logo

ҳуқуқ

ОИЛАҲО ПОШ МЕХӮРАНД. ЧАРО?

Эълон гардидани Соли оила тақозо мекунад, ки ҳар як фарди худогоҳ иқдоми шоистаро амалӣ карда, дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб гузорад ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд бардорад.

Ба андешаи мо, имрӯз вақти он расидааст, ҳар як оилаи тоҷик, бахусус, оилаҳои ҷавон, бояд муқаррароти асосии Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро донанд. Аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва ба расмият даровардани аҳдномаи никоҳ дар мавриди молу амволи тарафҳо бояд тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ амалӣ гардад.
 Баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба баҳси молу амволи байни зану шавҳар, муроҷиати бевоситаи занон ба мақомоти судӣ бозгӯи он аст, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ тарафҳо ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Аҳдномаи ақди никоҳро, ки созишномаи зану шавҳар ба ҳисоб рафта, ҳуқуқи амволӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд, дар шакли хаттӣ ба расмиёт намедароранд. Ҳол он ки Аҳдномаи ақди никоҳ бояд дар нотариуси давлатӣ тасдиқ шавад. Риоя нагаштани ҳамин талабот боиси ба миён омадани баҳс дар мақомоти судӣ мегардад. Баъзе оилаҳо маҳз бо ҳамин сабаб пош мехӯранд.
 Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Бинобар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқиашон дар бораи оқибатҳои вазнини он фикр намекунанд. Намеандешанд, ки мубталои бемориҳои ирсӣ гардидани фарзандон на танҳо ба худи онҳо, балки ба ҷомеа низ таъсири манфӣ расонда, ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад.
 Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони донишҷӯ, 23 майи соли 2013, иброз дошт, ки: “Яке аз омилҳои муҳими ташкили ҷомеаи демократӣ бунёди оилаи солим мебошад. Ин раванд дар ҷомеаи мо бо низоми суннатӣ инкишоф меёбад. Вале дар баробари ин, нишонаҳои ба оиладорӣ тайёр набудани як қисми ҷавонон торафт бештар ба назар мерасанд, ки онҳо боиси афзудани вайроншавии оилаҳои ҷавон мегарданд”. Бармаҳал оиладор кардани ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, вобастагии молиявиашон аз падару модар, муҳоҷирати корӣ, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ низ дар ниҳояти кор ба пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонанд. Дар натиҷаи вайроншавии оилаҳо теъдоди зиёди кӯдакон бе назорат монда, даст ба амалҳои номатлуб мезананд.
 Агар дар соли 2011 дар миқёси кишвар 94 ҳазору 600 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2012-ум ба 97 ҳазору 800 нафар расидааст. Боиси нигаронист, ки соли 2011-ум 6800 ва соли 2012-ум 7600 ақди никоҳ бекор шудааст. Мусаллам аст, ки дар аксар мавридҳо зимни вайроншавии оилаҳо аз ҳама бештар занону духтарон ва кӯдакони хурдсол зарари моддиву маънавӣ мебинанд. Ин рақамҳо аз он далолат медиҳанд, ки то ҳол бархе аз ҷавонон ба ҳаёти мустақилона тайёр набуда, таваккалӣ хонадор мешаванд. Мақомоти судӣ ҳадалимкон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таҳкими минбаъдаи оила саҳми муносиб гузоранд.
 Қобили зикр аст, ки зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ судяҳоро бештар ноогоҳии тарафҳои баҳс аз Кодекси оила, бесаробон мондани фарзандон, вайроншавии оилаҳо нигарон намудааст. Ба андешаи мо, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти оила ва оиладорӣ, ин пеш аз ҳама, мусаллаҳ намудани ҷавонон бо донишҳои ҳуқуқӣ, дарки маънӣ ва моҳияти қонуну кодексҳо доир ба низоми оиладорӣ мебошад. Зеро аксари оилаҳои ҷавон имрӯз ҳалли мушкилоти оилавиашонро дар бекор намудани ақди никоҳ мебинанд, ки ин тамоман нодуруст аст.
 Барои ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардани оилаҳое, ки ба чунин мушкилот дучор шудаанд, дар баробари мақомоти дахлдор бояд падару модарон низ тадбирҳои муассир андешанд. Зеро ҳар қадар сатҳи маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқии ҷавонон баланд бошад, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза неруманд мегардад.

Мавҷиддин ҚОДИРОВ,
ёрдамчии раиси Суди
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2015    №: 144    Мутолиа карданд: 784

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед