logo

ҳуқуқ

АЗ КОҲИШИ МУРОҶИАТ ТО АФЗОИШИ НИКОҲИ ҒАЙРИРАСМӢ

Муроҷиати шаҳрвандон ба Вазорати адлия дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Рустам Шоҳмурод, вазири адлия зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки сабаби кам шудани муроҷиати шаҳрвандон аз фаъолияти бенуқсони кормандони зерсохторҳои вазорат вобастагӣ дорад.

Теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида ба вазорат ва раёсатҳои адлия дар вилоятҳо 1194  ададро ташкил дода, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ шудаанд. Аммо дар самти истеҳсолоти иҷро кори иҷрочиёни суд муваффақона нест ва ин нуктаро вазири адлия таъкид дошт, ки бо назардошти 5037  ҳуҷҷати аз соли гузашта боқимонда, ки дар маҷмӯъ беш аз сӣ ҳазорро ташкил медиҳад, танҳо иҷрои 19120 адади он таъмин шудааст. Рустами Шоҳмурод мушкилӣ дар ин самтро  сарбории зиёди иҷрочиёни суд донист, ки ҳамагӣ 233 нафарро ташкил медиҳанд.
Зикр шуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ никоҳи ғайрирасмӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва кормандони вазорат ин тамоюлро дар пайи муроҷиати шаҳрвандон оид ба ситонидани алимент ошкор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ давлат танҳо аз ҳуқуқи онҳое ҳимоят мекунад, ки никоҳи расмӣ доранд, на мусулмонӣ.
Роҳбарияти Вазорати адлия ба пурсиши хабарнигорон оид ба амалкардҳои ахири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон посух доданд, ки дар фаъолияти ин ҳизб қаблан ҳам камбудиҳои зиёд ҷой доштанд, ки дар иртибот ба онҳо вазорат борҳо огоҳнома додааст. Зимнан, изҳороти Вазорати адлия дар робита ба муроҷиати ин ҳизб  ба Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои алоҳида, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (21 июли соли 2015, №146) ба нашр расида, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти он бо далелҳои қотеъ нишон дода шудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2015    №: 150    Мутолиа карданд: 614

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед