logo

маориф

ТАКМИЛИ ҶАҲОНИ МАЪНАВӢ

Илм ва дин ҳар ду қисмҳои таркибии арзишҳои маънавии инсон мебошанд. Илм ин соҳаи махсуси фаъолияти инсон аст, ки ба вуҷуд овардан ва аз ҷиҳати назарӣ мураттаб сохтани донишҳои айниро (объективиро) дар бораи воқеият вазифаи худ медонад. Илм яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист. Илм дар заминаи амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният пайдо шудааст ва ҳам дар амалия татбиқу исбот мешавад ва он шакли асосии дарки олам буда, қонуниятҳои айнии инкишофу равандҳои воқеиро кашф намуда, онҳоро дар мафҳумҳо, қонунҳо, хориқаҳо ва категорияҳо ифода мекунад.
Вазифаи илм вобаста ба мақсад ва талаботи ҷамъият моҳияти ашёву ҳодисаҳои объективии олам, робитаҳои қонунии равандҳои гуногунро ошкор намудан, инчунин роҳҳои истифодаи онҳоро тадқиқ кардан аст. Бе дарки ин робитаву қонунҳо фаъолияти мақсаднок ва амалии инсон ғайриимкон аст. Илм ҳамеша дар тараққиёт ва инкишоф аст, чунки худи воқеият ҳамеша тағйир ёфта, омӯзиши он поён нахоҳад ёфт.
Илмҳои муосир аз рӯи мавзӯъ ба илмҳои табиӣ - умумиинсонӣ (ё ҷамъиятӣ) ва илмҳои техникӣ ҷудо мешаванд. Қатъи назар аз соҳаи мустақил буданашон ин илмҳо бо ҳам алоқаи зич доранд. Илм ба маънои васеаш фаъолияти гуногуни серсоҳаи инсон аст. Вай ба тамоми ҷомеа хизмат мерасонад. Моҳият ва таъйиноти иҷтимоии илм дар вазифаҳои он зоҳир мегардад. Илм муҳимтарин воситаи тадқиқ ва муайян намудани мақсаду вазифа, мазмун ва самти асосии фаъолияти иҷтимоист.
Дин (калимаи арабӣ буда, маънои расму одатро дорад) яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Дин дар марҳилаи муайяни инкишофи ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст. Дин дар ҷамъияти ибтидоӣ (мувофиқи таълимоти илмӣ) дар натиҷаи оҷиз будани инсонҳо нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ ва тобеъ гаштани онҳо ба табиат ба вуҷуд омадааст. Фридрих Энгелс дар асараш «Анти - Дюринг» фармудааст: «..инъикоси хаёлии дар майнаи одамон пайдошудаи ҳамон қувваҳои берун аст, ки онҳо ба одамон дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ҳукмронӣ мекунанд - чунон инъикосест, ки дар он қувваҳои индунёӣ шакли қувваҳои ондунёиро мегиранд». Дар ҷараёни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда вобастагии инсон ва табиат торафт камтар мешавад. Дар баробари решаҳои иҷтимоӣ дин решаҳои гносеологӣ низ дорад.
Дар фаъолияти дониши абстрактии инсон имконияти дуршавии фикр аз воқеият ва табдили он ба мавҷудоти ҷудогонаву ҷудо дорад. Масалан, одамони давраи ибтидоӣ сабабҳои ҳақиқии касалиро надониста, онҳоро ба вуҷуди мустақил табдил дода, дар ягон образ таҷассум менамуданд. Ҳамин тавр, дурравӣ ва ҷудоии фикр аз воқеият муҳимтарин решаи гносеологии дин мебошад.
Дин зуҳуроти мураккаби ҷамъият аст. Унсури асосии ҳар як дин тасаввуроти динӣ мебошад. Амалиёти умумии ҳамагуна эътиқоди динӣ эътиқод ба мавҷудияти реалии фавқуттабиӣ аст.
Тасаввурот ва унсурҳои динӣ вобаста ба тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ моҳияти худро дигар мекунанд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳиб-истиқлол  дин ва эътиқодоти динӣ озод аст ва дин аз давлат ҷудо мебошад. Ифротгароӣ, хурофоти динӣ, хушунат ва хусумати динӣ, ки хавфи ҷудоиандозиро дар ҷомеаи озод эҷод мекунанд, зери назорати давлат ва Ҳукумат қарор гирифта, аҳли ҷомеа ба арҷгузорӣ ба гузаштагони худ, эҳтиром намудани якдигар қатъи назар аз мутааллиқ будан ба ин ё он дин ё мазҳаб даъват карда мешавад.
Ахлоқи динию мазҳабӣ ҳамчунин воситаи тарбияи инсон эътироф гардида, ба ягонагии инсон афзалият дода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати иди саиди Фитр фармудаанд: «Ислом моҳиятан чун як дини маърифату ахлоқ бо ҷавҳари адолат ва асли башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва оини покию накухоҳӣ барои беш аз як миллиарду сесад миллион пайравони худ сарчашмаи эътиқод, имон ва раҳоиш мебошад. …Воқеан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи фарогирии илму дониш яке аз шохаҳои асоситарини таълимоти ниёгони бузурги мо будааст».
Дар ҷомеаи мо омӯзиши илмҳои дунявӣ мақоми баландро соҳибанд ва рӯҳониён аз ин илмҳо бебаҳра нестанд. Омӯзиши илмҳои дунявӣ дар баробари илмҳои динӣ барои халқи тоҷик анъана ва меросӣ аст.
«Омӯзиши донишҳои дунявӣ баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни аҷдоди мо дар тӯли ду- се аср даҳҳо нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд. Яъне, ҷустуҷӯи илм ва танҳо бо ҳамин роҳ обод нигоҳ доштани рӯзгор дар ниҳоди миллати мо аз қадим сиришта шудааст». Ин суханони пурмуҳтавои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаи моро ҳушдор месозад, ки чун ҷадди гузаштаи худ ба андӯхтани донишу илм камари ҳиммат баста, бо ин восита имрӯзу ояндаи некуи хешро созмон диҳанд.
Дар асл рӯоварӣ ба илму донишҳои дунявӣ рӯзгори инсонҳоро рӯшан сохта, ҷомеаро ба пешрафт водор месозад. Ифротгароии динӣ пешрафти инсон ва ҷомеаро боз медорад. Мисоли рӯшан давраи асримиёнагии Аврупо ва замони эҳёи Ғарб шуда метавонад.
Пешрафти илми дунявӣ ва ҷавҳари аслии маърифати динӣ тавъам бо ҳам боиси такмили ҷаҳони маънавӣ ва некрӯзии инсонҳо мегардад.

Алидод Чароғабдолов,
омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2015    №: 117    Мутолиа карданд: 1057

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед