logo

ҳуқуқ

ОИЛА - РУКНИ МУҚАДДАСУ АРЗИШМАНД

Шоира ШАРИФЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати
судҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили маърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд беш аз ҳар вақти дигар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва доираҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтаанд. Ин бесабаб нест. Зеро тайи солҳои охир вайроншавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, таваллуди кӯдакони маъюб зиёд шуда, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Борҳо мушоҳида шудааст, ки баъди бекоршавии ақди никоҳ кӯдакон дар нимароҳ мемонанд, азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд. Иддае аз онҳо, ки дар оила тарбияи хуб надидаанд, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ афтида, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, назири муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба аҳамияти вижаи ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол меафзояд, изҳори нигаронӣ намуд. Бо таассуф зикр кард, ки танҳо дар соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2013 - ум 9,5 фоиз зиёд аст.
 Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ ёфт. Дар воситаҳои ахбори омма перомуни ин иқдоми неки Сарвари давлат матолиби зиёди таҳлилӣ бо пешниҳодҳои мушаххас нашр шуданд. 3 феврали соли ҷорӣ таҳти № 352 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» ба тасвиб расид. Бовар дорем, ки аз ин ба баъд сокинони кишвар дар ҳалли мушкилоти мавҷуда бетарафӣ ихтиёр намекунанд ва бо саъю талоши доимӣ дар таблиғи устувории оила ва рушди фарҳанги оиладорӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.
Дар ин росто, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, чорабиниҳои вижа таҳия ва тасдиқ намуд. Гузарондани мизҳои гирд дар мавзӯи «Соли 2015 - Соли оила», андешидани тадбирҳои мушаххас зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ, алалхусус бекор кардани ақди никоҳ, муқаррар намудани падарӣ ва кам кардани синни никоҳ, рӯёндани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳо, фаҳмондани оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, доир намудани баромаду вохӯрӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳифзи муносибатҳои оилавӣ, барқарор намудани оила зимни баррасии парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ, ҷамъбасти амалияи судӣ доир ба баррасии парвандаҳои марбут ба бекор кардани ақди никоҳ бо мақсади муайян кардани сабабу омилҳои бекоршавии оилаҳо аз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Шӯрои адлия қарор доранд.
Аз ҷумла, дар доираи иҷрои нақшаи - чорабиниҳо 14 май дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили қонунгузории оила» мизи гирд баргузор гардид. Дар он намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ИНИС «Рушди деҳот», раисон ва судяҳои судҳои навоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Иштирокдорони ҳамоиш бар ин назар буданд, ки мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» имкон фароҳам овард, ки манфиатҳои ҳуқуқии оилаҳо ҳимоя шаванд.
Маърӯзаҳои раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ Т. Қодирзода дар мавзӯи «Нақши суд дар таҳкими оила ва масъалаҳои такмили қонунгузории оила», корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, исломшинос Т. Рашидов таҳти унвони «Солимгардонии оила, никоҳи хешутаборӣ аз нигоҳи дини ислом», намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ш. Раҳматуллоев «Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда ҷиҳати беҳдошти солимгардонии оила, омилҳои манфии никоҳи хешутаборӣ» ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Р. Қобилова «Масъалаҳои баҳснок оид ба рӯёндани алимент» дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи гирд қарор гирифтанд. Мавлуда Пӯлодӣ, муовини раиси Шӯрои адлия, ҳамоишро ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки дар оянда низ ҷиҳати кам кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳо ва аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ дар ҷумҳурӣ чунин мизҳои гирд мунтазам ташкил мегарданд.
Ҳамзамон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Далер Зуҳуров (ҳоло муовини раиси суди ноҳияи Ҳисор) ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия, таҳти раисии муаллифи ин сатрҳо, вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мурофиаи судии таълимӣ гузаронда шуд. 17 апрели соли ҷорӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси суд М. Раҳмонзода дар мавзӯи «Соли 2015 - Соли оила» мизи гирд баргузор гашт. Судяҳои суди ноҳия, аз аввали сол ба ин сӯ, зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе 25 таъйиноти хусусӣ қабул карданд. Ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои вайроншавии оилаҳо ва андешидани тадбирҳои муассир баҳри пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, фаҳмондани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 35 мурофиаи сайёри судӣ, 52 вохӯриву суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, корхонаву ташкилотҳо гузаронда шуд. Дар матбуоти даврӣ 31 мақола ба нашр расид, тавассути барномаҳои телевизион ва радио 15 гузориш пахш гардид, ки аз манфиат холӣ нестанд. Чунин ҷамъомаду вохӯриҳо дар дигар судҳои ҷумҳурӣ низ мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, баргузор гардиданд.
Як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки ба ин масъалаи хеле муҳим ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст. Замоне, ки мардумони ориёӣ бузургтарин давлатдориҳои дунёи қадимро асос гузошта буданд, усулҳои тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд дар онҳо ба ҳукми одат табдил ёфта буд. Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсурмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд. Мутолиаи осори пурғановати онҳо, бешак, дар баланд бардоштани маърифат ва одоби оиладорӣ, бунёди оилаи солим ва дар ин замина ташаккули ҷомеаи солим такони ҷиддӣ мебахшад.
Масъалаи дигаре, ки Президенти мамлакат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон мебошад. Воқеан, яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, агар фарзандон пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд, бо ин амали худ барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдакони солим, ки меваи умри одамӣ мебошанд, замина мегузоранд. Никоҳи хешутаборӣ бошад, боиси вайроншавии оилаҳо ва ба дунё омадани фарзандони маъюбу носолим мегардад.
Дар иртибот ба ин мавзӯъ, яке аз саҳобагони Паёмбари ислом ривоят овардааст, ки «ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд». Унсурмаолии Кайковус менависад, ки «зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд».
Ба гуфтаи Сарвари муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «...ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем».
Мақомоти судии кишвар бовар доранд, ки дар соли 2015 - «Соли оила» ҳар як фарди бонангу номуси Ватан, ниҳодҳои дахлдор дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила, танзими муносибатҳои оилавӣ саҳми муносиб мегузоранд ва ба ин васила мақоми Зан - Модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2015    №: 114    Мутолиа карданд: 863

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед