logo

ҳуқуқ

АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ СУДЯҲО САНАДҲОИ СУДӢ БЕКОР КАРДА МЕШАВАНД

Арзу шикояти шаҳрвандон ба Суди Олии мамлакат дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузошта 11 дарсад бештар шудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо зикри ин матлаб гуфт, ки ин ниҳод қабули шаҳрвандон ва расидагӣ ба арзу шикояти онҳоро дар меҳвари фаъолият қарор додааст. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли ҷорӣ раиси Суди Олӣ 272 нафар муроҷиаткунандаро ба ҳузур пазируфта, бо онҳо бевосита гуфтугӯ  доштаст.
Дар ин давра ба коллегияи гражданӣ 109 парванда ворид гардида, аз ин шумора 24 ҳалнома бекор шуд, ки роҳбарияти Суди Олӣ онро омили нигаронкунанда медонад. Зикр шуд, ки бемасъулиятии судяҳо, хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифа, вайрон кардани талаботи қонунгузории мурофиавӣ, риоя накардани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда аз омилҳои аслии бекор шудани санадҳои судӣ ба шумор мераванд.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар баробари корҳои анҷомдодашуда, ҳамчунин, таваҷҷуҳи хабарнигоронро ба камбудиҳои мавҷуда дар мақомоти судии кишвар ҷалб намуд. Ӯ сари вақт тайёр накардан ва ба тарафҳо насупурдани қарорҳои судӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳо, омода накардани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ниҳоят, бекор шудани теъдоди зиёди ҳалномаҳои судиро аз камбудиҳои умда дар фаъолияти мақомоти судии кишвар донист.
Раиси Суди Олӣ дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият» ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда посух дод, ки ба ин манзур қарор шудааст, бо иштироки доираи васеи судяҳо давраҳои таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои семинарӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Машғулиятҳои семинарӣ на танҳо дар Суди Олӣ, балки дар судҳои вилоятҳову шаҳри Душанбе низ ташкил  карда ва дар ҷараёни онҳо қарорҳои судие, ки бекор ва ё тағйир ёфтаанд, мавриди муҳокимаи умум қарор мегиранд.
- Дар поёни сол мо фаъолияти ҳар як судяро алоҳида таҳлил намуда, ба кори онҳо баҳои воқеӣ хоҳем дод, - гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2015    №: 146    Мутолиа карданд: 653
31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

ДАР ЧИН ДАВОИ КОРОНАВИРУСРО ДАРЁФТ НАМУДАНД

ДОНАЛД ТРАМП ВА СИ ҶИНПИН ЗИДДИ COVID - 19 ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРАНД

БУНДЕСТАГ ТАСМИМИ ИМА - РО ОИД БА НИГОҲ ДОШТАНИ ТАҲРИМОТ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ МАҲКУМ КАРД

СУКЕРБЕРГ ВА ГЕЙТС БАРОИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НАВ $25 МИЛЛИОН МАБЛАҒ МЕДИҲАНД

САРВАТМАНДТАРИН ЧИНӢ БАРОИ ТАҲИЯИ ВАКСИНА АЗ COVID-19 $14,4 МИЛЛИОН ДОД

Ҷаҳон дар як сатр

19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед