logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБ

Манзураи 34 - сола, ки дар ягон ҷо кор намекунад ва як кӯдаки ноболиғ низ дорад, бо қаллобӣ ном бароварда, бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ паси панҷара рафт.  Номбурда  аввалҳои моҳи феврали соли 2014 ба воситаи шиносаш Кимёхон Раҳимова ба бовари шаҳрванд М. Умарова даромада, бо дугонааш ба манзили истиқоматии ӯ рафтааст. Вай барои он ки зери шубҳа наафтад, дафтари ҳавлидории дугонаашро ба Умарова пешниҳод намуда, аз вай 150 грамму 600 миллиграмм тилловориро ба маблағи 6300 доллари ИМА гирифтааст. Ва ӯро бовар кунондааст, ки ба тиҷорат машғул шуда, як қисми маблағро баъди се  ё чор рӯз, боқимондаашро баъдтар бармегардонад. Дар ин хусус забонхат низ навиштааст.
Манзура Нурматова пурра ба бовари шаҳрванд М. Умарова даромада, тилловории аз ӯ тасарруфнамудаашро дар асоси Шартномаи гарави ашёи қиматнок таҳти № 09/ 09, аз 7 феврали соли 2014, дар ҶСК «Соҳибкорбонк» - и шаҳри Душанбе ба номи худ ба гарав гузошта, 3200 доллар гирифт. Номбурда маблағҳои бо роҳи фиреб  бадастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба М. Умарова ягон сент ҳам надод. Ба ибораи дигар, муҳлати ваъдаи додааш гузашта бошад ҳам, маблағи гирифтаашро барнагардонд.
Аз байн чанд рӯз сипарӣ шуд. Боз дар сар нақшаи  ба манзили истиқоматии М. Умарова рафтанро кашид. - Барои аз бовараш набаромадан ба ӯ 1500 доллар медиҳам,- ба  худ андешид. Манзура нақшаи тарҳрезикардаашро амалӣ намуд. Ба М. Умарова аз равнақ ёфтани тиҷораташ қисса кард.  Чунон моту маҳбут сохт, ки дувумӣ 80 грамм тилловориашро ба маблағи 3200 доллар бо ду дасти адаб бароварда дод. Бо ҳамин Манзураи қаллоб ғайб зад. Вай баъди гузашти моҳҳо ва муроҷиатҳои чандинкаратаи М. Умарова  700 доллари қарзро баргардонда, 7300 доллари боқимондаро то ҳол надодааст.
Беҳуда дили одаткарда балои ҷон нагуфтаанд. Манзура ин дафъа шиносаш Кимёхон Раҳимоваро ба доми фиреби худ даровард. Вай аз ӯ 110 грамм тилловориро ба маблағи 6000 доллар гирифта, дар асоси Шартномаи гарави ашёи қиматнок таҳти №15/ 23, аз 10 феврали соли 2014, дар ҶСК «Содиротбонк» ба гарав гузошт ва ба ивазаш 2900 доллар гирифт. Ин қаллоби гузаро баъди кашмакашҳои зиёд ба К. Раҳимова 1400 доллар дода, ваъда дод, ки дар наздиктарин муҳлат маблағи боқимондаро ҳам хоҳанд баргардонд. Манзура Нурматова бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ба шаҳрвандон М. Умарова ба маблағи 7300 доллари ИМА ва К. Раҳимова дар ҳаҷми 4600 доллар зарари моддии махсусан калон расонд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 2 декабри соли 2014 Манзура Нурматова барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ ба муҳлати  8 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ аз озодӣ маҳрум гардид.  Маҳкумшуда ба ҳукми суди марҳалаи якум розӣ нашуда, аз болои он шикояти кассатсионӣ овард. Вай шикояти худро чунин асоснок намудааст, ки суди марҳалаи якум дар вақти қабули санади судӣ вазъи молумулкии ӯ, холисӣ, беғаразӣ, инчунин дар таъминоташ доштани фарзанди ноболиғро ба назар нагирифтааст. Ба андешаи ӯ, суд мебоист ҳамаи ин ҳолатҳоро тибқи талаботи моддаи 71 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекард.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ, 22 январи соли 2015, парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Манзура Нурматова аз болои ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дод. Гунаҳгории маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноят бо далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуда, аз қабили аризаи ҷабрдидагон, забонхатҳои додаи ӯ ва дар содир кардани ҷиноят худашро  муҷрим ҳисобидан исботи пурраи худро ёфт.  Коллегияи судӣ ба ҳолатҳои дар боло овардашуда баҳои ҳуқуқӣ дода, ба ваҷҳи шикояти кассатсионӣ дар бораи он ки суди марҳалаи якум ӯро ғайриқонунӣ маҳкум намудааст ва ё ҳамаи ҳолатҳои воқеии корро ба назар нагирифтааст, беасос ҳисобид. Зеро аз протоколи пурсиши шоҳидон ва ҷабрдидагон бармеояд, ки то ҳол ӯ зарарҳои расондаашро барқарор накардааст. Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ ҳукми суди ноҳияи Фирдавсиро нисбат ба Манзура Нурматова бетағйир ва шикояти кассатсионии ӯро қонеъ накард.
«Тухмдузд шутурдузд мешавад» гуфтани мардум бесабаб нест. Зеро маҳз Манзура Нурматова барин занҳои қаллоб аз бовари мардуми сода суиистифода бурда, метавонанд на танҳо зарари моддӣ расонанд, балки фиреб диҳанду ба ин ё он амалҳои ифротгароӣ раҳнамун созанд. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ талаб карда мешавад.

Мухтор ИСОЕВ,
судяи суди шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2015    №: 118    Мутолиа карданд: 686

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед