро лоиқи унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон донист. Яъне ҳунари ман дар Ватанам пазируфта шуд, аз хидмати кардаам мардум розиянд, ба он арҷ мегузоранд. Ман ҳам аз заҳмати солҳои зиёд дар саҳнаи театр барои ҳамватанонам анҷомдодаам яке ба ҳазор розиам.
Ҳоло ҳам ба театр рафта меоям, машқҳои ҳунарпешаҳо, спектаклҳоро тамошо мекунам, дар баррасии намоишҳои нав фикрамро мегӯям.
…Баъзан шабҳо бедорхобӣ мекашам. Он гоҳ монологи саҳнаи «Балкон» – саҳнаи дӯстдоштаамро аз «Ромео ва Ҷулйетта» дар дил мехонам. Ҳатто суханони Ромеоро азёд медонам. Алиназар дар хаёлам зинда мешавад. Ин лаҳзаҳо гӯё дар саҳнаам, Ҷулйеттаам ва устодони сахтгиру меҳрубонам ҳамроҳи мананд, мухлисонам ба тамошо омадаанд, бо ман мегирянд, бо ман механданд….

Мусоҳиб Талъат НИГОРӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2015    №: 114    Мутолиа карданд: 741

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед