logo

ҳуқуқ

БАҲСИ ҲУҚУҚУ ОЗОДӢ ВА УҲДАДОРИҲОИ ҲАРБӢ

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки пайваста дар меҳвари гуфтугӯву баҳсҳо қарор мегирад. Вале мушоҳида мешавад, ки таҳлилу баррасиҳо атрофи ин мавзӯъ бештар дар ду мавсими даъват ба миён омада ва боз муддате фаромӯш мегардад.

Тавре хонандагон иттилоъ доранд, нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ дар мавсими гузашта (апрел - май) пеш аз муҳлат ба иҷро расид. Ин дар ҳолест, ки сифати беҳтар касб кардани ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат сол ба сол ба маҷрои нав ворид мешавад. Аммо бо вуҷуди пешрафтҳои чашмрас дар ин самт камбудиҳо низ ҳастанд. Ҳанӯз оид ба саркашии ҷавонон ва ё василаи маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, бесалоҳиятӣ дар кори комиссияҳои тиббӣ гузориш мешавад, ки масъулони Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» борҳо ба ин нукта ишора карда буданд.
Равзанаи бурунрафт аз ин мушкилро коршиносон дар он мебинанд, ки бояд робитаи доимии ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бо мактабу маориф, зерсохторҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин сурат талошҳо оид ба тарбияи маънавӣ ва ҳарбию ватанпарастии ҷавонон натиҷаовар хоҳад буд.
Дар ин робита, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, сифати таълиму тарбия, сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар ҳамоиши навбатие, ки таҳти унвони «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони мақомоти иҷроия,  ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо, рӯҳониён ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқи бандҳои алоҳидаи қарори шӯрои ноҳиявиро мавриди назар қарор доданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва шеваҳои ҷалби ҷавонон ба Артиши миллӣ мавзӯи меҳварӣ буд.
Ҷамшед Табаров, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, дар оғози ҷаласа изҳор дошт, ки Низомномаи «Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» бо қарори Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлия таҳти №1, аз 25 июни соли 2013, тасдиқ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолияти сиёсии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии ҷаласаҳои шӯро ба ҳисоб мераванд.
Раиси ноҳия хотирнишон кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф  шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардондани талаботи инсон равона шудааст.  Ҳамчунин Ҷамшед Табаров гуфт, ки таъмини риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надоранд, ки дар ҳеҷ як маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. «Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноиро пешбинӣ ва муайян кардаанд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро маҳдуд намояд».
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин ҳамоиш таъкид намуд, ки агар мо дар роҳи татбиқи босамари «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» муваффақ  шавем, ба пешрафтҳои чашмрасе ноил хоҳем шуд. Ин барнома, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 апрели соли 2009, таҳти № 253 тасдиқ шудааст, метавонад шуур ё маърифати ҳуқуқии аҳолиро тақвият бахшад. Маълум шуд, ки надоштани донишҳои умумии ҳуқуқӣ ва нокифоя будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ мушкилотеро дар пай доштааст. Чунончи, соли 2014 ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 252 муроҷиат ворид шудааст, ки ба гуфтаи Зариф Ализода 65 дарсади онҳо ба ин ниҳод дахл надорад. - Ин аз надонистани тартиби муроҷиат, ҳаллу баррасии мушкилоти пешомада аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо бисёр зарур аст, - гуфт Зариф Ализода.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи корҳои тайёрии ҳарбию ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ин робита, Обид Усмонов, комиссари ҳарбии ноҳия, гузориш дода, аз ҳамоҳангии сохторҳои марбута ҷиҳати омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар истиқбол кард.
Мудири маорифи ноҳия Раҳмоналӣ Табаров нахуст соатҳои барои таълими тайёрии ҳарбӣ ҷудошударо, ки дар ҳафта як соат аст, нокифоя хонд. Гуфт, ки ҳарчанд дар 18 мактаби ноҳия 18 нафар омӯзгори фанни тайёрии ҳарбӣ машғули таълиманд, аммо на ҳамаи онҳо тахассуси низомӣ доранд: «Аксарияти мактабҳо бо синфхонаҳои махсусгардондашуда ва аслиҳаи барои омӯзиш пешбинишуда таъмин нестанд ва борҳо ба вазоратҳои маориф ва илм, мудофиа муроҷиат кардем, аммо ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накард».
Зикр шуд, ки феълан дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ 13 ҳазору 171 нафар ҷавон ҳамчун афроди қобили хизмат (даъватшаванда) сабти ном шудаанд. Вале, бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва робитаи доимӣ бо ҷомеа, мактабу маориф иҷрои нақша ё ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия, ки беш аз 150 нафарро дар мавсими гузашта ташкил додааст, бе мушкилӣ муяссар намешавад.
Аз баҳсу баррасиҳо маълум гардид, ки ҳанӯз ба иллати паст будани масъулияти шаҳрвандӣ, эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ майли ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ камранг аст. Аз сӯи дигар, омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳоҷирати корӣ низ яке аз сабабҳое дониста мешаванд, ки ҷалби бомароми ҷавонон ба артишро халалдор месозанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2015    №: 117    Мутолиа карданд: 734

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед