logo

номаҳо

Гилаамон на аз табиат, аз хоҷагони об аст

Ман сафари Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро ба навоҳии Рашт тариқи телевизор гаштаву баргашта тамошо кардам ва бори дигар ба фарзанди деҳқони асил будани ӯ боварӣ ҳосил намудам. Таъкиди он, ки барои шумо бобоёну падарон боғу роғ бунёд карданд ва ин анъанаро идома бахшидани шумо қарзи инсонист, ҳеҷ аз сарам дур намешавад.
Албатта, даъвати Сардори давлат танҳо барои як минтақа нею ба тамоми диёрамон, ба ҳамаи деҳқонон, ҳар як гӯшае, ки он ҷо мардум макони зист қарор додаанд, дахл дорад. Боғ, ки неъмати ҷаннат бошад, чаро бо бунёди он ҷиҳати ба ҷаннат шабеҳ гардонидани ватани азизамон камари ҳиммат набандем? Мутаассифона, зиёданд имрӯз шахсоне, ки дар тӯли умри хеш боғ он тараф истад, дар ҳавлию манзили зисташон барои комширинкунӣ чанд ниҳолеро ба воя нарасондаанду ба қадри заҳмати боғкорон намерасанд.
Ман низ ҳамсинну соли куҳансолтарин пирони зиндазамири диёри Раштонзамин  буда, 89 сол дорам. Аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баробари оғози иҷорадиҳии замин дар талу теппаи канори шаҳри Кӯлоб барои бунёди боғ камар бастам. Дар тӯли 13-14 сол дар масоҳати 6 гектар замин аз тамоми навъҳои дарахтони мевадиҳанда боғ бунёд кардам. Аммо се соли охир аз хунукназарии масъулини оби шаҳру минтақа заҳматамон барбод рафта истодааст. Зиёда аз 500 дарахт танҳо ба сабаби нарасидани об хушк шуд. Мо аз табиат гила надорем. Қусурашро бо заҳмат ислоҳ мекунем. Аммо, вақте ки маҳсули заҳматамон аз хунукназарии хоҷагони об сӯхта, нест мешавад, ҷигарамон пора-пора мегардад.

ИСЛОМ НАЗАРОВ,
раиси ассотсиатсияи
истифодабарандагони оби
деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 514

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед