logo

иҷтимоиёт

ЛАВҲИ МАЗОРИ ХОРУ ЗОР

ва ё ашки  надомати Фузайл Махсум

Зимни сафари хидматӣ ба шаҳраки ободу зебои Ғарм ба дафтари Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ворид шудем. Бо Расулҷон Қандови муҳандис ва Мирзодавлат Шарифови ҷомеашинос, ки кормандони ҳамин бунёданд, роҳ сӯи деҳаи Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод гирифтем, то рафти  корҳои сохтмони бинои мактаби нави замонавиро бинем.
Ҳангоми ба деҳаи Нимич наздик шудан Расулҷон ба боғи тарафи рост ишора карда гуфт, ки дар он ҷо лавҳи мазори аввалин муаллимон, ки соли 1929 Фузайл Махсум қатлашон кардааст, воқеъ гардидааст. Аз ронанда хоҳиш кардем, ки лаҳзае таваққуф намояд, то он ҷойро зиёрат намоем. Мазори қурбониён ҳоли зор дошт. Лавҳи мазор ба чашм намерасид ва ягон навиштаҷоте набуд. Сангу бетонҳои мақбара ва роҳрави он аз ҳам рехта, ҳолати ҳузнангез дошт. Аён буд, ки ин мавзеъ солҳо боз таъмиру тармим наёфта, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст.
Бо хоҳиши мо Расулҷону Мирзодавлат, ки зодагони ҳамин минтақаанд, аз таърихи ин мазор қисса карданд:
- Соли 1929 Фузайл Махсуму ҳамроҳони хуношомаш, ки шуморашон хеле зиёд буд, дар қатори чанд аскари сурх кормандони ҳукумати нав ва муаллимонро дар ҳамин ҷо ба муҳосира гирифтанд. Вақте босмачиён аз паси харсангҳо ва хамгашти  теппаҳо сарозер мешуданд, аскарон охирин тирҳои худро ба тарафи онҳо холӣ карданд.Чун дигар садои тир набаромад, ҳамлагарон ҳалқаи муҳосираро торафт танг карданд. Аскарон, ки ба ҷуз сарнайзаи камонҳо силоҳи дигар надоштанд, тоб наоварданд. Босмачиёни бераҳму шафқат баъзеро паронданду дигаронро аз дами шамшер гузаронданд. Фузайлу наздиконаш кормандони ҳукумату муаллимонро ончунон латукӯб карданд, ки садои ҷонхароши онҳо дили сангро ҳам об мекард, вале бар дили Фузайлу ҳамроҳонаш асаре надошт. Онҳо аввалин муаллимаҳо дар Ҳоит – Марямбӣ, Сайрамбӣ ва Оламбиро, ки дар мактабҳои нав ба фарзандони камбағал хату савод ва донишу маърифат меомӯзонданд, ба дор кашиданд…
Аз ҳамон рӯз ин ҷониб барои мардум ин як макони муқаддас буд. Ҳатто мактаббачагони навхат дар ҳамин ҷо савганд хӯрда, ба сафи пионерӣ қабул мешуданд. Даҳсолаҳо тамоми мардуми минтақа ин маконро муқаддас медонистанд ва хотираи аввалин омӯзгорони шӯравиро пос медоштанд.
Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз дар замони гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз, як гӯшаи таърихии ин сарзамин чунин ҳоли зор дошта бошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва барои таъмиру тармим ва ободу зебо кардани он чораҳои муассир андешад. Зеро ин макон рамзи муборизаи илму маърифат бар ҷаҳолату торикиву нодонист, ки дар ҳеҷ давру замон аҳамияти худро гум намекунад.
Беҳуда намегӯянд, ки таърих сабақомӯз аст.  Агар имрӯз ҳам ҷавонони гумроҳ илму маърифату дониш медоштанд, ҳеҷ гоҳ чун Фузайл Махсум ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил намегардиданд. Ва ё баъзе муллосуратон агар худотарс мебуданду илму маърифати динӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ худро авлиёву Маҳдии охирзамон эълон намекарданд. Ҳамчунин, муридону чанде аз мардуми нодон агар сари мӯе маърифат медоштанд ё аз моҳияти дини ислом хабардор мебуданд, ҳеҷ гоҳ оби таҳорати «пир» - и худро намеошомиданд ва духтарони ноболиғи худро ба ӯ туҳфа намекарданд.
Оре, аз таърих бояд сабақ гирифт ва гузаштаро набояд фаромӯш кард.
Бинобар ҳамин, аз аҳамият холӣ нест, ки лаҳзае ба таърихи барқароршавии ҳукумати шӯравӣ дар ин минтақа ва тақдири минбаъдаи Фузайл Махсум баргардем.
Баъди сарнагун шудани аморати Бухоро амир Олимхон моҳи сентябри соли 1920 ба Душанбе фирор кард. Моҳи феврали соли 1921 отрядҳои Армияи Сурх ба Душанбе дохил шуданд ва ҳокимияти болшевикон барпо гашт. Амир бо ғаниматҳои зиёде тавассути Кӯлоб ба хоки Афғонистон гузашт.
Дере нагузашта бо таъсири амир Олимхон дар водиҳои Қаротегину Дарвоз дастаҳои Фузайл Махсум, Эшони Султон ва Кӯри Шермат фаъол шудан гирифтанд. Бародарон эшони Султону  Сулаймон, ки ҳамчун олимони дин миёни мардум эътибори калон доштанд, ба доми Иброҳимбек афтида, ба муқобили Фузайл Махсум шӯриданд. Иброҳимбек ба онҳо дастур дод, ки Фузайл Махсум арзиши ҳукумати Ғарму Қаротегинро надорад, ӯро аз байн бардореду ин водиро ба итоати худ дароред.
Ҷосуси Фузайл суханони Иброҳимбекро бе каму кост ба ӯ расонд. Соли 1921 аскарони сурх дастаи 700 нафараи эшони Султону Сулаймонро торумор карданд ва он ду бародар ба деҳаи Ёзганд паноҳ бурданд. Фузайл Махсум, ки пайти мувофиқ мепоид, ба он деҳа ҳамла оварду бародарон Султону Сулаймонро ба дор овехт ва худро ҳокими Қаротегину Дарвоз эълон кард. Экспедитсияи ҳарбии Қаротегин 29 августи соли 1923 маркази Ғармро, ки қароргоҳи Фузайл Махсум буд, озод намуд. Фузайл, ки ба тарафи Балҷувон фирор дошт, дар даромадгоҳи он ба ҳамлаи ногаҳонии аскарони сурх дучор шуд ва сарбозонашро аз даст дод. Дар ин задухӯрд Фузайл ярадор шуда, бо бародараш Садод ба Афғонистон гурехт.
Дар замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар Қаротегин Фузайл Махсум бо иғвои Иброҳимбек ва амири гуреза боз аз Афғонистон ба Қаротегин лашкар кашид. Дастаи Фузайл Махсум аз 16 то 20 апрели соли 1929 манотиқи Қалъаи Хумб, Тавилдара, Қалъаи Лаби Об, Ҷиргатол ва Ҳоитро ишғол намуда, сохторҳои шӯравиро аз байн бурд.
Қатли муаллимаҳои Ҳоит, фаъолони ҳизби шӯравӣ, тороҷи моликияти давлатӣ ва қасди ишғоли маркази вилоят – Ғарм ҳукумати навро ба андешидани чораҳои фаврии ҷангӣ водор сохт. Баробари ба Ғарм ворид шудани дастаи Фузайл,неруҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба ин ҷо расиданд. Бояд гуфт, ки дар таърихи Ҳукумати Шӯравӣ аввалин маротиба тавассути пулемёт аз ҳавопаймоҳои низомӣ босмачиёнро торумор карданд. Парвози ҳавопаймову садои пулемётҳо дар дили сарбозони Фузайл чунон воҳимае андохт, ки онҳо гӯё ба замин часпида буданд. Ба худи Фузайл боз муяссар шуд, ки ба Афғонистон фирор намояд. Аз ҳаёти минбаъдаи ӯ дар тӯли даҳсолаҳо хабаре набуд, гумон мерафт, ки дар Афғонистон вафот кардааст.
Бо гузашти солҳо Додихудо Раҳматов, ки солҳои тӯлонӣ вазифаи котиби дуюми ҳизби коммунисти шаҳри Норакро ба уҳда дошт, дар як вохӯрӣ ба ин саҳифаи торики таърих рӯшанӣ андохт.
Қисса ин аст, ки соли 1984 гурӯҳи сайёҳони тоҷик зери роҳбарии Додихудо Раҳматов, раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба туризм, ба Ҳиндустон сафар мекунанд. Сайёҳон пас аз тамошои шаҳри Агра (Акбаробод) ба зиёрати Тоҷмаҳал мераванд. Ҳангоми тамошо ба онҳо мӯйсафеде, ки дар тан яктаҳи хушдӯхте дошт, наздик омада, салом медиҳад. Додихудову ҳамраҳонаш шод шуданд, ки дар ин кишвари афсонавӣ бо ҳамзабони худ вохӯрданд. Мӯйсафед пас аз пурсупоси маъмулӣ дар бораи Душанбеву Ғарм, Қалъаи Лабиоб мепурсад. Додихудо ба ӯ дар бораи ободиву рушди ин минтақа нақл карда, аз ҷумла мегӯяд, ки худ зодаи деҳаи Чилдараи Тавилдара мебошад.
Мӯйсафед бо шунидани номи Тавилдара таконе хӯрда, авзояш дигаргун мешавад. Саросема, вале бо садои пасту гиряолуд мепурсад, ки оё мардум Фузайл Махсумро дар ёд доранд? Дар бораи ӯ чиҳо медонанду чӣ мегӯянд?
Додихудо нақл кард, ки Фузайл Махсумро насли нав ҳамчун «босмачӣ ва душмани ҳукумати шӯравӣ» медонанд. Мо ҳам медонем, ки ӯ соли 1929 ба Афғонистон гурехт ва дигар дар борааш маълумоти аниқе нест.
-Чаро аз Фузайл Махсум ёд кардед? Магар ӯро мешинохтед?- мепурсанд Додихудову ҳамроҳонаш аз ҳамсуҳбаташон.
Мӯйсафед  сарашро хам карда, бо овози ларзон посух медиҳад:
-Фузайл Махсум зинда аст…
- Чӣ хел, дар куҷо?- якбора лол монда мепурсанд Додихудову ҳамроҳонаш.
-Дар Ҳиндустон, дар рӯ ба рӯятон Фузайл Махсум истодааст…
Баъд ӯ нақл мекунад, ки соли 50 - ум аз Афғонистон ба Ҳиндустон сафар кардаву ҳоло домуллоимоми яке аз масҷидҳои мусулмонии Агра мебошад. Дар масҷиде, ки эрониву афғон ва тоҷикон кам нестанд...
Додихудову ёронаш дар ҳолати бехудӣ қарор гирифтанд. Фузайл Махсумро дар рӯ ба рӯи худ дида, боварашон намеомад. Ҳатто чӣ кор карданашонро намедонистанд, вақте медиданд, ки аз чашмони Фузайл Махсум ашк мерезад, ашки надомат ва ҳасрату пушаймонӣ…
Оре, таърих сабақомӯз аст ва бояд дар замони пур аз тазоди имрӯза ҳар фарди ҷомеаи тозаистиқлоли мо аз саргузашти Фузайл Махсум барин ашхоси гумроҳ сабақ омӯзад, то аз ноогоҳӣ даст ба худсӯзӣ назанад. Ватандӯсту худшинос бошем, ба қадри озодиву ободӣ бирасем, ба осоиштагие, ки дорем арҷ гузорем  ва  агар  дар  ободонии ин сарзамини аҷдодӣ саҳме дошта наметавонем, монеа эҷод накунем ва зиён нарасонем. То ояндагон барои аъмоли нангинамон моро чун Фузайл Махсум душмани халқ нагӯянду тавҳинамон накунанд.

Мунаввари САФАР,
Душанбе - Рашт - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2015    №: 131    Мутолиа карданд: 1109

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед