logo

порлумон

ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. ШАФФОФИЯТИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба тасвиб расид.

Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки лоиҳаи қонун ба мақсади ҷорӣ намудани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати онҳо таҳия шудааст.
Мавсуф зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ низоми дақиқи баҳисобгирӣ ва назорати сарфаи маблағҳои бебозгашт, ки ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз хориҷ ва дохили кишвар пешниҳод мегарданд, мавҷуд нест. Ин дар навбати худ хатарҳои муайянеро, аз қабили маблағгузории терроризм, қонеъгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, мудохила ба масъалаҳои дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат, ба бор меорад. Муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим овардани тартиби маблағгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар тавсияҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул - факт дарҷ гардидаанд. Тибқи лоиҳа пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ бевосита ва ё аз ҷониби онҳо ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар феҳрасти махсуси башардӯстона сабт мешаванд.
Назар ба гуфтаи ӯ, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур мегардад, ки қабл аз татбиқи барномаҳои аз ҷониби субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда мақоми бақайд-гирандаро  оид  ба  манбаи маблағгузории хориҷӣ огоҳ намоянд. Тартиби пешбурди феҳрасти махсуси ёрии башардӯстонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Масъалаи дигаре, ки бо қабули қонуни мазкур ҳалли худро меёбад, ин муайян намудани тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Зикр гардид, ки теъдоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба 2602 мерасад ва маблағҳои дастраскардаи онҳо дар соли 2014 –ум 4,5 миллиард сомонӣ мебошад. Вазири адлия иброз дошт, ки ба ин рақам шубҳа дорад, зеро баъзе маблағҳо дубора ҳисоб шудаанд. Аксари маблағҳое, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар манотиқи кӯҳистон сарф кардаанд, ба Хазинаи Оғохон мансубанд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид ба он дошт, ки аксари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои хайриявӣ ва рушди ҷомеа машғуланду ба камбизоатон ёрӣ мерасонанд. Набояд ба кори онҳо халал ворид шавад. Мақсади асосӣ ҳисоби маблағҳои воридшаванда ва сарфшаванда мебошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2015    №: 121    Мутолиа карданд: 2464

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед