logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Иди саиди фитр, шаҳри Душанбе, 16 июли соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид ва фардо Иди саиди Фитр фаро мерасад.
Фарорасии ин иди саидро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони дунё, табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешумор орзу менамоям.
Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти оини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон созам, ки яке аз сабабҳои асосии густариши мазҳаби анъанавии мардуми мусулмони мо – ҳанафия ва маҳбубияти пири он - Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит эҳтиром ва риояи асли таҳаммулгароӣ ва мадорову муросо дар муошират ва муносибат бо дигарон мебошад. Аз ин лиҳоз, дини мубини ислом барои мусулмонони кишвари мо ҳамчун сарчашмаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳонӣ азизу гиромӣ мебошад.
Дар ҳамин замина мардуми таҳаммулгарои мо моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитрро гиромӣ медоранд. Зеро ин суннатҳои муборак таҷассумкунандаи ваҳдати аҳли ҷомеа, тарғибгари дӯстиву рафоқат, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии одамон буда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ даъват мекунанд, ба ҳамдигар кумаку дастгирӣ карданро меомӯзонанд ва иҷрои ин суннатҳои писандидаро беҳтарин василаи ба даст овардани ризои Ҳақ мешуморанд.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, аз ҷумла, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, самимияту муҳаббат ба наздикону хешу таборон, муомилаи нек бо ҳамсояҳову атрофиён, риояи аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморон ва ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону камбизоатон ва пос доштани хотири гузаштагон мебошад.
Анҷом додани ин фазилатҳои хуби инсонӣ, бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон ва дар рӯзи Иди саиди Фитр ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки ин иқдоми хайр, албатта, боиси таҳсину дастгирист.
Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷом расонад, то ин ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз қабили хайру эҳсон ба ҳоҷатмандон, дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеаи мо гардад.
Ҳар як инсони савобҷӯ,  агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад.
Дигар аз фазилатҳои моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, одамонро даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботааммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд.
Дар ислом, бахусус, мазҳаби ҳанафия инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки зиндагии муносибу арзандаро пеша намояд, бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ умр ба сар барад, росткору ростқавл, ҳимматбаланду кушодадил бошад ва дар баробари ин, худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ доим саъю талош карда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.
Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъю талош намоянд, яъне, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кӯшиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона Ватани худро ободу пешрафта гардонанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр табрик мегӯям ва барояшон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2015    №: 145    Мутолиа карданд: 12478

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед