logo

мулоқотҳо

Емил Рапча: «Тоҷикистон шарики боэътимоди Руминия дар Осиёи Марказист»

21 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири  фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон Емил Рапча эътимоднома қабул намуд.
-Тоҷикистон ба барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Руминия, манфиатдор аст, - изҳор дошт Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбаташ бо сафири нави ин кишвар.
Емил Рапча дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дӯсти хуб ва шарики боэътимоди Руминия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст» ва афзуд, ки «Тоҷикистон дар Руминия чун пул ё пайвандгари Аврупо бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст».
Ба гуфти Емил Рапча, роҳбарият ва мардуми Руминия аз талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими амнияту субот ва эҷоди фазои хуби ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хуб огоҳӣ доранд ва нақши Тоҷикистонро дар ин минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.
Дар мулоқот оид ба имконоти рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Руминия гуфтугӯ сурат гирифт.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истеҳсоли мебел, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пашму пӯст, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра барои ҳар ду ҷониб судовар маънидод гардид.
Емил Рапча иттилоъ дод, ки ба наздикӣ вазири тиҷорати Руминия бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард ва ҳадафи онҳо ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ аст.
Дар робита ба ин таъкид гардид, ки вазифаи асосии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ эҷоди заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ мебошад.

Емил Рапча, Сафири фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо Ҷаноби Олӣ масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва муносибати Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ намудем.
Ман ба ҷаноби Президент гуфтам, ки дар Руминия саҳм ва талошҳои Ҷаноби Олӣ дар рушди минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин таъмини сулҳу субот ва рушди устувори минтақа ба хубӣ маълум аст. Зикр гардид, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Руминия дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва мо ҳамкориро дар ин минтақа тавсеа мебахшем.
Дар вохӯрӣ масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел, гидроэнергетика ва сафари мутақобилаи ҳайати вакилони бахши иқтисодиёти давлатҳо, ки моҳи июни соли равон дар назар аст, матраҳ шуд.
Мо дар Руминия ба талошҳо ва нақши Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои глобалӣ, ба мисли терроризм  ва экстремизм баҳои баланд медиҳем. Руминия ба сифати давлати узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дӯсти содиқи Тоҷикистон аст. Ман ба ҳайси сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон бо итминон мегӯям, ки мо барои рушди кишвари шумо ва таҳкими фаъолияти муштарак аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 472

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед