logo

ҳуқуқ

МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРИРО БОЯД БАЛАНД БАРДОШТ

Олуфтабону АСКАРЗОДА,
корманди дастгоҳи
Суди шаҳри Душанбе

Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем. Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.
Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ироа дошт ва вобаста ба муҳимии масъала пешниҳод намуд, ки соли 2015 Соли оила эълон карда шавад. Сарвари давлат дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба Рӯзи Модар бо ёдоварӣ аз сабабҳои Соли оила эълон намудани соли 2015, аз ҷумла зикр кард: «Беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан, аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд».
Дар ҳалли мушкилоти мазкур, бешубҳа, оила нақши калидӣ бозида метавонад. Бесабаб нест, ки имрӯзҳо перомуни ин мавзӯи муҳим дар васоити ахбори омма матолиби зиёди таҳлилӣ бо пешниҳодҳои мушаххас нашр мешаванд. Ба фикри мо, яке аз масъалаҳои бисёр ҳассоси оила ва оиладорӣ камбизоатӣ аст. Ҳоло таъсири он ба тақдири оилаҳои ҷавон, интихоби ҳамсари оянда бармало ба чашм мерасад.
Ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки падару модар дар ҷустуҷӯи арӯси муносиб ба чанд дар сар мехалонанд. Дар натиҷа, баъд аз интихоби арӯс як қатор масъалаҳои ҳалталаби дигар ба миён меоянд, ки дили волидон аз тӯю тамошо ҳам мемонад. Зеро ҷониби арӯс мехоҳад духтараш дар баробари соҳиби бахт гаштан, соҳиби тахт ҳам бошад. Пас аз хонадорӣ бе ранҷу азоб ба сар барад, хушрӯзу хуштолеъ бошад. Онҳо аслан фикр намекунанд, ки камиву костӣ ва ташвишу тараддуде, ки дар хонаи камбизоат ё нодоре ҳаст, дар оилаи бою бадавлат низ ҳаст. Мутаассифона, аксари нофаҳмиҳо маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд.
Гузашта аз ин, камбизоатӣ ва дасти кӯтоҳ сабаб мегардад, ки падару модарон духтари хоҳару бародар, амаку амакбача, тағою холаи худро келин кунанд ё духтарашонро ба писари онҳо диҳанд. Бо вуҷуди ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯ набудани амалашон, баҳри рӯзгори ороми фарзандон якдигарро дастгирӣ менамоянд, аз камбудиҳо чашм мепӯшанд. Бехабар аз он ки шодӣ ва дилсӯзии хешони наздик оқибатҳои нохуб ҳам ба дунбол дорад. Ирсият ё хуни арӯсу домод, ки ба ҳамдигар мувофиқ афтод, кӯдакони носолим ва маъюб ба дунё меоянд. Меваи нуқсдори оилаҳои ҷавон на танҳо муносибати зану шавҳар, балки чандин нафари дигарро низ сард намуда, дар ниҳояти кор робитаҳои хешутабории ҷонибҳоро барҳам мезанад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханронӣ ва вохӯриву мулоқоти худ бо занон, ҷавонон, зиёиён, ходимони дин ва зимни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар ин хусус бо дилсӯзии зиёд таъкид месозанд, ки аз никоҳи хешутаборӣ худдорӣ кунанд ва дар фикри ояндаи ҷомеаи солим, оилаи солим ва насли солим бошанд.
Мо - кормандони мақомоти судӣ зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ омилҳои зиёди пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҳатто калонсолонро ошкор месозем, ки аз надонистан ва ё дуруст дарк накардани меъёрҳои Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳои оилавӣ дар таҷрибаи судӣ ба мушоҳида гирифтаем, ки аксари оилаҳо бинобар паст будани маърифати оиладорӣ ва никоҳи бармаҳал вайрон мешаванд.
Масалан, модари Ҳамидаи ноболиғ ӯро соли гузашта, баъди хатми синфи нуҳ, ки аз пастиву баландии зиндагии мустақилона бехабар буд, ба як хешаш ба шавҳар додааст. Аз байн ду моҳ нагузашта, соҳибони арӯс бо баҳонаи ноуҳдабаро будани келин ӯро аз писарашон ҷудо намудаанд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ муайян гардид, ки модари Ҳамида зани дастнигару танҳо буда, дар тарбияаш шаш фарзанди хурдсоли дигар низ доштааст. Ин боис гаштааст, ки бо роҳи ғайриқонунӣ духтари ба синни балоғат нарасидаашро ба шавҳар диҳад. Бо ҳукми суд модари ҷабрдида ва падару модари домод ҷазои сазовор гирифтанд.
Соли 2010 бо татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои вилоятҳо, суди ВМКБ ва суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ таъсис дода шуданд, ки ҳалли баҳсҳои оилавӣ, назири бекор кардани ақди никоҳ, тақсимоти қонунии молу мулки якҷояи зану шавҳар, муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ ва рӯёндани алимент, маскун намудан ба манзил ва аъзои оилаи молик эътироф намудан, инчунин дигар ҷиҳатҳои ҳуқуқии оила ба зиммаи онҳо вогузор гаштааст. Қонунгузории мамлакат, ҳамзамон тақозо менамояд, ки никоҳ бо майлу хоҳиши тарафайн, ихтиёрӣ ва бо иродаи издивоҷкунандагон баста шавад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам зуҳуроти саркашӣ аз талаботи қонун ба чашм мерасад.
Тибқи муқаррароти қонунгузории оила вайрон намудани шартҳои никоҳ, маҷбуран ба никоҳ даровардан боиси беэътибор гаштани никоҳ мегардад. Вале ин талаботи қонун низ аз ҷониби шаҳрвандон риоя намешавад. Баъзе падару модарон фарзандони худро, ки ба ҳаёти мустақилона тайёр нестанд, бе розигии онҳо хонадор мекунанд. Дар ин маврид Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буд, ки мутаассифона, баъзе падару модарон ба фарзандони худ масъалаҳои ҳаётӣ ва нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд, ба ибораи Ибни Сино тадбири манзилро ёд надода, ҳамаи онро ба худи духтарон ҳавола мекунанд ва дар шуури онҳо ҳисси таҳаммулгароӣ ва сабурию пуртоқатиро ташаккул намедиҳанд. Дар натиҷа чунин духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳолатҳо, пеш аз ҳама, занону духтарон ва кӯдакони хурдсол зарари моддиву маънавӣ мебинанд.
 Чӣ бояд кард? Ба назари мо, пеш аз ҳама, маърифати оиладориро бояд баланд бардошт. Аҳли ҷомеа, бахусус пирони таҷрибаандӯхтаву рӯзгордида, аҳли зиё, омӯзгорон ва доираҳои дигари ҷомеа бо мақсади омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ корҳои тарбиявию таблиғотиро дар байни аҳолӣ бояд васеъ ба роҳ монанд. Волидон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи фарзандони худ, беш аз ҳарвақта, эътибори ҷиддӣ диҳанд, маърифати оиладорӣ, маданияту одоби муошират омӯзонанд, то онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.2015    №: 116    Мутолиа карданд: 888

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед