logo

ҳуқуқ

ҶАЗОИ ҶАВОНОНИ ГУМРОҲ...

Ҳокимияти судӣ, ки яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, дар раванди амалигардонии ҳадафу мақсадҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши ниҳоят бузург дорад. Он адолати судӣ ва иҷтимоиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда, баҳри таъмини адолату субот дар қаламрави кишвар нақши муҳим мебозад. Аз ҳалнома, ҳукм, қарори дурусти судӣ мустаҳкамии ҳокимияти судӣ ва дар ин радиф ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия вобаста мебошад.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба ташвиш овардааст. Ин масъала дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдори кишвар қарор гирифта, барномаҳои вижа таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Ҳамарӯза дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурда мешаванд. Мубориза бар зидди терроризм, коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Ҳоло, ки таҳдиду хатарҳои басо сангине, мисли терроризму ифратгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо падидаҳои хатарноки дигар ба ҳаёту зиндагии мо таҳдид менамоянд, бояд мушкилоти дуюмдараҷаро як сӯ гузошта, муборизаро дар ин самт тақвият бахшем.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 14 апрели соли 2000 - ум дар Конфронси Созмони  Милали  Муттаҳид дар Вена дар мавзӯи «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» суханронӣ намуда, зикр намуда буд, ки Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол гардиданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ, назири терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад. Ҳоло, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ва ризоияти миллӣ барқарор шудаасту мо баҳри бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд саъю талош дорем, мубориза бо терроризм дар меҳвари фаъолиятамон қарор гирифтааст. Барои халқи тоҷик ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ худ як дарсе буд, ки сабақи аз он гирифта бори дигар мардумро водор месозад, ки ба қадри сулҳу субот ва оромӣ бирасанд. Осмони софе, ки болои сари мост, беҳтарин давлат буда, қадраш аз ҳар чизи дигар болотар аст. Зеро танҳо зери осмони соф мардум осудаҳолона кору зиндагӣ карда, дар рушди устувори Тоҷикистони азиз саҳми назарраси худро гузошта метавонанд.
Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиётҳои террористӣ дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксари онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Одатан ашхоси шинохта, ходимони сиёсӣ, олимон, рӯзноманигорон, хизматчиёни неруҳои ҳомии сулҳ дар Тоҷикистон ҳадаф қарор мегирифтанд. Ба назари мо, ғараз аз чунин амалиёт ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва халалдор гардондани ҷараёни ислоҳот аст. Терроризми ҳозира хосияти байналмилалӣ касб кардааст.
Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм баромада, ҳамзамон терроризми байналмилалиро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар бо ин ё он восита дастгирӣ намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон маънидод карданӣ мешаванд.
Бинобар ин, имрӯз таҳия ва имзои муоҳидаи ягонаи мукаммал зарур мебошад. Дар муоҳида мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама, терроризми минтақавӣ бояд муайян карда шавад. Ҳамзамон, самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналмилалӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар ва муҷозоти давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ намуда, гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд, пешбинӣ гардад. Ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари нормативӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ба низом дароянд.
Терроризм чун ҳодиса бо меъёри илми муосир аз се ҷиҳат омӯхта мешавад:
1. Кирдори ҷинояткорона
2. Гурӯҳҳои (ташкилотҳои) терро-ристӣ
3. Равияи (таълимоти) террористӣ
Ба ҳар ҳол, рукни муҳимтарин дар байни ин сегона терроризмро чун кирдори ҷинояткорона донистан аст, ки дар он ҳолат кадом гурӯҳҳо ва равияҳоро чун тамоюли террористӣ муаррифӣ кардан дақиқ мегардад. Дар айни ҳол терроризм чун кирдори ҷинояткорона ҷузъи таркибии категорияҳои муқаррарии ҷиноятиву ҳуқуқӣ дониста мешавад.
Соли 2014 суди шаҳри Исфара се парвандаи ҷиноятиро, вобаста ба ҷиноятҳои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбат ба он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ, бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, баррасӣ намуд. Ҳамаи судшавандагон ҷавонони аз 24 то 27 - сола буданд. Аз ин лиҳоз, бояд ба тарбияи ҷавонон, хусусан насли наврас диққати махсус дод, ки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.
Ҳамзамон, дар соли равон як парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбат ба даҳ нафар буд, аз ҷониби муаллифи ин матлаб, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳолатҳои муайяншударо ба риштаи таҳлил кашида, ба чунин хулоса омадем, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ мардумро ба гумроҳӣ бурда, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки ҳадафашон ноором кардани авзои ҷомеа аст, шомил карда, ҳаёту зиндагиашонро зери хатар мегузоранд. Ҳамаи ин даҳ нафар бо ҳукми суд маҳкум шуда, фаҳмиданд, ки дар куҷо иштибоҳ кардаанд. Ин барои дигарон дарси ибрат гашт, ки сустиродагию кӯтоҳандешӣ ба чи рӯз оварда мерасонад.
Таҷрибаҳои судии баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористию экстремистидошта нишон дод, ки қариб ҳамаи маҳкумшудагон бинобар зудбовару сода буданашон ба доми фиреби касоне афтидаанд, ки аз онҳо истифода бурда, бо ҳар роҳ ақлашонро дуздида, дину шариатро ба хости дили худ шарҳ дода, барои даст задан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриқонунӣ моил кардаанд. Аммо ин асос барои бегуноҳиашон шуда наметавонад. Онҳо ҳама ҷавонони ба балоғат расида буданд ва бояд ба хубӣ дарк мекарданд, ки кадом амал дуруст асту кадомаш нодуруст. Бинобар ин, ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард, зеро ҳама чиз аз онҳо вобаста аст. Танҳо таълиму тарбияи дуруст имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ ҷавононро ба гумроҳӣ набаранд.

К. ҒАНИЗОДА,
судяи суди шаҳри
Исфараи вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2015    №: 114    Мутолиа карданд: 676

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед