logo

иқтисод

ОҚСУКОН САРВАТИ БЕҲАМТОИ ТАБИИСТ

Оқсукон ягона кӯли шифобахши серистеъмол дар Тоҷикистон буда,  байни нишебиҳои пасткӯҳҳои Суффатоғ, Оқбел, Қизилҷар ва Шумтоғ дар баландии  450 м аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ аст. Он аз маркази ноҳияи Ашт – Шайдон дар фосилаи   22 км, обанбори Қайроққум 15 км ва аз шаҳри Хуҷанд 82 км ҷойгир мебошад. Оқсукон аз ғарб ба шарқ 13 км тӯл кашида, паҳниаш 0,5-2 км, умқаш 0,7 м ва майдони сатҳаш ба 8,8 километри мураббаъ мерасад. Соҳили ҷанубии кӯл байзашакл, шимолиаш аз халиҷҳои хурду нимҷазираҳо иборат аст.

Манбаъҳои обии кӯл чандон фаровон ва боэътимод нестанд. Ба он боронҳои баҳорӣ (200 - 250 мм) тавассути маҷрои рӯди муваққатии Даҳана, сойҳои паҳлуӣ, чашмаи шӯри сойи Қарокон ва чашмаҳои дигари доманакӯҳи Оқбел мерезанд. Дар фасли тобистон (ҳарорати миёна 290С) аксари чашмаҳои шӯроби доманакӯҳҳои атроф мехушканд. Аз ин рӯ, андозаи сатҳ, дарозӣ ва умқи кӯл вобаста ба фаслҳои сол тағйир меёбад.
Тобистон оби Оқсукон мехушкад ва сатҳи болои онро қабати тунуки намаки ошӣ (5 см) мепӯшад. Ин рӯйпӯш чун ҷилд лойқаи давоии дар зер хобидаро аз хушкшавии минбаъда ҳифз мекунад. Лойқаи шифобахш ба ҷисми зиндаи том шабоҳат дорад, ки худро мунтазам ба низоми муайян медарорад. Дар таркиби он 93 элементи химиявӣ, пайвастагиҳои ғайриорганикию органикӣ, микроорганизмҳо, бақияи вайроннашудаи организмҳои мурда, элементҳои радиоактивӣ, хлориди натрий, сулфати натрий, кислотаи селикат, пайвастагиҳои алюминий, оҳан, магний, бор, калий, фосфор, моддаҳои фаъоли биологӣ (ҳормонҳо, ферментҳо, витаминҳо, антибиотикҳо) ва дигар унсуру моддаҳо мавҷуданд. Шӯрии об дар зимистон  ба 10 - 15 ва тобистон ба 35 - 40 % мерасад. Қисми болои лойқаи зери кӯл бастаи сиёҳи равғанмонанд буда, қабати поёнаш ранги хокистарӣ дорад ва аз он бӯи гази гидрогенсулфид меояд. Лойқаи давоӣ асосан дар қисми шарқии кӯл воқеъ аст ва  ғафсии он ба 50 см мерасад. Асоси шифобахшандагии лойқаро ғайр аз элементу моддаҳои номбаршуда об, гилхок, таносуби омилҳои физикӣ, механикӣ, химиявӣ ва биологӣ ташкил медиҳанд. Лойқа  зери таъсири  ин омилҳо дарди баданро таскин мебахшад, омосу варамро мегардонад, унсуру моддаҳои нолозимро зимни мубодилаи моддаҳо тавассути системаи ихроҷ аз ҷисми бемор берун мекунад. Тавассути лойқаи ин кӯл бемориҳои аъзои такягоҳу ҳаракат, ҳозима, системаи асаб, пӯсту пай, баъзе бемориҳои занонаю  мардонаро метавон даво бахшид. Он хосияти косметикӣ низ дорад.
Аз соли 1930 инҷониб лойқаи шифобахши Оқсуконро дар табобатхонаҳои физиотерапевтии Хуҷанду Душанбе ва минбаъд дар бемористонҳои Чкалов, Конибодом, Хоҷа Обигарм, Ғӯлакандоз, Зумрад, осоишгоҳҳои канори обанбори Қайроққум, муассисаҳои табобатию осоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истифода мебаранд.  Алҳол боргоҳи табобатии дар назди Оқсукон  амалкунанда, метавонад дар як вақт 200 - 300 ҳоҷатманд ва бемористони Қамишқӯрғон (6 км дур аз кӯл) соле то 600 нафар беморро ба табобат фаро гирад. Аз лойқаи шифобахши Оқсукон сокинони на танҳо дохили кишвар, балки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия (шаҳрҳои Маскав, Тюмен, Иркутск) ва даҳҳо дигар шаҳру ноҳияҳои бурунмарзӣ бархӯрдор гардидаанд.
Мавзеи Оқсукон манбаи хуби ҷамъоварии намаки ошӣ (захираи он 1 млн. тонна  ҳисоб шудааст ва соле беш аз 35 ҳазор тонна намаки ошӣ истеҳсол мешавад) буда, ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва баъзе музофотҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро бо ин маводи ҳаётан муҳими зиндагӣ таъмин карда метавонад.

Мушкилоти экологӣ
Кӯли муъҷизаангези Оқсукон  алҳол ба ғамхорӣ ва ҳифз эҳтиёҷ дорад. Агар мушкилоташ сари вақт бартараф нашавад, он ба нестӣ рӯ меорад. Ва ҳазорон маризони имрӯзу фардо аз табобат маҳрум мемонанд. Омилҳои боиси паст шудани сифат ва миқдори лойқаи давоии Оқсуконро ба гурӯҳҳои табиӣ ва инсонсириштӣ тақсим намудаанд. Ба омилҳои табиӣ селу селобаҳои баҳорӣ, ки лойқа, сангреза, шағал ва дигар ҷинсҳои дағалро шуста аз ҷониби ғарб вориди кӯл месозанд, камшавии шӯробаи чашмаҳои доманакӯҳҳои Қизилҷару Оқбел, хушкидани оби болои лойқаи давоӣ дар фасли тобистон дохил мешаванд.
Ба таъсири  инсонсириштӣ (антропогенӣ) омилҳои зерин мансубанд: то ба кӯл нарасондани шӯробаи чашмаҳои мавзеи Қарокон (обро дар ҳавзҳо боздошта, мехушконанд ва аз он намаки ош мегиранд); афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва  вобаста ба он бештар гардидани талабот ва эҳтиёҷ ба муассисаҳои табобатӣ; ба кӯл барнагардондани лойқаи истифодашуда (мувофиқи қоида муассисаҳои табобатӣ масъуланд, лойқаи истифодашударо  ба кӯл баргардонанд, то он хосиятҳои шифоии худро дубора барқарор намояд), бо худ бурдани миқдори муайяни лойқаи давоӣ аз ҷониби шахсони барои муолиҷа омада (онҳо дар болои кӯл гашту гузор менамояд, ҳандақ мекобанд, худашонро зери намаку лойқа мегӯронанд).
Тақдири минбаъдаи ин дорухонаи табиӣ ба ихтиёру қудрати табиат гузошта шудааст, онро касе назорат намекунад ва баҳри беҳдошти вазъи ба амаломада тадбиреро рӯи даст намегирад.

Тадбир
 Лойқаи Оқсукон боигарии беҳамтост, вале он ба монанди дигар сарватҳои зеризаминӣ тамомшаванда мебошад. Аз ин лиҳоз, на танҳо ғами дардмандони имрӯзаро хӯрдану ҳоҷати онҳоро баровардан, балки шифоёбии наслҳои ояндаро дар мадди назар дошта, онро сарфакорона истифода бурда, аз ифлосшавӣ, коҳишёбӣ ва тороҷшавӣ наҷот додан талаби ақлу инсофи дурбинонаи инсонӣ  мебошад. Пас, чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама месазад, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба истифодаи оқилона ва ҳифзи ин сарвати табиию табобатии нодир барномаи махсуси мушаххас таҳия ва тадқиқоти амиқи муҳандисию гидрогеологӣ, экологию тиббӣ ва иқтисодию географӣ гузаронда шаванд. Шароите фароҳам овардан лозим аст, ки барқароршавии лойқаи шифокори кӯл аз миқдори солонаи истифодаи он кам набошад. Мо ҳамчун мутахассис тадбирҳои мушаххаси зеринро пешниҳод месозем:
 1. Тавре изҳор доштем, селу селобаҳо боиси ифлосӣ ва коҳишёбии захираи лойқаи кӯл мегарданд. Аз ин хотир, воридшавии селоба бояд тавассути тадбирҳои муҳандисию техникӣ коҳиш ёбад. Муҳим он аст, ки обҳои мавсимӣ ба осонӣ вориди кӯл,  ҷинсҳои дағалу нолозим боздошт ва таҳшин шаванд. Дар ин самт сохтмони селамбор, дарғот ва ҳавзҳо ба мақсад мувофиқ аст. 
2. Сабаби дигари бад шудани сифати лойқаи кӯл ин барвақт хушкидани оби болои он аст. Пас, барои муҳайё намудани ҷараёнҳои  муътадили физикӣ, химиявӣ ва биологӣ, аз дигар манбаъҳо об овардан лозим аст. Инро метавон бо ду роҳ амалӣ сохт: якум, кандани пармачоҳ ва ба сатҳ баровардани обҳои зеризаминӣ; дуюм, дар ҳолати фароҳам омадани шароити хуби молиявӣ (хоҳ дохилӣ ва хоҳ грантҳои хориҷӣ) аз обанбори Қайроққум овардани об тавассути лӯлаҳо ва обкашҳои барқӣ. Ғайр аз ин, дар яке аз гӯшаҳои кӯл  ё халиҷи он ҳавз - озмоишгоҳи мухтор сохта рафти пайдоишу ташаккул ва барқароршавии хосиятҳои давоии лойқаро ҳаматарафа омӯхтану  хулосаҳои асосноки илмӣ баровардан даркор аст.
3. Барои таъмини сифати лойқаи шифоии кӯл ғилзати (консентратсияи) муътадили он бояд маълум бошад.  Давра ба давра шӯробаҳои аз Қарокон барояндаро ба Оқсукон равон кардан, омӯзиши таъсири мусбату манфии рӯйпӯши намак аз ҷониби муҳаққиқон, пешниҳоди тавсияҳои асоснок  муфид буда метавонанд.
4. Бо мақсади пешгирии талафоти беасоси лойқаи давоии Оқсукон баргардондани лойқаҳои истифодашуда аз тарафи муассисаҳои табобатӣ, роҳандозии назорати қатъӣ ва  пешбинии ҷазоҳои маъмуриву ҷиноятӣ.
5. Бунёди минтақаи сабзи санитарию истироҳатӣ дар атрофи кӯли Оқсукон  ва парвариши дарахту гиёҳҳои ба шароити маҳал тобовар. Ин аз як ҷиҳат намуди атрофи кӯлро дилрабо гардонад, аз сӯи дигар, ҳарорати ҳаворо муътадил нигоҳ медорад.
Мувофиқи ҳисоби соли 1932 дар кӯл 100000  тонна лойқа мавҷуд буд ва  то соли 1950  30%-и он харҷ шуда, 62430 тоннааш  боқӣ  монд. Ин миқдор  мувофиқи ҳисобҳо барои 30 - 50 соли оянда мерасид. Муддати пешбинишуда сипарӣ шуд, вале ҳоло ҳам дар кӯл лойқа бисёр аст. Агар тахминан аз соли 1950 то ба имрӯз боз 30%- и лойқаи кӯл талаф ёфта бошад, боқимондаи он 41620 тоннаро ташкил медиҳад. Агар муассисаҳои тиббӣ соле 1000 тонна лойқа истифода баранд ва лойқаи истифодашударо мунтазам ба кӯл баргардонанд,  ғайр аз ин, ба рақами боло соле 100 тонна  лойқаи нав илова гардад, он гоҳ лойқаи кӯл барои 300 -  400 соли минбаъда хоҳад расид. Дар ҳама ҳол, тадқиқоти маҷмӯиро доир ба Оқсукон идома дода, истифодаи лойқаи онро дар асоси меъёр ва тартиби муайян, мувофиқи пешниҳоди илмӣ ба роҳ мондан аз рӯи адолат хоҳад буд.

Ҳусейн АБРОРОВ,
ходими калони илмии Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Ойбибӣ РИЗОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2015    №: 127    Мутолиа карданд: 854

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед