logo

сафарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ УФАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафту техникаи Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафту техникаи Уфаро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Профессори фахрӣ” қироат намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ректори Донишгоҳи нафту техникаи Уфа Рамил Бахтизин ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос намуда, ба онҳо комёбию дастовардҳои нав дар роҳи рушди илму таҳсилот ва таҳкими робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Русия таманно кард.
Сарвари давлат ҳамчунин ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.

8 июл, бегоҳии рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия вохӯрд.
Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсили илм мекунанд, иштирок намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии неруҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.  
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи худ бо Владимир Путин иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат бо Президенти Русия мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар буд. Аз ҷумла мужда расонда шуд, ки шумораи квотаҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик пас аз ин мулоқот афзун хоҳад гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст”. Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид: “... ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надоранд, зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва оини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори «ДИИШ» фаъол бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар ва бародарону хоҳарон бояд аз рафтору кирдор ва ҳолатҳои рӯҳию равонии наздикону пайвандон, ҳамсабақон ва ҳамкасбону ҳамкорони худ бохабар бошанд ва монеи гумроҳшавии нафарони ноогоҳ шаванд.
Бо қаноат зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Русия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва шумораи чунин иттиҳодияҳо ҳоло ба зиёда аз 80  расидааст.
Изҳори бовар карда шуд, ки тоҷикони муқими Русия тарғибгарони фаъоли арзишҳои волои таъриху фарҳанги бостонӣ ва ибратбахши миллати сарфарози тоҷик гардида, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни кишвари беканори Русия саҳми намоёну пурарзиш мегузоранд.
Пас аз анҷоми суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия маҳфили озоду самимии пурсишу посух доир гардид.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2015    №: 140    Мутолиа карданд: 10832
21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАШНИ АСАЛУ АНГУР

02.10.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 8 ҲАЗОРУ 617 КАС РАСИД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед