logo

мулоқотҳо

ВАЗИРИ НЕРУИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Нимаи аввали рӯзи 8 – уми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиёнро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст”. Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти босамар доранд. Мубодилаи молу коло дар миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2014 зиёда аз 228 миллион долларро ташкил дод, ки ин баробар ба 4,3% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли равон аст.
Бо изҳори ризоият зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои бунёдии энергетика ва тавлиди зербинои нақлиётӣ – дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ - ҷанбаи муҳимтарини муносиботи ду кишвар мебошад.
Изҳори итминон гардид, ки бо истифода аз таҷрибаи муштараки сохтмони Неругоҳи обии «Сангтӯда - 2» ҷониби Эрон дар бунёди дигар неругоҳҳои Тоҷикистон ҳам саҳмгузор хоҳад буд.
Инчунин густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла равнақи сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хати барқии баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар, мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2015    №: 118    Мутолиа карданд: 598
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед