logo

ҳуқуқ

ҚУДРАТИ МО ДАР ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГИСТ

Дар олам ҳеҷ миллат ва мамлакате нест, ки соҳибистиқлолиро нахоҳад. Зеро таърихи башарият собит намудааст, ки ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расондааст. Миллате ин ду чиз надошта бошад, шукуфоӣ ва хушбахтӣ дар мулки ӯ ҳаргиз пойдор набошад. Ана ҳамин муҳимияти истиқлолият ва ваҳдатро асоси некбахтии хеш пиндошта, миллатҳо барои ба даст оварданашон мубориза бурдаанду мебаранд.

Миллати сарбаланди мо низ дар дарозои таърих барои истиқлолияти хеш рӯзҳои сахтро аз сар гузарондааст. Ҳамин талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат будааст, ки забону фарҳанг ва урфу одати миллати тоҷик то ба имрӯз устувору пойбарҷост. Агар ба таърихи гузаштаи халқамон назар андозем, мебинем, ки ин миллати тамаддунофар дар баробари пешравию комёбиҳо, мушкилоти зиёдеро ҳам паси сар намудааст. Вале ин ҷо аз боби ваҳдат сухан мегӯем, ваҳдате, ки пас аз Истиқлолияти давлатӣ насиби миллати мо шудааст.
Имрӯз ҳар як шахси ватандӯст бояд он рӯзҳои пуртаҳлукаи ибтидои солҳои навадуми қарни гузаштаро пеши назар орад. Ба андеша равад, ки халқ ба чӣ ҳол гирифтор шуда буд. Охир, он рӯзҳо як идда мансабталошон манфиатҳои шахсии хешро аз манофеи давлату ҷамъият боло гузошта, мардумро ба мушкилиҳои сангин рӯ ба рӯ намуданд ва бадбахтиҳои афзунро ба сарашон оварданд. Онҳо наандешиданд, ки бе ризоияти миллату оромӣ дар кишвар ҳеҷ мурод ҳосил намегардад ва мансабу вазифае доимӣ намемонад. Бадхоҳони миллати сарбаланди мо низ аз бехирадиву кӯтоҳандешии иддае аз ҳамватанонамон истифода карда, ба оташе, ки аланга гирифта буд, равған рехтанд. Аён гардид, ки роҳбарони баъзе кишварҳо дар сар фикри сарҷамъӣ, оромиву осудагӣ ва истиқлолияти комили миллати тоҷикро надоштаанд.
Мутаассифона, он рӯзҳо, ки бар асари даргириҳои дохилии таҳмилшуда ҳазорҳо ҳамватанонамон қурбон шуданд, садҳо деҳу маҳалла, роҳу пул, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот валангор гардиданд, дар ҳаҷми миллиардҳо сомонӣ ба иқтисоди кишвар хисорот ворид гашт, ҳазорҳо мардуми бегуноҳ рӯ ба муҳоҷират оварданд, аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сухан камтар ба гӯш мерасид. Мардуми тамаддунофари мо, ки дар замир созанда ва сулҳофар аст, иштибоҳи худро ислоҳ кард, ба хулосае омад, ки танҳо ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад моро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ва садо баланд кард аз Сулҳу Ваҳдат.
Фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба он ҳама мушкилоти вазнини вақт, муҳит ва ҷомеа нигоҳ накарда, ба мавзеъҳои ноороми кишвар сафари корӣ анҷом медод ва гурӯҳҳои саркашро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дасти меҳру муҳаббат ба ҳам дароз кардан даъват менамуд. Сокинони кишвар Сарвари оқилу дурандеши худро бо дилгармии беандоза истиқбол мекарданд ва дар симои ӯ мунодии сулҳу ваҳдатро дармеёфтанд. Ҳамин муҳаббату боварии аксар ба Сарвари давлат буд, ки сулҳ бар ҷанг ғолиб омад ва мардум ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон дилгарм шуданд. Ҳамин мароми шикастнопазири роҳбарияти олии кишвар буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид. Мардуми кишвар ин сулҳи деринтизорро бо хушҳолӣ истиқбол гирифт ва ташаббускорони онро ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат шинохт. Оре, маҳз ҳамон фарзандони фарзона ва дилсӯзи миллат бо сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши ин мароми олӣ истода буданд, ки Ваҳдати сартосарӣ дар кишвар пойдор гардид. Хушбахтона, ҳоло ҳамватанон аз меваҳои лазизу ширини он ком ширин мекунанд ва рӯзгори осудаву ором доранд.
Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонд, нақбу пулҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Дили кас аз шодиву фараҳ лабрез мешавад, вақте хандаи тифлону модарон, мӯсафедону кампиракони хамидақоматро мебинад, аз забони ҷавонон сухани хуш аз ҳунару фарҳанг, варзишу ҷавонмардӣ мешунавад, сарсабзиву хуррамии диёри арҷмандро бо тамоми вуҷудаш эҳсос менамояд. Ин ҳама хушиҳо самараи ҳамон созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Наметавон имрӯз аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон бехабар монд, зеро миллати мо низ як ҷузъи ҷомеаи башарӣ мебошад ва агар оромию сулҳ пойдор аст, ба нафъи кишвари мост, дар акси ҳол таъсири манфиаш ба мо ҳам мерасад. Муноқишаҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман моро ҳушдор медиҳанд, ки беш аз ҳар вақти дигар худшиносу меҳанпараст бошем ва дар атрофи Сарвари дурандеши худ, ки моро ба ваҳдату худшиносӣ, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят менамояд, муттаҳид шавем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат ваҳдату якпорчагиамонро халалдор созанд. Мо, ҷавонон, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир ба манфиати миллат кор бигирем ва ба онҳое, ки дар иҷрои амали нек мушкиле доранд, дасти ёрӣ дароз бикунем. Охир, он ҳама дастовардҳои беназире, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ насибамон гардидаанд, маҳз самараи ваҳдати мардуми Тоҷикистон аст ва ҳамагон муваззафем, ки онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт ва нигаҳбонӣ бикунем.
Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд ва фирефтаи ваъдаҳои пучи хоҷагони дохиливу хориҷӣ нашуда, манфиати миллату Ватанро аз ҳама чиз боло гузоранд. Дар олам аз Ватан ва ваҳдату якпорчагии он дида, волотар ва арзишмандтар чизе нест. Ин аст, ки агар худро ҷавонмарди асил мепиндорему тоҷики ватандӯст, барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор барем. Зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Диловар КАРИМОВ,
 корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2015    №: 117    Мутолиа карданд: 572

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед