logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва муҳоҷирони кории тоҷики муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия, 8 июли соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Бисёр шодам, ки имрӯз бароям имкони мулоқоти бевосита бо шумо фароҳам омадааст.
Ман дар сафарҳои хориҷии худ ҳамеша кӯшиш мекунам, ки имкон даст диҳад, бо ҳамватанонамон - намояндагони диаспораи тоҷик ва созмонҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатман дидорбинӣ карда, бо вазъи кору зиндагиашон аз забони худи онҳо огоҳӣ пайдо намоям ва дар доираи имкон барои рафъи мушкилоти онҳо кумак расонам.
Чунин мулоқоту дидорбиниҳои мо тайи солҳои охир дар шаҳрҳои Москва, Бишкек, Остона, Санъои Яман, Ню-Йорк, Пекин ва Сеул сурат гирифта буданд.
Қабл аз ҳама, мехоҳам тазаккур диҳам, ки мавҷуд будани диаспораи тоҷик ва кору фаъолияти зиёда аз шаш ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатиамонро дар Ҷумҳурии Бошқирдистон мо чун падидаи барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ менамоем. Зеро ин омил дар баробари ин, ки талаботи бозори меҳнати Бошқирдистон мебошад, инчунин, ба таҳкими муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва ин минтақаи ободи Федератсияи Русия мусоидат мекунад ва барои ташаккули гурӯҳи шарикони рушди кишвари мо аз ҳисоби соҳибкорону коршиносони бурунмарзии тоҷик шароити мусоид фароҳам меоварад.
Шумо имрӯз дар кишваре иқомат доред, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шарики табиӣ ва стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва дар минтақаи АвруОсиё давлати хеле фаъолу бонуфуз аст.
Густариши муносибатҳои гуногунарсаи дӯстиву ҳамкории судманд бо Русия ва субъектҳои алоҳидаи он дар стратегияи сиёсии хориҷии мо мақоми хос дорад. Аслан сатҳ ва муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русияро на танҳо омилҳои геосиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян мекунанд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия сол аз сол рушду тавсеа пайдо мекунанд. Алҳол Русия дар миёни дигар кишварҳои шарику ҳамкорамон аз лиҳози ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва миқёси тиҷорати дуҷониба бо кишвари мо ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Ҳамгироиву ҳамкории сохторҳои низомӣ, марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии миёни ду кишвар сол ба сол тақвият пайдо менамояд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф, илм ва фарҳангу иттилоот низ хеле назаррасанд. Тавсеаи минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаву гуногунарса, вусъат бахшидани ҳамкориҳои низомиву техникӣ бо ин давлати дӯсту бародар умдатарин ҳадафи Тоҷикистон мебошад ва минбаъд низ чунин хоҳад монд.
Дар мавзӯи равобити Тоҷикистону Русия сухан гуфта, наметавон мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро, ки аз ҷумлаи масъалаҳои бисёр муҳим мебошад, аз мадди назар дур кард.
Бинобар ин, яке аз мавзӯъҳое, ки дар мулоқотҳоям бо роҳбарони давлати Русия аз ибтидои солҳои дуҳазорум мавқеи доимӣ дорад, ин ҳаллу фасли масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар ин кишвари паҳновар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар самти ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоии муҳоҷирон, то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Бо дарки аҳамияти масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ибтидои соли 2011 Хадамоти муҳоҷират ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҳанӯз моҳи октябри соли 2004 барои ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия «Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба имзо расида буд. Ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ чандин қонун, инчунин фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа», «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015», «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» ба тасвиб расидаанд ва амалӣ шуда истодаанд.
Барои таҳкими ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бо дарназардошти аз ибтидои соли равон ҷиддан тағйир ёфтани қонунгузории муҳоҷирати Русия, мо дар сатҳи байниҳукуматӣ ба хотири ҳаллу фасли мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатиамон дар назди роҳбарони олии ин кишвари дӯст якчанд масъаларо гузоштем.
Сухан дар бораи чӣ меравад?
Аввалан, бо сабаби навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Русия мо ҳарчи зудтар ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон аз 16 октябри соли 2004 комилан зарур мешуморем.
Сониян, бо иштироки ҳар ду ҷониб бояд лоиҳаи се созишномаи нави байниҳукуматӣ – дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия, оид ба ҳамкориҳо дар самти суғуртаи иҷтимоиву нафақа ва доир ба муайян намудани мақоми намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҷонибҳо дар қаламрави якдигар – дар давоми соли равон таҳия ва баъдан ба имзо расонда шаванд. Мо ният дорем, ки ҳарчи зудтар ба бартараф кардани як қатор мушкилоти имрӯзаи муҳоҷирони меҳнатиамон дар қаламрави Русия муваффақ шавем.
Дар ин самт ман дароз кардани муҳлати фаъолияти корӣ тавассути патент ва будубош дар қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 1 то 3 сол бе хориҷ гардидан аз ҳудуди ин кишвар, муқаррар намудани муҳлати супурдани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент то 90 рӯз, зарурати легализатсияи (расмигардонии) муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар Русия ба ҳуқуқвайронкунии ночиз роҳ додаанд, аз ҷониби мақомоти расмии Русия эътироф намудани маълумотнома ва сертификати тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон пеш аз сафар ба кишвари будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад ва суръатбахшӣ ба раванди таҳияву имзои аҳдномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо нафақаро дар назар дорам.
Вале баъзе омилу сабабҳое вуҷуд доранд, ки аз худи мо вобастаанд. Қисми зиёди муҳоҷирон, вақте ба Русия азми сафар мекунанд, намедонанд, ки бо чӣ коре машғул хоҳанд шуд. Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, ягон ихтисос надоранд. Тахассуси зиёда аз 60 фоизи муҳоҷирон бо корҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба он машғуланд, мутобиқат намекунад. Бе донистани забони русӣ ва бе доштани ихтисоси муайян онҳо фақат ба дарёфти корҳое, ки барои анҷом доданашон донистани забон ва маҳорати касбӣ талаб карда намешавад, умед мебанданд.
Бинобар ин, дар аксари мавридҳо онҳо ба дасти корфармоёни хусусие, ки мехоҳанд қувваи кории арзон дошта бошанд, меафтанд. Корфармои хусусӣ манфиатдор нест, ки ҳуҷҷатҳои коргаронашро тибқи қонун ба расмият дарорад ва ба давлат андоз супорад. Ва ин сабаб мешавад, ки муҳоҷирон ба ҳолати одамоне меафтанд, ки дар ҳудуди кишвари дигар ба таври ғайриқонунӣ будубош доранд. Аз ҷониби дигар, сатҳи ғайрикофии маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии мо боис мегардад, ки бар хилофи қоидаву қонунҳои кишвари будубош рафтор мекунанд ва аз ҷониби кормандони мақомоти марбута аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Дар баробари дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор додани масъалаҳои муҳимми рӯзгори муҳоҷирони меҳнатии кишварамон, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон доир ба масъалаи дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин кардани қувваи кории мамлакат ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Иншооти азими стратегии ба нақша гирифташуда, ки ҳоло дар кишварамон сохтмони чанде аз онҳо оғоз гаштааст, ҳазорҳо нафар коргарону мутахассисонро метавонанд бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Ташкили курсҳои касбомӯзӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкорӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин фаъолият дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ҳоло дар марҳалаи татбиқи амалӣ қарор доранд ва ба паст кардани сатҳи шиддати муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанони мо ба хориҷ аз Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Ва рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандони кишвар торафт кам шуда истодааст.
Ҳамватанони гиромӣ!
Равобити мустақими Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни Русия, ки 67 субъекти Федератсияи Русияро дарбар мегирад, аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Бошқирдистон, солҳои охир дар ҳоли густариш аст. Дар ин замина даҳҳо созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Густариши ҳамкориро бо минтақаҳои Русия мо чун як унсури зарурии муносиботи умумии ду кишвар арзёбӣ менамоем. Умуман, метавон гуфт, ки ин раванд, яъне, вусъат ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ як падидаи глобалист. Дар ин асос ҷониби Тоҷикистон бисёр манфиатдор аст, ки бо минтақаҳои мутараққии Русия, монанди Ҷумҳурии Бошқирдистон ҳамкории судманд дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки Бошқирдистон яке аз аввалин минтақаҳои кишвари Русия буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо он созишномаи ҳамкорӣ баст ва ин иқдом дар солҳои сангину душвори 1990 – ум ба мо имкони то андозае нигоҳ доштани робитаҳои қаблии хоҷагиро фароҳам сохт.
Бошқирдистон солҳои охир дар рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву экологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва барои густариши ҳамкории судманд имкониятҳои зиёд дорад.
Имрӯз Тоҷикистону Бошқирдистон намунаҳои равобити судманде доранд, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд ё дар даврони соҳибистиқлолии кишвари мо миёни субъектҳои хоҷагидори соҳаҳои гуногун арзи вуҷуд кардаанд.
Мо ҷонибдор ҳастем, ки ин робитаҳо тавсеа ёбанд ва омодаем ин равандро дар сатҳи давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Барои ин, ба назари мо, дар навбати аввал, зарур аст, ки доираҳои соҳибкорӣ доир ба имконияту ниёзҳои якдигар бештар иттилоъ дошта бошанд. Соли гузашта раванди ҳамкории Тоҷикистону Бошқирдистон такони зарурӣ ёфт. Қабл аз ҳама, ин таконро сафари порсолаи Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Тоҷикистон дар доираи баргузории саммити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии мо дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва конфронси марбута дар шаҳри Москва дар моҳи октябри соли гузашта эҷод сохтанд.
Имрӯз байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон робитаҳои мустақим роҳандозӣ шуда, ҳар ду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис додаанд ва арсаҳои ҳамкориро муайян кардаанд. Саноати сӯзишворӣ ва истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мо медонем, ки Бошқирдистон дар ин соҳаҳо имконоти фарох дорад. Дар Тоҷикистон низ чунин имкониятҳо мавҷуданд. Итминон дорам, ки бо саъю кӯшиши якҷоя мо қодир хоҳем буд, ки шаклу роҳҳои густариши ҳамкориҳои судмандро пайдо ва амалӣ созем.
Соҳаи туризм ва сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои эҷодӣ ва варзишӣ низ аз самтҳои беҳтарини ҳамкорӣ буда метавонанд.
Дӯстони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Русия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият мекунанд. Ин ҷамъиятҳо, ки шумораи онҳо ҳоло ба 82 расидааст, дар баробари иҷрои корҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии муҳоҷирон, иқдомҳои фарҳангӣ низ анҷом медиҳанд ва дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ маъракаҳои шодмонӣ баргузор менамоянд.
Мувофиқи мақсад ва айни муддао хоҳад буд, ки агар ин ҷамъиятҳо ин корро на фақат дар рӯзҳои ид, балки дар дигар рӯзҳо низ ба роҳ монанд, то ин ки ҳамватанони мо аз фарҳангу тамаддуни хеш ҳамеша бохабар бошанд.
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалае, ки имрӯзҳо боиси ташвишу нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ҷалб намоям. Ин масъала фаъолияти беш аз пеш афзояндаи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломии Ироқ ва Шом» ва раванди хатарноки гароиши ҷавонон ба ин ҳаракати ифротиву тундгаро мебошад.
Ҷиноятҳои ваҳшатноки ин гурӯҳи террористӣ, ки бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолону занону кӯдакон содир намудааст, нишон медиҳад, ки ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ба ном «Давлати исломӣ» беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст. Зеро ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надоранд. Зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва оини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад. Хусусан, мазҳаби ҳанафии ислом, ки мо пайрави он мебошем ва таълимоти асосгузори он – Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби мо мебошад, инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва муросову мадоро даъват мекунад.
Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯзҳо дар сафҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ҳазорон нафар террористҳо тақрибан аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, аз кишварҳои пасошӯравӣ, меҷанганд. Шумораи зиёди гумоштагонро шаҳрвандони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо занҳо низ ҳастанд.
Ин ҳолат баёнгари маккориву ҳилагарии тарғиботчиён ва содагиву зудбоварии ҷавонон мебошад, ки ба доми фиреби террористҳо афтода, ба сӯи Ховари Миёна роҳ пеш гирифтаанд.
Ҳеҷ каси соҳибақл ва солимфикру огоҳ ба таҷовузкорон ҳамроҳ намешавад. Зеро аз ахбори ҳаррӯзае, ки тавассути шабакаҳои телевизионию интернетӣ пахш мегардад, аён аст, ки онҳое, ки худро «эҳёгари исломи ноб» меноманд, душмани исломанд ва дастҳояшон ба хуни мусулмонон ва одамони бегуноҳ оғушта аст.
Ин ҷинояткорон на танҳо бо зиндаҳо, балки бо мурдаҳо низ меҷанганд ва даст ба хароб кардани қабрҳо мезананд.
Осори таърихӣ ва муҷассамаҳои бостоние, ки асрҳои зиёд побарҷо буданд, ҳоло ба хок яксон гаштаанд. Ин ҷинояткорон қасд доранд муқаддасоти зиёди исломиро низ хароб кунанд.
Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои тундрав дар бештар маврид дар миёни муҳоҷирон ва онҳое, ки аз муҳити хонавода дур афтодаанд, таблиғоти худро ба роҳ мемонанд. Зеро ҷавононе, ки болои сарашон шахси маслиҳатдеҳ ва насиҳаткунанда надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои тундрав ва ифротгар шаванд.
Бинобар ин, шумо, ҳамдиёрони азиз, ки ба кишвари дӯсту бародари Русия бо нияти неки бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, хуб меҳнат кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед, ҳамдигарро дастгирӣ намоед. Онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро ёд диҳанд.
Шумо хуб медонед, ки мардуми тоҷик барои дигарон ҳамеша намунаи одамгариву инсондӯстӣ, ахлоқу одоби нек, сулҳу дӯстиву фарҳангпарварӣ ва заҳматдӯстиву ободгарӣ мебошад.
Дар аксари суҳбатҳое, ки мо бо роҳбарони сатҳҳои гуногуни Русия анҷом медиҳем, ин масъала махсус ва бо миннатдорӣ таъкид мегардад. Ҳар яки шумо бояд ин хислатҳои неку ҳамидаи миллиамонро минбаъд низ пос доред, ҷавононро аз роҳи бад гардонед, аз аҳли хонадон ва наздиконатон, ки дар Ватан ҳастанд, бехабар набошед ва доим дар фикри Ватан, ободии он, болоравии обрӯи тоҷикон бошед.
Дар хотир дошта бошед, ки мо низ ҳамеша дар фикри шумо ва интизори шумо ҳастем, тамоми саъю талоши худро ба он равона месозем, ки масъалаву мушкилоти кору фаъолият ва будубоши шуморо ҳаллу фасл кунем.
Ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, хушрӯзӣ, рӯзгори обод ва саодати зиндагӣ орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2015    №: 140    Мутолиа карданд: 495

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед