logo

мулоқотҳо

Сардори давлат эътимодномаи сафири Швейтсарияро қабул кард

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Ниллен эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Ниллен, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт, масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон «аз сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар» изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин кор ба саҳми Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баҳои баланд дод.
 Стефан Ниллен изҳор дошт, ки «Швейтсария бо Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб муносибатҳои хуби стратегӣ дорад ва мо ба таҳкиму тавсеаи чунин муносибатҳо манфиатдорем».
Кӯмакҳои Ҳукумати Швейтсария дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва дар гузарондани чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ намоён арзёбӣ гардид.
Ғайр аз ин аз фаъолияти созмони ғайриҳукуматии КАРИТАС ва Хазинаи Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро ҳамчунин «яке аз шарикони намоёни тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот хеле зиёд аст».
Стефан Ниллен аз омодашавии созишномаи дуҷониба дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукарата ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки Швейтсария  омода аст ҳамкориро бо сохторҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, аз ҷумла баҳри истеҳсоли муштараки маҳсулоти саноатӣ, густариш диҳад.
Иштироки доираҳои тиҷоратию соҳибкории Швейтсария ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои судбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар маънидод карда шуд.

х  х  х
Сафири фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Ниллен пас аз супурдани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-Дар мулоқот Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои байни Тоҷикистону Швейтсария дар сатҳи олӣ қарор доранд. Воқеан муносибатҳои ҳар ду кишвар хеле хубанд. Мо ба муносибатҳои стратегиамон ҳанӯз соли 1992, вақте ки Тоҷикистон ба узвияти гурӯҳи Швейтсариягӣ шомил гашту манфиатҳои онро гурӯҳи мазкур дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор муаррифӣ мекард, таҳкурсӣ гузошта будем.
Ман бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод кардам, ки ҳамкориро минбаъд дар самти сектори хусусӣ рушд ва тавсеа мебахшем. Ҳамчунин барои густариши ҳамкориҳо мо соли  равон имзои ду санади муҳим- Созишнома оид ба ҳифзи сармоягузорӣ ва Созишномаи канораҷӯӣ аз андозбандии дукаратаро ба нақша гирифтаем. Онҳо барои ҷалби сармояи Швейтсария ба Тоҷикистон заминаи воқеӣ мегузоранд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 607

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед