logo

мулоқотҳо

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ОЛИҚАДР

Субҳи 10 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан вохӯрд.
Дар мулоқот масъалаи вобаста ба рушди мунтазами муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Питер Бурианро ба муносибати ба ин мақом таъйин шуданаш табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолияташ дар ин вазифа пурсамар хоҳад буд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гашт. Барномаи мазкур ҷалби 251 миллион евро маблағро барои татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон дар назар дорад.
Атрофи мавзӯъҳои ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупою Тоҷикистон ва даври навбатии Муколамаи дуҷониба доир ба ҳуқуқи инсон, ки 10 ва 11 июни соли равон дар Брюссел баргузор гардид, табодули назар шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳалли мушкилоти вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва доир ба вазъи номуътадили Афғонистон ва зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон сурат гирифт.

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири об ва неруи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон зоҳир гардид.
Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои халиҷии араб, аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири неру ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ гашт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қатар барои қабули даъвати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати расмии ин кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар шаҳри Душанбе арзи сипос кард.
Президенти кишвар ҳамчунин аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ «Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон» ва лоиҳаҳои шаҳраки Диёри Душанбе ва масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин тадбирҳоро “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ” номид.
Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро расонда, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид дошт.
Гуфтугӯйи судманд атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт.
Бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ҳамзамон зарурати ба имзо расондани чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулл, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис Бахро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ ёфтанд.
Тавре зикр гардид, расидан ба бисёр ҳадафҳои рушди устувор, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва барномаҳои дигари глобалӣ бармеоянд, ба татбиқи босамари лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бастагӣ дорад.
Кристиан Фрис Бах ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об ва пуштибонии кишвари мо аз ташаббусҳои созанда барои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба неруи барқ аз тариқи рушди энергетикаи сабз ва пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра тавассути ба роҳ мондани иқтисоди сабз баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои якҷоя ба ҳалли бисёр мушкилоти минтақаи  Осиёи Марказӣ ва ҳам кулли ҷаҳон мусоидати фаъол мекунад.
Ҳамчунин пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалӣ бо шиори амалиёти “Об барои рушди устувор” “бисёр бамаврид, зарурӣ ва қобили дастгирӣ” номида шуд.
Бо қаноат изҳор гардид, ки тавассути Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” конвенсияҳои обии барои Аврупо қабулнамудаи СММ хислати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳояш барои татбиқи силсилаи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Арзёбии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо”, “Арзёбии рушди инноватсионии Тоҷикистон”, лоиҳаи марбут ба таҳкими иқтидори соҳаи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва рушди бахши обу энергетика арзи сипос намуд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари робитаҳо дар оянда таъкид доштанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2015    №: 121    Мутолиа карданд: 904
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед