logo

ҳуқуқ

ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Бинобар дар воситаҳои ахбори омма паҳн гардидани маълумоти пурихтилоф нисбат ба собиқ корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимов Гулмурод Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2015 чунин иттилоъ додааст:
28 майи соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Ҳалимов Гулмурод Салимович бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 4011 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Худи ҳамон рӯз нисбат ба Г. С. Ҳалимов бо иҷозати суд чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона татбиқ гардида,  номбурда мавриди кофтукови байналмилалӣ қарор гирифт.
Маълумоти дар воситаҳои ахбори омма паҳнгардида оид ба он ки гӯё маҳз барои баррасии қазияи Г. Ҳалимов Ситоди махсуси муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмон  дода  шудааст,  воқеият надорад. Ситоди муштараке, ки айни ҳол фаъолият дорад, ҳанӯз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳти роҳбарии як ниҳод мутамарказ гардонидани таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо созмон дода шудааст. Роҳбарии тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Г. С. Ҳалимовро низ ситоди мазкур ба зимма дорад.
Тафтиш муайян намуд, ки Г. Ҳалимов даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, ба ташкилоти байналмилалии террористии ба ном «Давлати исломӣ», ки ягон умумият бо арзишҳои дини ислом надорад ва ҷиноятҳои даҳшатовари содиркардааш ба амнияти байналмилалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд, пайвастааст.
Айни замон Г. Ҳалимов бар ивази маблағҳои ба ӯ пардохта Ватанашро сиёҳ мекунад ва дар намоиши видеоии сохташуда, ки ҳадафи он тавсифи «Давлати исломӣ» ва сафедкунии ҷиноятҳои даҳшатноки содиркардаи намояндагони он ба воситаи Интернет мебошад, ба сифати «актёр» нақш мебозад. Шубҳае нест, ки Г. Ҳалимовро ба монанди дигар хиёнаткорон тақдири бешарафона интизор аст.
Хабарҳои дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳнгардида оид ба он, ки гӯё бархе аз ҳамхизматон низ бо Г. Ҳалимов  Тоҷикистонро тарк карда, ба «Давлати исломӣ» пайвастаанд, ягон воқеият надоранд. Баръакс, тамоми ҳамкасбони собиқ  кирдори нанговари ӯро қатъиян маҳкум намуданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2015    №: 115    Мутолиа карданд: 607

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед