logo

порлумон

ҚОНУНИ ШАҲРВАНДӢ БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасӣ  иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ, хусусан муносибатҳои ҷамъиятие, ки баъди қонуни амалкунандаи соли 1995 ба вуқӯъ омадаанд, равона шуда, принсипҳо, асосҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қайд кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, аз ҷониби давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Дар лоиҳа як қатор моддаҳо, меъёрҳо ва муқаррароти нав вобаста ба ниҳоди шаҳрвандӣ муайян шудаанд. Чунончи моддаҳои нав вобаста ба принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои демократӣ ва моҳияти танзими давлатии муносибатҳои шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ифода мекунанд.
Ба гуфтаи Зариф Ализода, шартҳои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, минбаъд донистани забони давлатӣ ва дар мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан талаб карда мешавад.
Ҳамзамон, тибқи моддаи 16-и лоиҳа доираи шахсоне, ки бидуни истиқомати доимӣ дар қаламрави Тоҷикистон ё ба тартиби имтиёзнок ҳуқуқи ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул шуданро доранд, васеъ карда шуда, чунин имтиёз дар мавриди дар ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон на камтар аз се сол қарор доштан ва нисбат ба гурезаҳо аз байн бурда шуданд.
Назар ба гуфтаи мавсуф, асосҳои аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон дақиқ муайян гардидаанд. Аз ҷумла, тибқи қисми 2 моддаи 23 меъёри аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрвандии давлати дигар, ки Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад, муқаррар шудааст. Барои пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои онҳо дар боби 4-и лоиҳа як қатор меъёрҳои нав вобаста ба тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ва қатъ гардидани он пешбинӣ шудааст.
Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, зикр кард, ки шаҳрвандӣ ин робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо давлат буда, маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад. Маҳз бо шаҳрвандӣ ҳуқуқҳои конститутсионӣ, ба монанди ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқ ба муроҷиат, манзил, ҳифзи саломатӣ ва ғайра алоқамандии бевосита дорад.
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз 10 қисм иборат буда, меъёрҳои он ягон муносибати иловагии ҷамъиятиро ба танзим намедароранд, татбиқи он ҳуқуқдиҳанда ва ё татбиқкунанда ба ҳисоб намеравад. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардондани он мебошад. Бо қабул шудани лоиҳаи қонуни мазкур номутобиқатӣ ва мухолифатҳои ҷойдоштаи қонун бартараф карда мешаванд.
Ибодзода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта гуфт, ки мақсади асосии конвенсия ба як қолаби низоми қатъӣ даровардани қоидаҳои фурӯшу ҷойивазнамоии навъҳои камёфту таҳдиди нобудшавӣ доштани олами набототу ҳайвонот, интиқоли онҳо тавассути сарҳадҳои гумрукии кишварҳо, инчунин таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад.
Ба гуфтаи мавсуф, айни замон ба ҳамкории кумита бо Академияи илмҳо таҳия ва нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ба он 269 намуди наботот ва 214 намуди ҳайвонот ворид шудааст. Узви комилҳуқуқи конвенсияи мазкур шудани Тоҷикистон имкон медиҳад, ки назорату ҳифзи намудҳои ҳайвоноту набототи ба Китоби сурх воридгашта пурзӯр гардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2015    №: 131    Мутолиа карданд: 3469

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед