logo

ҳуқуқ

ҲАМОИШИ СОЛГАРДИ ҚОНУНИ ТАҚДИРСОЗ ДАР КӮЛОБ

Бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 8-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ситора Шерзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Президенти мамлакат барои ҳалли мушкилоти мардуми кишвар тамоми чораҳоро андешида, басо дуруст қайд намуд: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем. Онҳоро бо дарназардошти имконияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».
Ҳамин тавр бо қабули қонуни мазкур «марафони» миёншикани таҳмилие, ки ба талаботи урфу одатҳои миллии мо ва ба дини мубини ислом созгор набуданд, тадриҷан аз байн бардошта мешаванд.
Аз қабули қонун то имрӯз дар вилоят 422669 маърака гузаронда шудааст, ки хароҷоти умумӣ 908 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин шумора 2429 маъракаи дастаҷамъонаи арӯсию домодӣ ва 40299 хатнасури хайриявӣ гузаронда шуд.
Назар ба гуфти мавсуф, аз теъдоди умумии маъракаҳои баргузоргардида аз тарафи комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва бахшҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 844 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ситора Шерзода дар интиҳои суханронӣ таъкид намуд, ки чорабинии мазкур барои боз ҳам мустаҳкам гардидани Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ, таҳким ёфтани сулҳу субот дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Раҳмонзода Абдуҷаббор, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат, як қонуни тақдирсоз барои ҳар сокини кишвар аст. Президенти кишвар пеш аз қабули қонун ду маротиба бо зиёиёни кишвар вохӯрд ва оид ба аҳамияти он назару андешаҳои худро баён намуд. Баъди ба тасвиб расидани қонун танзими воқеӣ дар мамлакат зери назорати қатъӣ гирифта шуд, дар сохтори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои махсусе, ки танзим ва назорати ин қонунро амалӣ менамоянд, таъсис ёфт. Ин имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат ба куллӣ тағйир ёбад.
Номбурда таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба проблемаҳои ифротгароӣ, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои тундгаро ҷалб намуд, ки аз як тараф мақом ва мартабаи дини мубини Исломро паст мезананд ва аз ҷониби дигар ҷавононро бо роҳи бад ҳидоят месозанд.
Мавсуф оид ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, зарурати  муоинаи тиббии пеш аз никоҳ ва фарҳанги либоспӯшӣ андешаҳои худро баён дошт.
Махсусан дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод теъдоди занҳо ва хоҳароне, ки бо либосҳои ғайр мегарданд, зиёд шудааст. Либоспӯшии занону духтарон ва модарони мо чӣ гуна буд, медонем.
Ба гурӯҳҳои тундгаро, махсусан ба «Давлати исломии Ироқу Шом» пайвастани ҷавононро гумроҳӣ ва хиёнат ба Ватан арзёбӣ кард.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки тӯли асрҳо расму анъанаҳо аз насл ба насл гузашта, дар зеҳни мардуми мо сахт нақш баста буданд ва ба танзим даровардани он кори осон набуд. Масалан, маъракаи домодию арӯсӣ то қабули қонун 9 маъракаи алоҳида бо даъвати беш аз ҳазор меҳмон бе дарназардошти чорабиниҳои маҳдуди оилавӣ сурат мегирифт. Баъди амалӣ гардидани қонун тӯйҳои домодию арӯсӣ дар доираи ду маъракаи асосӣ барои мардум муқаррар карда шуд. Гузарондани маъракаҳои боқимонда, аз қабили домодталбон ва арӯсбинон дар доираи оила муайян карда шуданд. Ё ин ки маъракаи хатнасур то давраи ба тасвиб расидани қонун барои омодагӣ ба ин маърака бо иштироки ҳамсоягон, хешу таборон, занон ба ҳар гуна шакл беш аз 5 маърака дар алоҳидагӣ барпо мешуданд ва дар онҳо садҳо нафар иштирок мекарданд. Баъзан маъракаҳо то як ҳафта идома меёфтанд, ки ба соҳибмаърака ҷуз сарборӣ ва вазнинӣ чизи дигареро намеовард. Аз байн рафтани чунин зуҳуроти номатлуб амри зарурӣ буд.
Бе шубҳа, қабули қонуни танзим, ки дар таърихи қонунгузории кишвар нахустин қонуни миллӣ мебошад, дар ҳаёти мардуми мо самараҳои хуб ба бор овард.
Назар ба гуфтаи ӯ, дастовардҳое, ки тайи ҳашт сол ноил гардидаем, баёнгари  баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва фаъолияти самарабахши ниҳодҳои соҳа маҳсуб меёбад.
Қонуни миллии кишвар, қабл аз ҳама шароити мусоиди баргузории маъракаҳои хурсандиро фароҳам оварда, дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арӯсӣ якбора ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд. Агар дар солҳои 2005- ум 52280, соли 2006- ум 57115 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2007- ум баъди қабули қонун 97562 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.
Дигар аз дастоварди назарраси қонуни миллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ тавонист манфиати мардуми кишварро то андозае ҳимоя намуда, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намояд. Дар ин замина давоми шаш соли амали қонун захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо кариб, ки аз байн рафт.
Сеюм дастоварди бузург қисми зиёди маъракаҳои нолозим аз байн рафта, қисмати дигар ба низоми муайян дароварда шуд. Маросимҳои оши саритахта, себегоҳина ба пуррагӣ аз байн рафт, вале  маросими ҳафт ва ҷумъагӣ ба таври назаррас маҳдуд шуда, ҳанӯз то зинаи ниҳоӣ нарасидааст. Маъракаҳои фотиҳатӯй, сандуқбарон, раисталбон ба пуррагӣ аз байн рафта, маъракаҳои домодталбон, фотиҳатӯй ба низоми муайян даромада истодааст. Маросимҳои сол, чил ва тӯйҳои домодию арӯсӣ  дар маҷмӯъ ба низом даромада бошанд ҳам, вале ҳанӯз баъзе аз зиёдаравиҳо аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ашхоси мансабдор ва қисме аз рӯҳониён ба назар мерасад.
Дастоварди дигари қонун сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум мебошад.
Амали қонун забҳи чороворо ба маротиб кам карда, ба нигоҳ доштани саршумори чорвои калон мусоидат намуд.
Қонун ба татбиқи кодекси андози ҷумҳурӣ дар масъалаи рӯёнидани андоз аз ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон мусоидат кард. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳафт соли охир маблағи андоз аз ин ашхос беш аз 17 миллиону 14 ҳазор сомонӣ мебошад.
Тайи панҷ соли охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани муҳтавои риояи сархати 6 моддаи 9 –и қонун ва эҳёи анъанаи неки ниёгон аз ҷониби Президенти мамлакат ташаббуси баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфт. Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шахсони хайрхоҳу саховатманд ва соҳибкорон ташкили тӯйҳои хайриявии дастаҷамъона  ба ҳукми анъана даромад. Татбиқи қонун ба афзоиши баргузории тӯйҳои хайриявӣ мусоидат намуда, ба эҳёи маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ замина гузошт. Танҳо дар шаш соли охир, хатнасури 70 ҳазору 20 нафар кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии 4139 ҷуфт ҷавон аз оилаҳои ниёзманд ба тариқи дастаҷамъӣ бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ барпо гардид. Бо шарофати ин иқдоми хайр, 78 ҳазору 298 оила аз хароҷоти баргузории маърака озод гардид 
Ба гуфтаи раиси кумита, дар давоми моҳҳои январ - апрели соли 2015 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, аз тарафи судҳо баррасӣ шудаанд. Маблағи ҷаримаҳо зиёда аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Таҳлил ва омӯзиши риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» водор менамояд, ки  дар баробари усулҳои қонунии танзими маърака ва анъанаҳо ба роҳ мондани тарбияи иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон, омӯзонидани ахлоқ, одоб ва моҳияти баргузории маъракаҳои оилавӣ ба ҷавонон ва оини дурусти сарфаю сариштакорӣ аз овони хурдӣ муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як оила зарур аст.
Сулаймон Давлатзода вобаста ба баргузории маъракаҳо таъкид кард, ки бо вуҷуди назорату санҷишҳо ва рейдҳои муштарак баъзе шаҳрвандон дидаю дониста талаботи қонуни мазкурро нодида мегиранд. Масалан, маъракаҳои азодорӣ то ҳол дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ бо хароҷоти зиёдатӣ гузашта истодааст. Рӯзи фавт дар хонаи ҳамсоя аз ҳисоби соҳиби майит барои мардум таом омода мекунанд. Забҳи чорво дар рӯзи идҳои суннатӣ манъ нест, вале агар шаҳрвандон имкон надошта бошанд, ин корро таҳти таъсири хурофот ва ё анъанаҳои динӣ мекунанд, ки ин ҳам ҷабр ва ҳам қонуншиканӣ мебошад. Дар шаҳри Исфара шахсони азодор дар идҳо ҳатман чорво забҳ мекунанд. Дар шаҳри Хуҷанд маъракаи домодталбон ва келинсалом бо хароҷоти зиёд, то ҳол одатан пинҳонӣ гузаронда мешавад. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшан маъракаи се бо додани таом доир карда мешаванд. Дар аксарияти ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, махсусан ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб  татбиқи қонун дар сатҳи зарурӣ қарор надорад, баргузории маъракаҳои азодории ҳафт, бист, шашмоҳагӣ бо додани таъом  гузаронда мешавад. Тақсимоти маблағ ба иштирокчиёни маросими ҷаноза пинҳонӣ сурат мегирад. Вақти баргузории маъракаҳои хурсандӣ, ки қонун онро се соат муайян намудааст, аксаран риоя намешавад. Дигар зиёдаравӣ он аст, ки агар се соат рӯзона таом диҳанд, пас се соати дигар шабҳангом базм доир менамоянд, ки ин хилофи қонун аст. Чунин ҳолатҳо аз мадди назари комиссияи доимӣ ва ваколатдорони соҳа дур мемонад. Мушкилоти ноҳияҳои минтақаи Рашт аз рӯи таҳлилҳо умумияти ягона доранд, ҳар бегоҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нишастҳо бо истеъмоли хӯрок бо номи «навбат» сурат мегирад, ки метавонад дар дохили он ҳамагуна маъракаҳои манъшуда бошад ва ин ба ҳукми анъана даромадааст. Масъулонро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала чораҳои муассир андешанд. 
Татбиқи қонуни миллӣ собит намуд, он дар ташаккули тафаккури сокинони мамлакат оид ба танзими расму оинҳо таъсири мусбат гузошт.
Расму оинҳои нолозим ва хурофотӣ тадриҷан аз байн рафта, сокинони кишвар имкон пайдо карданд, ба масоили оилавӣ, махсусан тарбияи дурусти фарзандон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Ҳамасола баргузор гардидани семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷамъ омадани намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таҳлил ва омӯзиши риояи қонуни мазкур, ба роҳ мондани тарбияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон, дуруст дарк намудани моҳияти танзими маърака ва ҷашну маросимҳо, ифшои камбудиву нуқсонҳо, мушкилот ва роҳҳои пешгирӣ ва ҳалли онҳо мусоидат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки як рӯз қабл иштирокдорони семинари ҷумҳуриявӣ - намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин ва шаҳри Душанбе ба ноҳияи Восеъ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ховалинг, намояндагони вилояти Суғд ба ноҳияи Муъминобод ва намояндагони ВМКБ ба ноҳияи Шӯрообод омада, ба фаъолияти комиссияҳои доимӣ шинос шуда, ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳои таърихӣ- кишваршиносиро тамошо карданд.
Хусусан, зиёрати оромгоҳи орифи шаҳир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осорхонаи эшон дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба иштирокдорони ҳамоиш таассуроти зиёд бахшид.

Мунаввари Сафар,«Ҷумҳурият»
Душанбе – Кӯлоб - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2015    №: 126    Мутолиа карданд: 781

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед