logo

порлумон

ДАР ХАТЛОН 24 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН ОБЁРӢ МЕШАВАД

Дар ҷаласаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба тасвиб расид.

Давлатзода Умед, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни баррасии лоиҳаи мазкур гуфт, ки он ҷиҳати қонеъ гардондани зарурати барқарорсозӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ барои обёрӣ намудани майдонҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳия шудааст. Мақсади асосӣ, пеш аз ҳама, бо об таъмин намудани майдонҳои кишт ва дар ин замина зиёд гардондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, инчунин амнияти озуқавории кишвар аст.
Назар ба гуфтаи мавсуф, аз тарафи ширкати «Ҷунтай Хатлон Синсилу» 15 ҳазор гектар ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди иттиҳоди аграрии «Водии заррин» 9 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад.
Ширкати «Ҷунтай Хатлон Синсилу» дар ноҳияи Данғара калонтарин корхонаи ресандагӣ бунёд менамояд, ки дар оянда барои коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои кор, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамояд.
Тибқи шартнома сармояи ширкати мазкур 200 миллион доллар буда, таъсиси 30 ҳазор ҷойи нави корро дар назар дорад, яъне ба ҳар гектар ду нафар рост меояд. Ширкат тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири истеҳсоли Чинро бо маблағи 4878 ҳазор доллар ба ҷумҳурӣ ворид намояд. Имтиёзҳои андозӣ вобаста ба воридоти таҷҳизот 1121 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар мавзеи Қарадум аз ҷониби ҶДММ «Водии заррин» ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 9 ҳазор гектар замин оғоз гардида, барои обёрӣ намудани он дастгоҳҳои обкашӣ ва қубурҳои пластикӣ зарур мебошанд. Ба истифода додани пойгоҳҳои обкашӣ имконияти истифодаи 4,5 ҳазор гектар барои кишти пахта, 2 ҳазор гектар шолӣ, 1 ҳазор гектар картошка ва 1,5 ҳазор гектар пиёзу сабзӣ ва дигар сабзавот фароҳам меорад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт. Сармояи хориҷии ин ширкат 100 миллион сомониро ташкил дода, таъсиси 18 ҳазор ҷойи кор дар назар аст.
Дар ин раванд ҷамъияти мазкур тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири чиниро ба маблағи 3250 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид намояд.
Дар маҷмӯъ, маблағи имтиёзи ҳар ду ширкат ба 1900 ҳазор доллар мерасад.
Зикр гардид, ки 15 ҳазор гектар замини вобасташуда дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав воқеъ гардида, ба муҳлати 49 сол ба ширкати мазкур дода шудаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар дафтари мазкур анҷом медиҳанд, ба тасвиб расид.
Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии кишвар, иброз дошт, ки мақсад аз бастани созишнома меъёрикунонии андоз нисбат ба кормандони маҳаллии ин дафтар дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар маълумоти мавҷуда дар дафтари ин созмон дар Тоҷикистон тақрибан 140 нафар корманди маҳаллӣ фаъолият дорад. Мавсуф зикр кард, ки дафтари созмон дар асоси созишномаи мазкур пардохти андозро аз даромади кормандони маҳаллӣ барои соли 2014 ва солҳои минбаъда тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи молияи дафтари созмон дар Тоҷикистон бояд андозро аз даромади солона барои соли 2014 ба маблағи 140 ҳазор евро супорад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2015    №: 122    Мутолиа карданд: 2704

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед