logo

ҳуқуқ

«ҚОБУСНОМА» ДАЪВАТ БА ХУДСОЗИСТ

Роҷеъ ба баъзе аз масъалаҳои шарҳи мавзӯи хирад дар «Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус

С. ЯТИМОВ

Муҳит, ки пойдевори он ҳастӣ ба шумор меравад, дар ташаккули инсон нақши муҳимеро иҷро менамояд.
Дар навбати худ ин масъалаест ниҳоят мураккаб, серпаҳлу ва беандоза баҳснок. Зимнан нақши худи инсон низ дар ин раванди ҳаётӣ бисёр муҳиму зарурӣ буда, омӯзишу таҳқиқ, тафаккури доимӣ ва табиатан шарҳу баёнро талаб менамояд.

Махсусан дар шароити имрӯз чунин ба назар мерасад, ки зарур аст бахши асосии масъулият ба уҳдаи худи инсон вогузор гардад. Зеро танҳо худи инсон аст, ки мавзӯъ ё субъекти амалу фаъолиятҳои хеш қарор мегирад.
Агар волидайн, ҷомеа дар доираи имконоти худ дар ташаккули унсурҳои ибтидоии шахсияти навҷавонон иқдомоти нахустинро анҷом диҳанд, он гоҳ худи навҷавон, афроде, ки ба синну соли муайяне расидаанд, уҳдадоранд мутобиқ ба ин иқдомот вокуниши муносиб нишон диҳанд.
Маълум аст, ки ҷомеаро наметавон ҳамчун муҷтамаи «ягонаи органикӣ» ба расмият шинохт. Дар ҳеҷ ҷомеае чунин набуда ва наметавонад бошад.
Воқеияти мавҷуд ба дӯши афрод бори сангини масъулиятро ҷиҳати ташаккули шахсият вогузор месозад, ки ҳадафи аслиаш дар чаҳорчӯби манфиатҳои иҷтимоӣ созгорӣ бо манфиатҳои хеш аст.
Дар ташаккули муносибати инсон бо ҳастӣ нақши марказиро хирад (шуур) мебозад. Он чи барои хирад муҳим ба назар мерасад, иборат аст аз истеъдоди фард дар шинохти сабабияту заминаҳои воқеият, интихоби арзишҳои матлуби он, таъмини робитаҳои умумии ашё ва бар асоси онҳо имкони натиҷагирии муносиб.
Маҳз ҳамин натиҷагирӣ аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ ҳамчун асосу бунёди ҳаракати вуҷудии инсон дар ҷомеа хизмат мекунад. Ташаккули хирад амали мураккаб, пурҷанба ва тадриҷист.
Бо назардошти ин, моҳияти аслии асари мутафаккири бузурги тоҷик Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» иборат аз он буда, ки мафҳумҳо ва дидгоҳҳои мавриди назарро мантиқан дуруст, асоснок, бо зикри далелҳои қонеъкунанда ва қобили мулоҳиза баён намуда, дар зимн хонандаро барои натиҷагирии муносиб омода созад. Моҳияти ин натиҷагириҳо бояд асосу пояи шаклгирии амалии хиради насли ҷавонро ташкил диҳад.
Дар иртибот бо ин комилан мантиқист, ки Кайковус яке аз бобҳои нахустини асари машҳури худ «Қобуснома» - ро «Дар шинохти ҳаққи падару модар» меномад ва китобро бо бахши «Дар ойини ҷавонмардпешагӣ» ба поён мерасонад.
Тавре маълум аст, китоб комилан ба масоили хирад ва хирадварзӣ бахшида шудааст. Вале дар бобҳои ёдшуда масъалаи мазкур ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ин мақола сухан роҷеъ ба ин масъала дар миён аст.

Доир ба эҳтироми падару модар
Равшан аст, ки дар адабиёти Шарқ масъалаи мавриди назар яке аз масъалаҳои калидии низоми арзишҳои маънавӣ ба шумор меравад ва маҳз бо ҳамин хосияташ аз адабиёти Ғарб фарқ мекунад. Эҳтироми волидайн аслан дар матну батни ҷаҳонбинӣ ва сиришти миллии мо нуҳуфтааст. Аз сӯи дигар чунин муносибатҳо ҷанбаи мутақобила, дуҷонибаро доро мебошанд. Аз ҷумла, зуҳури «Қобуснома» ва нашри он худ гувоҳи чунин муносибатест.
Кайковус равоншиноси бузургест. Ӯ чунин мешуморад, ки масъалаи аҳамияту ҷойгоҳи хирадро дар зеҳни мардум метавон ба осонӣ, аз роҳи талқину амалисозии ҷойгоҳи пураҳамияттарин эҳсоси наҷиби инсонӣ - эҳтироми падару модар ҷойгузин сохт, зеро «ҳар як неруе бо пазириши ашёе хушоянд аст, ки онро ба гунаи табиӣ мепазирад. Ҳамчунин равшан аст, ки ҳеҷ чизе хушояндтар аз ҳадафи имконпазир нест. Гузашта аз ин хушояндии ҳадафи имконпазир бештар аз хушояндии ҳадафест, ки эҳсос мешавад. Метавон гуфт, ки ин ҳарду ҳолат қобили қиёс нестанд». [Ибн Сина, Избранные философские произведения, М., 1980, стр. 222]
Қобили зикр аст, ки муносибат ба авлодон, наслҳои гузашта ва анъанаҳои хонаводагӣ барои муаллифи асар ниҳоят муҳтарам ва мавриди таваҷҷуҳи хосанд.
Маҳз ба хотири ин ӯ аксар вақт ба фарзанди худ аз бобову бобокалонҳояш ёдовар мешавад, то гузаштагони хешро бидонад, хонадони худро бишносад ва ба онҳо эҳтиром бигузорад ва аз расму усулҳои хонаводагӣ пайравӣ намояд. Бо ин мақсад мутафаккир бо такя ба онҳо саъю талош меварзад дар дастёбӣ ба ҳадафи худ боварибахшу қобили эътимод бошад.
Ӯ чунин менигорад: «пас ҳамедун аз муъҷиби хирад бар фарзанд воҷиб бувад падару модари худро ҳурмат доштан ва асли ӯ падару модар аст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома» Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.24]
Барои Кайковус инсон як ҷараёни доимӣ, ҳамешагист. Ӯ ба қонунмандии қотеияти меросии аҳкоми (қарорҳои) сохторӣ ва корбурдӣ рӯй меоварад. Мехоҳад дар вуҷуди фарзанди худ онтогенези ҷараёнҳоеро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд, ки аз ҷониби хусусиятҳо, рамзҳои генетикӣ (авлодӣ) ҳидоят мегарданд. Вай мехохад нишонаҳои бобояш Қобусро, аққалан нишонаҳои худро дар ниҳоди меросбараш пайдо намояд, тавре ки волидони муваффақу комёб чунин орзуеро нисбат ба фарзандон дар худ мепарваранд. Бо назардошти ин ӯ ба фарзандаш аслу насаби ҳақиқиашро бармешуморад. Ҳеҷ як аз гузаштагони хешро аз мадди назар дур намегузорад.
Чунин саъю талош дар саросари «Қобуснома» сурат гирифтааст. Ӯ мехоҳад, ки фарзандаш қабл аз ҳама, решаву асли хешро бишносад.
Воқеан ба гуфтаи К. Маркс «Решаву буни як инсон худи инсон маҳсуб мешавад». [Маркс К., Энгельс Ф., Соч., т. 1, с. 422]
Мутафаккири бузург ба саҳлангорӣ дар муносибати баъзе фарзандон ба волидайнашон пай бурда, ба хотири сари ақлу хирад овардани онҳо ёдовар мегардад, ки волидайн ҳамеша омодаанд барои фарзандон ҷони худ қурбон созанд. Хитобан ба онҳо чунин мегӯяд: «Аз баҳри ту худро ба шикастан супоранд». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома» Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.24]
Кайковус бо далелҳои мазкур қонеъ нашуда, дар таъсири ҳиссӣ - эстетикии қавонини мазҳабӣ такягоҳ меҷӯяд ва бо ин восита ба ҷойгоҳи волову қудсии падару модар ишорат мекунад.
Азбаски дар асрҳои миёна падидаҳои адабӣ ва динӣ бо ҳам алоқаи зич доштанд, муаллифи «Қобуснома» кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад то ин вазъиятро барои пурқувват намудани ҷанбаи тарбиятии асари худ истифода кунад.
Шубҳае нест, ки Кайковус табиатан инсони боимону диндор будааст. Вале ҳамзамон бо доштани дониши энсиклопедӣ роҷеъ ба самтҳои асосии бунёдии илмҳои замони худ, ба илми фалсафаи табиат тамоюл доштааст. Новобаста аз он ки ӯ муътақид буд, ки табиати мавҷуд сарчашмаи рӯҳонӣ дорад, саъю талош менамуд ягонагии табиати инсонро дар муносибат бо ин сарчашмаи рӯҳонӣ дарк намояд. Мутафаккири бузург талош менамояд, асли масъаларо, ки мавзӯъҳои душворбаён ба кумаки Олами боло (улвӣ) ниёз доранд, дар усулҳои дугонаи муносибати инсон бо падидаҳои фаротабиӣ ҷустуҷӯ намояд. Тавре ки Гегел хотирнишон мекунад: «иддаои дигар ба таври мустақим аз он чи гуфта шуд, бармеояд, яъне, инсон набояд он гуна ки ҳаст, бимонад, бояд мустақиман аз доираи табиии худ берун биёяд. Ин аст шинохти воқеии рӯҳ. Ин берун рафтан аз доираи табиии хеш, худии худ, ҳастии хеш, ба ин маънӣ аст, ки дугонагиро сабабгор мешавад. Ин дугонагӣ ба маънии берун рафтан аз ҳолати табиӣ, аз мустақимият аст». [Гегель В. Ф., Философии релегии, М., 77 стр. 2.]
 Аз ин рӯ, Кайковус бо такя ба таҷрибаи ҳазорсолаи халқи худ, ки ҳамзамон дар Қуръони шариф бозтоб гардидааст, бо истифода аз шеваҳои мантиқиву забонӣ чунин мегӯяд: «Ва камтар ҳурмати падару модар он аст, ки ҳарду воситаанд, миёни туву Офаридгори ту. Пас чандон ки Офаридгори худро ва худро ҳурмат дорӣ, воситаро низ дархӯри ӯ бибояд дошт». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома» Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.24]
Танзими муносибатҳои иҷтимоӣ танҳо дар самтҳои муносибу мусбат дар рӯи Замин бо истифодаи имконоти осмонӣ (улвӣ) барои андешманди бузург ба наҳви олӣ муяссар мегардад, ки барои ҳамзамонони мо ниҳоят ибратомӯз аст. Вуҷуди хиради инсониро Кайковус дар вобастагии мустақим аз шинохт ва амалишавии ҳуқуқи волидайн медонад: «Ва он фарзанд, ки модом хирад раҳнамуни ӯ бувад, аз ҳаққи меҳри падару модар холӣ набошад». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.24]
 Баъзе аз воқеиятҳои замони моро аз қабили нодида гирифтани талаботи волидайн, пушти по задани манфиати онҳо, тамоюли ҷавонон ба терроризм ва экстремизм, суханони зерини Кайковус тасдиқ мекунанд: «Ва Худои таоло ҳамегӯяд дар муҳками танзил (Қуръони карим)-и худ: «Худованд, Фиристодаи ӯ ва фармонравоёни худро итоат кунед». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.24]
Дар идомаи сухан, мутафаккири бузург ниҳоят дақиқона аз нигоҳи илмҳои ҳуқуқ ва мантиқ андешаи шахсии худро бар асоси аҳкоми қуръонӣ, он чи ки дар матни ҳуқуқу уҳдадориҳои инсонҳо ба манфиати онҳост, баён медорад: «Ин оятро тафсир кардаанд, аз чанд рӯй ва як ривоят чунин хондаанд, ки аввалуламр падару модаранд, ки ба ҳақиқат (калимаи) амр ба тозӣ (арабӣ) (ба маънии) дӯст ё кор аст. Ё фармон ва аввалуламр он бувад, ки ӯро ҳам фармон бувад ва ҳам тавон ва падару модарро тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубии омӯхтан» [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.25]
Кайковус сидқан хоҳони он аст, ки навҷавононро мавриди ризову итоати волидайн бубинад. Маҳз дар ҳамин нукта ӯ оромишу боландагии хонавода ва мутаносибан ҷомеаро мебинад. Замоне ки муносибатҳои хонаводагӣ ва дигар шаклҳои муносиботи иҷтимоӣ дар санадҳои мавҷуди ҳуқуқӣ - меъёрӣ ҳаллу фасли худро намеёфтанд, ӯ шеваҳои ҳалро дар навиштаҳои мазҳабӣ ва динӣ ҷустуҷӯ менамуд. Қуръон ва ҳадис барои Кайковус такягоҳи ягонае буданд, ки миёни муносиботи падарону фарзандон фазои софу покиза эҷод менамуданд. Ӯ тавонист чунин аҳкоми диниеро пайдо намояд, ки дар онҳо нақшу ҷойгоҳи волидайн болотар аз Паямбар гузошта шуда буд: «Ва дар хабар аст, ки Амирулмуъмининро (алайҳуссалом) бипурсиданд, ки ҳаққи падару модар бар фарзанд чист ва чанд аст? Гуфт:- ин адаби Худои Таоло дар ҳаққи падару модар, Паямбарро (алайҳуссалом) бинамуд, ки агар эшон рӯзгори Пайғомбар дарёфтандӣ, бар Пайғомбар воҷиб будӣ бартар аз хештан доштан ва ҳаққи эшон бишнохтанд ва дар эшон тавозуи кеҳтариву фарзандӣ намудан. Он гаҳ ин сухан заиф омадӣ, ки гуфт: «Ман бузургтарин фарзанди Одамам ва дар ин ифтихоре нест». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.25]
 Тамоми таърихи сиёсат ва бахши таркибии адабиёти он фарогири низоми ҳадафманди амалҳои тадриҷан иҷрошавандааст, яъне, ахлоқи фарди иҷтимоъ. Мавзӯи аслии чунин муносибот алоқаи бошууронаи инсон бо муҳити атроф аст. Ин муҳити мавриди назар, барои афрод нақши миёнаравро дар макони зист ҷиҳати эҷоди фазои муносиб мебозад. Фазое, ки дар домани он ҳар ширкаткунанда бояд зиндагии мураффаҳ, шоиста ва асосан қобили қабул дошта бошад. Ин ки Кайковус ба масъалаи муносибати фарзандон бо волидайн таваҷҷуҳи хос дорад ва дар ин замина тамоми зарфияти зеҳнӣ, илму дониши худро истифода мекунад. Аз дидгоҳи ӯ таъмини фаъолиятҳои ҳадафмандонаро, ки аз онҳо рафъи ниёзҳои муфиди иҷтимоӣ ба хотири хонавода ва мутаносибан ҷомеа вобаста аст, мустақиман ба масъалаи мазкур бастагӣ дорад. Кайковус ба зиндагӣ аз мавқеи орзуву омоли бузурги инсонӣ, оқилона нигоҳ мекунад. Дар осори ӯ хирад ҳамеша бар эҳсосот пешӣ мегирад. Дар «Қобуснома» қаҳрамони асосӣ худи нависанда аст. Ӯ аксар вақт бе кумаки дигарон, шахсан худ андешаҳояшро манзури хонандагон мегардонад. Ҷараёни иҷрои мавзӯи ҳунарӣ низ мутааллиқ ба худи муаллиф аст. Дар андешаҳои ӯ унсурҳои ошкори диалектикаи рӯҳи нависандаи бузург ба мушоҳида мерасад. Вобастагии тамоми мавҷудот аз ҳастӣ ва воқеияти айнӣ эҳсос мешавад. Дар ин маврид ӯ марди воқеӣ, далер, мавқеъшинос, равшанфикри якрӯя ва зеҳнгаро аст. Дар умқи ҷони нависанда хирад ва инсоният ба имону эътиқод афзалият доранд. Ӯ ба ин назар аст, ки ниҳоятан ин ду чиз (унсур) бояд ҳар касеро бохирад созанд. «Пас ҳаққи падару модарро агар аз рӯи дин нангарӣ, аз рӯи мардумиву хирад бингар» [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.25]
 Чунин тамоюле ҳамчун муҳимтарин бахши афкори иҷтимоӣ ва шуури иҷтимоии мардуми мо, чун хати сурх дар саросари адабиёти классикии тоҷик ҷилвагар аст ва онро ҳамчун унсури мутараққӣ, самтдиҳанда, пандомӯз, созанда ва охири охирон ҳамчун нишони миллӣ мунъакис менамояд. Маҳз чунин мавқеияте дар шароити тору зулмонии асримиёнагӣ ҷойгоҳеро барои эътимоди бениҳоят ба хиради инсонӣ ва умедро ба ҳамоҳангии ҷомеа ва рушди сарчашмаи эҷодии он ҷудо намуда буд. Мутафаккири бузург бо тамоми шеваҳои мавҷуд талош меварзид, то ҷавононро дар таъйини муносибаташон бо волидайн бар сари ақл биёрад. Бо такя ба сабабияти падидаҳо чунин қайд мекунад: «Бингар, ки падару модар минбати некиву асли парвариши нафси туанд» [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.25]
Шоистатарин шахс касе шинохта мешавад, ки қобил аст ба некӣ бо шеваи муносибу мутобиқ посух гӯяд: «Он кас, ки ӯ ҳақшиноси некии асл набошад ё ин ки фаръро ҳам ҳақ надонад ва бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бувад» [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.25]

Дар аҳамияти хирад
Дар адабиёти шарқии асримиёнагӣ ба маҳдудияти мавҷуд дар бахши расмкашӣ нигоҳ накарда, симои инсони ҳақиқӣ ба таври кофӣ ҷаззобу дилкаш тасвир шудааст. Дар он зебоии ҷисмонии зоҳирӣ, барҷастагӣ дошта, зимнан мувофиқи он ба сифату мундариҷаи худи шахсият низ таваҷчуҳи хос шудааст. Дар сохтори он ба қисмати дувумӣ афзалияту бартарии бузурге додаанд. Маҷмӯи комили дастуру таълимот дар иртибот бо инсони комил таҳияву коркард шудааст, ки дар маҷмӯъ ҷавобгӯи талаботи шахсияти ҳамаҷонибаанд. Минҷумла миёни ақидаҳои Кайковус дар комёбиву пешрафти инсон ба хирад мақоми асосии сабабият дода шудааст: «Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ҷоҳил аз мол зуд муфлис шавад ва моли хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан» [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.26]
Мутафаккири бузург зимни омӯзиши масъалаи хирад, баррасии худи мафҳуми хирад дар чаҳорчӯби мавзӯи баҳси он ба ҳадди камол даст меёбад.
Ба назар чунин мерасад, ки маҳз дар чунин мавқеиятҳое И. Кант ибораҳои «мувофиқати гуногуни ба ягонагӣ расондашуда» ва «салоҳдиди айнӣ»-ро ҳамчун арзёбии сатҳи шоистагӣ ва покизагӣ медонад.
Кайковус дар назариёташ роҷеъ ба хирад масъалаҳои муҳими мафҳуми хирадро ва ҷанбаи фалсафии сабабияту натиҷаро дар корбурди он ва натиҷаи мусбати иҷтимоии онро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Яке аз шароитҳои асосии амалишавии хирадро Кайковус дар зарурати фарогирии донишҳои зарурӣ, касбу ҳунар, ба даст овардани тахассусу малакаҳои лозим медонад. Талошҳои амалии корсозро дар ба даст овардани ин сифатҳо, мутафаккири бузург нишонаҳои хирад медонад: «Пас агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат. Чи гуфтаанд: адаб сурати хирад аст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.27]
Кайковус зимни тафсири мафҳуми «ҷавонмардӣ» низ хирадро аз ҳама афзал медонад: «Агарчи ин се чизро «Худои Таоло, кам касро додааст ва ҳар киро ин се чиз бувад, аз хосагони Худои Таоло бувад. Аз ин сегона яке хирад аст ва дувум ростӣ ва савум мардумӣ». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.243]
Зимни баёни андешаҳо Кайковус дониши айниву фарохи хеш ва мушоҳидаҳояшро дар бораи равони инсонҳо ба намоиш мегузорад. Ба ин маънӣ, ки танҳо шахсиятҳои комилан баду манфӣ вуҷуд надоранд. Андозагириҳои сифатҳои инсонӣ ҳамеша нисбианд. Дар ҷаҳон инсонеро наметавон пайдо намуд, ки даъвои доштани хираду воқеияту инсонияти комилро дошта бошад. Ин донишманди равони инсонӣ, ки қобил буд сифатҳо ва жарфои истеъдоди афродро дар заминаҳои эҳсосу отифа идроку андеша бозгушоӣ намояд, мутаассифона, чунин хотирнишон месозад: «Кундии олату тирагиву тундии роҳ асли ин дар бар бештари халқ бастааст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.243]
Новобаста аз маҳдудияти донишу таҷрубаи инсонӣ дар шароити асримиёнагӣ мутафаккири бузург чунин мешуморад, ки ташаккули хирад вобастаи ду омил - генетикӣ ва омили андӯхташуда бар асари муҳити иҷтимоӣ мебошад.
Омилҳои табиӣ, генетикиро муаллиф комилан дуруст омилҳои аслӣ, асосӣ ва таъинкунанда мешуморад: «Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст. Яке ақли ғаризист ва дувум ақли муктасиб (касбшуда, андӯхташуда) аст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.262]
Нависанда хоҳони он аст, ки хирад ғаризӣ бошад. Ӯ инро ҳадяи бузурги худовандӣ мешуморад: «Аммо ҳарчи муктасиб аст, битавон омӯхтан. Валекин ақли ғаризӣ ҳадяи Худоист, он ба таълим аз муаллим бинатавон омӯхт». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.263]
Вале зимнан ин андешманди бузург бовар дошт, ки хиради ғаризӣ метавонад ва бояд бо унсурҳое, ки ҷанбаи табиӣ, меросӣ надоранд, рушд дода шавад. Нависанда дар воқеияти ин андеша ба мавқеияти фардии шахсият нисбат ба фаъолияташ, ҳолати равониаш, ниёзҳои рӯзафзунаш ва тамоюлаш ба худсозиву камол такявар аст: «Агар чунон ки ақли ғаризии туро Худои Таоло дода буд, беҳу беҳ (хушбахтии туст). Ту дар ақли муктасибӣ ранҷ бар ва биёмӯз. Муктасибиро бо ғаризӣ ёр кун то бадеъуззамон бошӣ». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.263]
Дар ҳар сурат Кайковус бар ин назар аст, ки хиради инсонӣ аз материяе, ки зодаи табиат аст ва номи омми он Инсон аст, вобастагӣ дорад. Вай офаридгори воқеӣ аст. Чунин натиҷаро ӯ пойдору ҷуброннопазир мешуморад. Муаллиф бар нуқтаи заъфи муҳимтарин офаридаи табиат, хирад, ки сабабияташро низ вобастаи худи он мешуморад, андешида, зеҳнан ба рӯҳафтодагӣ майл мекунад: «Ва бидон, эй писар, ки ман дар ин китоб 44 боб дар ҳар маънӣ, ки донистам, чунон ки маро табъ даст дод, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе насиҳате кардам ва панде додам магар дар боби хирадмандӣ, ки ҳеҷ наметавонам гуфт, ки: «Ба ситам оқил бош, аз он ки оқилӣ ба ситам натавон омӯхт». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.262]
Дар ҷои дигар ӯ пӯсткандатар бо зуҳури афсурдагиву ноумедӣ мавқеияти худро баён месозад: «Пас агар ғаризӣ набуд, ману ту ҳеҷ натавонем кардан». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.263]
Яъне, барои муддати кӯтоҳе.
Дар чунин ҳолате шеваи адабии муаллифи «Қобуснома» мисли ин ки таъбироти «Авасто» - ро ба хотир меоварад, ки тамоюлашро ба он андеша замоне Е. Э. Бертельс дар муқаддимае, ки барои «Қобуснома» навишта буд, хотирнишон сохта буд: «Кош мо касоне мешудем, ки ин ҷаҳонро солиму дуруст мекардем». [Авасто, Душанбе, «Бухоро» 1914, стр. 105]
Вале ин хирадманди бузург фарзанди худро, ки дараҷаи хирадмандиаш ҷавобгӯи талаботи падар набуд, танҳо намегузорад. Ҳамчунин миллионҳо хонандагонашро, ки мафтуни «мактаби ахлоқии эстетикӣ» - и (Гертсен) нависанда гашта буданд ва дар ҳолати сардаргумиву номуайянӣ қарор доштанд, фаромӯш намекунад. Бо назардошти ҳамин вазъият дар идомаи андешаҳояш чунин пешниҳод менамояд. «Боре ба муктасибӣ тақсир макун, чандон ки тоқат бошад, биёмӯз, то агар аз ҷамъи хирадмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ, аз дугона яке бо ту ҳосил бошад беҳ, ки ҳеҷ набошад, ки гуфтаанд: - Чун падар набошад, ҳеҷ беҳтар аз шӯйи модар нест». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.263]
Кайковус аз зумраи он андешмандони бузурги замон буд, ки муътақид буд бо саъю талош метавон хостаҳоро дар амри ташаккул, рушд ва камоли шахсият ба даст овард. Дар таълимоти ахлоқии «Қобуснома» ҷойгоҳи марказиро «масъалаи бузург» - и ҳама давру замонҳо - донишандӯзӣ, ҳадафҳои нек пешорӯ гузоштан, ба пеш ҳаракат кардан ва худсозиву камолоти маънавӣ ташкил медиҳад. Мухотаби ӯ қабл аз ҳама ҷавонон, онҳое мебошанд, ки зиндагии шоиста бисозанд. Зимни баёни андешаҳои хеш дар атрофи хирад ва хирадварзӣ нависанда аз хонанда чунин даъват мекунад. «Акнун агар хоҳӣ, ки хирадманд бошӣ, ҳикмат омӯз, ки хирад ба ҳикмат тавон ёфт. Аристотолро пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист? Гуфт:- ҳама касро қувват аз ғизо бошад ва ғизои хирад ҳикмат аст». [Кайковус Унсурулмаолӣ, «Қобуснома», Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, Теҳрон 1366 … саҳ.263].

Хулоса
«Хирад» масъалаи ҷовидонӣ ва бекарони улуми фалсафӣ ва ҳастии инсонист. Шуур ҳамеша дар шинохти он талош намудааст. Ин ҷараёнест, ки то замоне, ки инсоният вуҷуд дорад, идома пайдо мекунад. Бархӯрди Кайковус ба ин масъала ҷаҳонбинии ӯ нисбат ба зуҳур, инкишофи сохторӣ ва корбурдии хирад дорои аҳамияти тарбиятӣ, амалӣ ва ҷиҳатдиҳанда мебошад. Ӯ дар симои хирад асосу бунёди ташаккули муносибати созандаи инсонро ба ҳастӣ, нақши фаъоли онро дар инкишофи иҷтимоӣ мебинад. Дар ҷаҳон формулҳои «ягонаву пок» ё ахлоқи бидуни ангеза, гузашта аз ин аъмоли омода барои шахсият мавҷуд нест. Асоси сохтор ва табиати шуурро сабабияти он ташкил медиҳад. Моҳияти аслии андешаи мутафаккири бузург маҳз дар ҳамин нукта хулоса мешавад. Инҳо зуҳуроти бонизоми мураккабе ҳастанд, ки Кайковус бо бадеияти хос, забони вижа баён медорад. Ӯ аксар ба шеваи адабие, ки метавон аз он ҳақиқати бадеӣ ном бурд, такявар аст. Бисёр нодир ба назар мерасад, ки дар шароити асримиёнагӣ адабиёт ба бунёди биокимиёии шаклгирии моҳияти мафҳумҳои фалсафӣ ва тақсимбандиҳои ҳунарии пажӯҳишҳои илмҳои мавриди назар руҷӯъ намояд. Кайковус ба хотири мустанад, муътамад сохтан ва ба умқи андешаҳо расидан ба чунин шевае даст мезанад. Ин шоири бузург ва насрнавис ҳанӯз дар замони худ дарк карда буд, ки «агар ҳадафи донишҳо омӯзандагӣ бошад, мутаносибан бояд асосманду ҳадафманд бошанд., агар онҳо ҳамзамон иддаои кашандагиву саргармкунандагӣ дошта бошанд, бояд бештар зебову ҳунармандона бошанд». [Кант и., Трактаты и письма, Москва., 1980, стр. 345]
Маҳз ба хотири ин Кайковус танҳо ба муҷассам сохтани воқеияти рӯзмарра маҳдуд намешавад. Омезиши тахайюли бадеӣ бо тамоюлоти илмии муаллифи «Қобуснома» яке аз сабабҳои дилчаспиву боэътимодии асари мазкур аст. Он чиро, ки Кант ҳамчун шарту талаби «ҳадафмандӣ» ва «машғулдорӣ» баъд аз чанд садсола пас аз ҳамватани бузурги мо пешниҳод намуд. Истифодаи бохирадонаи муҳтавои китобҳои муқаддас гуфтаҳо ва истифодаи эҷодкорона аз онҳо, ҳамчунин созгор намудани онҳо ба андешаи иҷтимоӣ, ниёзмандиҳои ҷомеа ба манфиати ҳастӣ ба суди мардум барои ҳамзамонони мо ниҳоят омӯзандааст. Зимни фароҳамсозии хирад муаллифи «Қобуснома» ба истеъдоди табиии инсон, ки бо заҳмату талоши ҳадафмандона рушду камол пайдо мекунад, такявар аст. Зеро ин талош ба худкомилсозиву худсозии шахсият нигаронида шудааст. Ин ки Кайковус дар оғози китоб ва дар боби панҷуми он «Дар шинохти падару модар» масъалаи асосии эҷодиёти хеш «хирадро» ба намоиш мегузорад, зимнан талош меварзад мавзӯи мазкурро аз даричаи азизтарин касони мо, мисли волидайн инъикос намояд. Ӯ мафҳумҳои Осмониро бо манофеи Заминӣ мутеъ месозад ва асарашро мардумӣ мегардонад. Ин шева «инъикоси зиндагии инсонӣ ҳамчун зиндагии мардумӣ» (Пушкин) яке аз сабабҳои ҷовидонагии «Қобуснома» ва номи муаллифи он гардидааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2015    №: 130    Мутолиа карданд: 1284

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед